Ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва “Рӯзи китоб”
Бахшида ба ҷашни пуршукӯҳи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Рӯзи китоб” 24-уми августи соли 2021, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи кӯдакон ва наврасон таҳти унвони “Ганҷинаи ҳикмат” чорабининии фарҳангӣ-фароғатӣ бо иштироки кормандони Китобхона, шоирону нависандагон ва хонандагони фаъоли шуъба доир гардид.
Чорабиниро муовини директори Китобхонаи миллӣ Ҷалолуддин Нурзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки боиси ифтихору сарфарозист, ки тӯли 30 сол дар партави сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва соҳибистиқлолии Тоҷикистони маҳбубамон умр ба сар мебарем: “Маҳз Истиқлоли давлатӣ мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар миқёси ҷаҳон овозадор гардонид. Дастовардҳо ва қадамҳои устувори мо баҳри ояндаи шукуфо ва дурахшон дар солҳои соҳибистиқлолӣ бешуморанд. Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” яке аз ҳамин дастовардҳои мост, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид. Ҳоло ки мо дар арафаи “Рӯзи китоб” қарор дорем, ҳаминро таъкид карданиям, ки дар заминаи ин озмун тамоми шаҳрвандони кишвар ба китобу китобдӯстӣ беш аз пеш майл пайдо кардаанд,”-иброз дошт Ҷалолуддин Нурзода.
Ҳамчунин дар чорабинӣ як зумра шоирону нависандагони бачагона иштирок ва суханронӣ намуданд. Аз ҷумла Азизи Азиз, адиби маъруфи кӯдакнавис дар бораи аҳамияти китоб ва китобхонӣ иброз намуд, ки: “Китоб дар ҳама давру замон барои пешрафту рушди шахсият ва ҷамъият василаи асосию беҳтарин ба ҳисоб мерафт. Он хазинаест, ки барои боз кардани дарҳояш донистани рамзҳои калидӣ шарт нест, ворид шудан ба ин ганҷинаи донишу адаб танҳо насиби касе мегардад, ки ҳиммати баланду таҳаммули беинтиҳо дошта бошад ва китобу китобхониро дӯст дораду барои он вақти алоҳида ҷудо намояд”.
Дар фароварди чорабинӣ барномаи театрии хонандагони шуъбаи кӯдакон ва наврасон манзури меҳмонон ва тамошобинон гардонида шуд.
Шаҳодат ДАВЛАТОВА,
мутахассиси шуъбаи кӯдакон ва наврасон.