Андешаҳо перомуни тоҷику тоҷикшиносӣ дар Паёми имсолаи Пешвои миллат
«… Пас биёед, ҳама якҷову ҳадафмандона, бо рӯҳияи баланди миллӣ, шукргузориву ифтихор аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва фарҳангу тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон ва баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ кӯшишу талош намоем.»
Эмомалӣ РАҲМОН
(Аз Паём)
Тоҷику тоҷикшиносӣ яке аз самтҳои муҳим ва нақши калидиро дар шинохти таърих, фарҳанг, забон, давлатдорӣ ва тафаккури миллии тоҷикон мебозад. Он на танҳо ба шинохти ниёкон ва омӯзиши тамаддуни гузашта мо маҳдуд аст, балки дар шароити муосир ба масъалаҳои худшиносӣ, ҳифзи ҳувийят ва рушди устувори миллӣ иртиботи зич дорад.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ Паёмҳои ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати ҳуҷҷати барномавии сиёсиву иҷтимоӣ ва маънавӣ инъикос шуда, самтҳои асосии рушди давлат ва ҷомеаро муайян мекунанд. Аз ин ҷиҳат, Паёми Пешвои миллат аз 16 декабри соли 2025 дорои аҳамияти хоса буда, метавонад ҳамчун манбаи муосири таҳлили илмии тоҷикшиносӣ низ арзёбӣ гардад. Гарчанде дар Паём истилоҳи «Тоҷикшиносӣ» мустақим зикр нашудааст, вале муҳтавои он масъалаҳои калидии ин соҳаи илм – ҳувийяти миллӣ, давлатдорӣ, мероси таърихию фарҳангӣ, худогоҳии шаҳрвандӣ ва рисолати илмро фаро мегирад.
Тоҷик ҳамчун миллати соҳибдавлат ва субъекти таърих. Яке аз меҳварҳои асосии Паёми Пешвои миллат таваҷҷуҳ бар давлатдории миллӣ ва нақши тоҷикон ҳамчун миллати соҳибдавлат мебошад. Дар оғози Паёми имсола Пешвои миллат, аз ҷумла, фармуданд:
«Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид.»
Истифодаи мафҳуми «давлати соҳибистиқлоли тоҷикон» дорои аҳаммияти бузурги илмӣ дорад, ин ибора тоҷиконро ҳамчун субъекти мустақили таърих, на ҳамчун объекти равандҳои сиёсӣ муаррифӣ мекунад. Андешаҳо перомуни тоҷику тоҷикшиносӣ масъалаи муҳими давлатдории миллӣ ва идомаи анъанаҳои сиёсӣ, яке аз масъалаҳои баҳсталаб ва зарурӣ маҳсуб меёбад. Паём ин масъаларо дар сатҳи идеявӣ ва сиёсӣ таҳким мебахшад.
Мероси таърихию фарҳангӣ ҳамчун пояи ҳувияти миллӣ. Дар паёми Пешвои миллат ба масъалаи мероси таърихию фарҳангӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шуда, таъкид гардид:
– «Илова бар ин, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим зимни иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж баёнгари эътирофи ташаббусҳои Тоҷикистон мебошад.»
– «Соли равон бо саъю талошҳои кишвари мо 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд».
Ин иқтибосҳо намунаи он аст, ки мероси таърихии тоҷикон дорои аҳаммияти умумибашарӣ дорад. Омӯзиши Хуттали қадим, шаҳрсозӣ, ёдгориҳои меъморӣ ва фарҳанги моддӣ яке аз самтҳои муҳими тоҷикшиносӣ ба шумор меравад. Эътирофи байналмилалии чунин ёдгориҳо зарурати таҳқиқоти амиқи илмӣ ва муаррифии васеи онҳоро боз ҳам бештар мекунад.
Тоҷик ва ҷойгоҳаш дар ҷаҳони муосир. Дар Паём зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари фаъол дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ нақши муҳим дорад. Аз ҷумла, Пешвои миллат ибрози андеша намуданд:
– «Пазируфтани ин ташаббусҳо ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ ба ҳисоб меравад.
Ин нукта нишон медиҳад, ки миллати тоҷик имрӯз танҳо вориси тамаддуни куҳан нест, балки иштирокчии фаъоли равандҳои ҷаҳонӣ мебошад. Барои тоҷикшиносӣ ин маънои гузариш аз таҳқиқоти маҳдуди таърихӣ ба омӯзиши нақши муосири тоҷикон дар тамаддуни ҷаҳониро дорад.
Илм, дониш ва рисолати тоҷикшиносӣ. Пешвои миллат дар Паёми имсола ба рушди дониш ва сармояи инсонӣ низ аҳамияти махсус дода, аз ҷумла, баён намуданд:
– «Дар ин раванд, ба идоракунии самараноки корхонаҳои давлатӣ, рушди иқтисоди «сабз» ва «даврагӣ», гузариш ба модели иқтисодии ба донишу навоварӣ асосёфта, рушди сармояи инсонӣ ва пешгирӣ кардани таъсири тағйирёбии иқлим бояд эътибори аввалиндараҷа дода шавад».
Ин нукта рисолати нави тоҷикшиносиро муайян намуда, дар шароите, ки давлат ба дониш ва навоварӣ такя мекунад, илмҳои гуманитарӣ, алалхусус самти тоҷикшиносӣ, бояд дар ташаккули ҷаҳонбинии миллӣ, худогоҳии таърихӣ ва фарҳангии ҷомеа саҳми муассир гузорад.
Маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги шаҳрвандӣ. Дар Паём, инчунин ба масъалаи маърифати ҳуқуқӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир шудааст:
– «Қатънома дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” қабул гардид».
Маърифати ҳуқуқӣ ҷузъи муҳими фарҳанги миллӣ буда, омӯзиши анъанаҳои ҳуқуқӣ, давлатдории таърихии тоҷикон ва фарҳанги қонунпазирӣ метавонад ба яке аз самтҳои нави таҳқиқоти тоҷикшиносӣ табдил ёбад.
Паёми Пешвои миллат ҳамчун манбаи илмии тоҷикшиносӣ. Омӯзиш ва таҳлили муҳтавои Паём нишон медиҳад, ки он метавонад ҳамчун манбаи муҳими илмӣ барои тоҷику тоҷикшиносӣ истифода шавад. Паёми Пешвои миллат, заминаи идеявии худшиносии миллиро таҳким мебахшад; ҷойгоҳи таърихию фарҳангии тоҷиконро ҷаҳонӣ месозад; ба рисолати илм ва зиёиён дар рушди ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир намуда, тоҷикшиносиро ба илми муосир ва ояндабин табдил медиҳад.
Ҳамин тавр, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16 декабри соли 2025, гарчанде ба таври мустақим истилоҳи «Тоҷикшиносӣ»-ро дар бар гирифта набошад ҳам, дар асл бо муҳтавои худ тамоми самтҳои асосии онро фаро гирифтааст. Дар Паём тоҷик ҳамчун миллати соҳибдавлат, дорои мероси умумибашарӣ ва нерӯи созандаи ҷаҳони муосир муаррифӣ мегардад.
Ба ин маънӣ, Паёми Пешвои миллат метавонад яке аз муҳимтарин сарчашмаҳои таҳлили тоҷику тоҷикшиносӣ дар давраи соҳибистиқлолӣ арзёбӣ шуда, барои таҳқиқоти минбаъдаи илмӣ заминаи боэътимод фароҳам оварад.
Муҳаммад САФАРОВ,
номзади илмҳои педагогӣ, сармутахассиси
Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и Муассисаи
давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и
Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.