Бо бачаҳо. Се ҳикоя аз “Кафши тиллоӣ”-и Ҳидоят Авранг

Кафши тиллоӣАНУШЕРВОН

Овози мошин аз пушти дарвоза ба гўшам расид.

– Анушервон, канӣ дав, бачам, дарвозаро боз кун, дастони ман дар хамир аст, – гуфт модарам.

– Майлаш, очаҷон, – гуфта давон- давон рафта, дарвозаро боз кардам.

Падарам бо ҳамроҳи чанд бача мошинро тела карда истода буданд.

Канӣ каме дигар тела кунед! – ба писарон мегуфт падарам.

Эҳ, ана шуд! Раҳмати калон, бачаҳо, барои ёрдаматон! Онҳоро гусел карда, дарвозаро пўшид падарам.

Ассалом, падарҷон, ин мошини кист? – аз падарам пурсидам.

– Ин мошини дўстам, писарҷон

Падарам устои мошин буд. Азбаски мошини дўсташ буд, хост ки онро на дар устохона, балки дар хонаамон таъмир кунад.

Писарҷон, ман мошинро таъмир мекунам ба ман халал нарасон! Фаҳмидӣ?

– Бале, падарҷон. Рафта бозӣ мекунам.

Модарам барои истиқболи падарам ба назди мо омад ва каме бо падарам сўҳбат карду рафт, то ба кораш идома диҳад.

Падарам ба таъмири мошин шурўъ кард. Ман тоқат накарда, аз пушти дарахт каме ба падарам нигаристам. Оқибат ба назди ў рафтам.

Падарҷон, ин чӣ аст?– гуфта ба як асбоб даст задам.

Нарас! Хатарнок аст! Магар ба ту нагуфтам, ки ба ман халал нарасон?! – асабонӣ шуда гуфт падарам.

Хайр…инаш чӣ? – гуфта ба кафшер даст задам.

Ту маълум, ки писари ман набудаӣ! Ту агар писари ман мебудӣ, ба ман халал намерасондӣ!

Аз суханони падарам хеле нороҳат шуда, ба назди модарам рафтам. Модарам дар дегдон нон пухта истода буд.

Очаҷон, магар ман писари падарам нестам? – пурсидам аз модарам.

Модарам дар ҳолати нонро дар дегдон часпонидан буд, ки ногаҳон нон аз дасташ афтода, асбонӣ шуда гуфт:

Бале, ту писари ҳамон Сашкаи ҳамсояӣ! (Сашка ҳамсояи русамон буд).

Ман ба худ гуфтам: «Агар Сашка падари ман набошад, чӣ? Шояд онҳо маро фиреб дода истодаанд? Раваму як бор аз худи Сашка пурсам».

Дари хонаи Сашкаро сахт-сахт кўбидам.

Ҳаа…чӣ гап аст? Чаро дари хонаи маро мекўбӣ? ҳайрон шуда пурсид Сашка.

Бояд як чиро аз шумо пурсам, – бо табъи хира ба ў нигаристам.

Гўш мекунам!

– Ман писари Шумо ҳастам?

Чӣ… Писари ман? Касе туро фиреб кардааст. Канӣ, рав, ба хонаатон! – Тавба!… Боз вай писари ман будааст!- хандида гуфт Сашка.

Ман омада дар пушти дарвозаамон бо чашмони гирён нишастам.

Аз худ пурсидам: «Агар ман писари падарам набошам, писари Сашка ҳам набошам, пас писари кӣ ҳастам

Падарам суханони маро аз пушти дарвоза фаҳмид. Назди ман омада, гуфт:

Ман ба ту гуфтам, ки халал нарасон, ту чикор кардӣ? Ба суханони ман гўш надодӣ! Асабонӣ шуда, гуфтам ки ту писари ман нестӣ!

Пас чаро модарам гуфт, ки ман писари Сашка ҳастам?

– Модарат ҳам бо ту шухӣ кардааст.

Падарам баъди суханони гуфтааш модарамро ҷеғ зад.

– Чӣ гап шудааст? – пурсид модарам.

– Ту шўхи кардӣ- ҳа! Ба писарамон гуфтӣ, ки ў писари Сашка ҳаст?

– Бале, асабонӣ шуда чунин гуфтам.

Анушервон шодикунон падару модарашро бо оғўш гирифт.

 

ШОГИРДИ ПАДАР

(Ҳикоя)

Субҳи рўзи шанбе буд. Ману акаам акнун аз хоби ширин бедор шуда будем, ки падарам омада пурсид:

Бачаҳои азизи ман, шерони ман, хезед! Канӣ гўед, ки кадоме аз шумо ба ман ёрӣ мерасонад? Ба дарахти челон баромада, навдаи қоқшудаашро мебўрад?

Ман падарҷон! – дарҳол ҷавоб додам ман.

– Ту ҳоло хурд ҳастӣ, бигузор бародарат ин корро кунад.

Бародарам каме танбал буд ва падарамро фиреб дода гуфт:

– Падарҷон, мо имрўз шанбегӣ дорем.

Хайр… майлаш рав, вале зуд баргард.

– Падарҷон, худам аз уҳдааш мебароям,- боз сари мақсад омадам ман.

– Майлаш, аммо эҳтиёт кун, боз наафтӣ.

Ман арраро гирифтаму ба дарахт баромадам. Падарам инро дида, дилпур шуд, ки аз уҳдаи кор мебароям ва аз паси кори худ рафт.

Сарфаҳм нарафтам, ки набояд ба болои он навда нишинам. Ба болояш нишастам ва буридан гирифтам. Ногаҳон садои шикастани шохи дарахт ба гўшам расид. Як вақт ба худ омада дидам, ки ман дар болои дарахт неву дар замин хобидаам. Ҳама ҷоям дард мекард. Афтоданам дарди ба хайр. Аз шохи дарахт аввал ба болои сими барқ афтодаам. Хушбахтона он рўз барқро хомўш карда буданд. Аз он ҷо ба девори тахтагинамон ва танҳо баъди ин ба замин афтодаам. Хеле тарсидам. Ҳамон латифаи машҳури Афандӣ ба ёдам расид. Ў ҳам айнан дар чунин ҳолат афтода буд.

Ба худ гуфтам:

– Агар зада мемурдам, падарам маро мекўшт.

Аз ин гапам хандаам омад.

Давида ба назди падарам рафтам. Падарам дар ошхона ҷумаки вайроншударо таъмир мекард.

Гуфтам:

– Падарҷон, ман супориши шуморо иҷро кардам. Боз чӣ кор кунам?

Падарам хушҳолона гуфт:

Акнун ту шогирди ман мешавӣ. Ҳама ҳунари худро ба ту нишон медиҳам.

Ҳаранд афтода чанд ҷоям дардманд шуд, аммо бефоида набудааст. Акнун ман шогирди падарам ҳастам. Соҳибҳунар мешавам…

 

                                               СУРАТГИР

(Ҳикоя)

Дар он вақт суратгирҳо кам буданд. Ба назди хонаамон суратгире омада гуфт:

– Сурат мегирем, марҳамат биёед!

Бо Сомон суратҳои зиёде гирифтем. Сомон суратҳоямонро ба хонаамон бурда, ба апааам дода гуфт:

– Апа, ана суратҳои Саид, пулашро диҳед, бурда ба суратгир диҳам.

Апаам, аз кор омада, хаставу асабӣ будааст. Сари қаҳр ба Сомон гуфтааст:

На сураташ даркору на худаш, худат гиру ба хонаатон бар, ба худат лозим мешавад.

Сомон суратҳоро гирифта ба назди ман овард.

– Ҳаа…апаам пулашро надод, чӣ?- пурсидам аз Сомон.

– Не, аз куҷо, мегўяд ки на сураташ даркору на худаш, – нороҳат шуда гуфт Сомон.

Ҳоло мо ин пулро аз куҷо меёбем?- аз Сомон пурсидам.

Э ҷўра, биё, роҳи ҳали мушкиламонро ёфтам, – баъди каме андеша бо хурсандӣ гуфт Сомон.

– Ин роҳи ҳал, чӣ бошад?

Ту амаки суратгирро ба гап гир, ман рафта аз мағозаи ҷўраи падарам бист сомонӣ қарз мегирам.

– Баъд мо ин пулро чӣ тавр бармегардонем?

– Даҳ сомонӣ ман меёраму даҳ сомонии дигар ту.

– Майлаш, тез рафта биё!

Сомон ба сўйи мағоза шитофт.

– Акаҷон, як дақиқа истед, пулатонро меорем, – ба суратгир гуфтам ман.

Писарам, ман ташна мондам. Агар хонаатон наздик бошад, рафта як пиёлаба об биёр! – гуфт амаки суратгир.

– Наздик аст, ҳозир рафта меёрам, ба ҷое наравед.

Давон-давон ба хонаамон рафтам, дар як коса об овардам.

Суратгир обро нўшида гуфт:

– Раҳмат бачам, Худо умратро мисли об дароз кунад, – гуфт ва илова кард: – Пул намегирам. Онро бахшидам. Суратҳоро гиру ба хонаатон бар. Аз ман ба шумо туҳфа, ҳар вақте ба сурат нигоҳ кардед, маро ба ёд оред.

– Чӣ хел, амакҷон? Ин хел намешавад!

– Мешавад… мешавад, бачам,- гуфт амаки суратгир.

– Раҳмати калон, амакҷон.

Намеарзад, – гуфта суратгиракашро дар кифаш андохту рафт.

Баъд аз чанд дақиқа Сомон давида омад.

Саид, ба ман пул надоданд, акнун чӣ кор мекунем? Амаки суратгир куҷо шуд?

– Э ҷўраҷон, ғамашро нахўр, амаки суратгир, суратҳоро ба мо туҳфа дод ва гуфт, ки ҳар вақте ба сурат менигаред, маро ёд кунед.

– Магар ин гуна одами хубро фаромўш карда мешавад? Ҳамеша дар ёди мо мемонад,- маънидорона гуфт Сомон.

Ў ҳақ буд. Одами нек ҳеҷ гоҳ фаромўш намешавад.

 МАНБАЪ: Ҳидоят Авранг: “Кафши тиллоӣ”. Душанбе , соли 2025.

Ин ва боз даҳҳо ба ин монанд китобҳои хубро бачаҳои хуб метавонанд дар толори хониши адабиёти кӯдакон ва наврасон бихонанд.

 Таҳияи Зарина Зиёвуддинова, шуъбаи  адабиёти
кӯдакон ва наврасон