Шоҳномахонӣ дар барномаи “Фурӯғ” бо ҳузури профессор Вафо Элбоев

ШоҳномахонӣБарномаи телевизиони “Фурӯғ” бо иштироки Вафо Элбоев -устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории  Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, профессор, доктори илмҳои филологӣ дар шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар мавзуи “Шоҳнома” баргузор гардид.

Ровии барнома нависандаи маъруфи бачаҳо Азизи Азиз маҳфилро оғоз намуда ширкаткунандагонро бо меҳмони барнома ошно кард. Ва ба онҳо гуфт: чун моҳи августи соли 2025 аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” эълон ва роҳандозӣ шуд, шумо ҳамчун довталаби Озмун суолҳои мавриди таваҷҷуҳатонро ба мо пешниҳод намоед ва мо кӯшиш мекунем, ки ба шумо посухҳои  қонеъкунанда диҳем.

Азизи Азиз пеш аз оғози пурсишу посух ба бинандагони барнома ва бачаҳо тавсия намуд, ки дар дасти худ дафтар ва қалам гирифта, шоҳбайтҳои “Шоҳнома”-ро барои худ қайд кунанд.

Дар рафти барнома иштирокчиён мисраъҳои шеърӣ аз “Шоҳнома” қироат карда ва таҳлили онҳоро аз ҷониби меҳмони маҳфил шуниданд.

Ширкаткунандагон аз “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ порчаҳо хонданд ва устод Вафо Элбоев мисраъҳоро бо довталабон таҳлил намуда, луғатҳо ва тарзи дуруст хонданро ба онҳо омӯзонд. Инчунин ба бачаҳо таъкид намуд, ки онҳо бояд бо масъулияти баланд ва шавқу ҳаваси бештар омодагӣ бинанд, шоҳкори безавол- «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсиро амиқ мутолиа намоянд, порчаҳоро бо ифодаи равон ва дарки маъно аз ёд кунанд, то тавонанд дар озмун донишу истеъдоди худро нишон дода, ба фарҳангу адабиёти миллӣ арҷ гузоранд.

Бояд қайд кард, ки озмуни ҷумҳуриявии шоҳномахонӣ бо мақсади ҳифз ва эҳё намудани мероси гаронбаҳои адабиёти классикии тоҷик, арҷгузорӣ ба шахсият ва осори безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, таҳкими худшиносии миллӣ, боло бурдани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии ҷомеа, махсусан ҷавонону наврасон, рушди завқи китобхонӣ, тарғиби забони нобу шевои тоҷикӣ, тақвияти ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор аз таърих ва фарҳанг инчунин ошно намудани насли нав бо қаҳрамониву ахлоқи ҳамидаи қаҳрамонони «Шоҳнома» ба роҳ монда шудааст.

Ҳаводорон метавонанд ҷараёни маҳфили “Шоҳнома”-ро дар барномаи “Фурӯғ”- и телевизиони кӯдакон ва наврасони “Баҳористон” тамошо кунанд.

Ганҷина Ҷолаева,
бахши матубот
ва робита бо ҷомеа.