Ҳунари хушнависӣ ва рушду такомули он
23-уми январ Рӯзи ҷаҳонии хушнависон буд. Шарқиён, бахусус ҷаҳони форсзабонҳо дар хушнависӣ аз соҳибмактабони оламанд. Метавон аз садҳо хушнависе ном бурд, ки бо килки худ осори мондагоре дар хаттотиву хушнависӣ ба мерос гузоштааст.
Бахшида ба ин рӯз мақолаи ҳамкорамон, сардори шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамзӣ Ҷумъақуловро меорем.
*****
Хушнависӣ ё хаттотӣ ба маънои зебонависӣ ё навиштан ҳамроҳ бо хулқи зебоӣ аст ва фарде, ки ин ҳунар ё салиқа ба воситаи ў анҷом мешавад, «хушнавис» ё «хаттот» ном дорад, бахусус хушнависӣ агар вазифа ё тахассуси ў бошад. Гоҳо дарки хушнависӣ ҳамчун як ҳунари мушкил ба ҳисоб меравад. Чунин ба назар мерасад, ки барои лаззат бурдан аз таҷрибаи нигоҳи хушнависӣ бояд бидонем, ки хушнавис ба ғайр аз навиштан ё нигориши як матн, саъй мекунад, ки асари ҳунарӣ бо арзишҳои зебоишиносӣ падид оварад. Аз ин рў хушнависӣ ё хаттотӣ аз навиштани сода ва одӣ ва фарқияти калон дорад.
Хушнависӣ тақрибан дар тамоми фарҳангҳо ба назар мерасад, аммо дар кишварҳои Шарқ, бахусус дар сарзаминҳои Мовароуннаҳру Хуросон ва Эрон ин ҳунар аҳамияти хосе дар миёни ҳунарҳои таҷассумӣ дорад. Хушнависӣ ҳамчун яке аз ҳунарҳои асил ва суннатӣ, на танҳо зебоиро ба армуғон меоварад, балки нақши муҳимме дар ҳифзи ҳуввияту худшиносӣ ва пойдории фарҳангро иҷро менамояд.
Ҳунари хушнависӣ бар асоси қолабҳо, қоидаҳо ва низоми бисёр мушаххасе шакл мегирад ва ҳар як аз ҳарфҳо қаламҳои гуногун бо низоми шаклии хос ва то ҳудуде тағйирнаёбандаанд. Дар хушнависӣ андозаи ҳар ҳарф ва нисбати он бо дигар ҳарфҳо бо диққати бисёр махсусе муайян шудааст ва ҳар ҳарф ба сурати як модул ё сохтори собит дароварда мешавад, дар хушнависиҳо аз ҷониби устодони бузурги ҳунари хаттотӣ танзим ва пешниҳод гардидааст.
Чуноне ки зикр намудем, ҳарчанд ин ҳунар дар сарзаминҳои Шарқ аҳамият ва тавсеаи комиле ёфтааст, аммо намунаҳои онро дар ҳамаи фарҳангҳо метавон мушоҳида кард. Вожаи «хушнависӣ» ё «Calligraphy» аз асри XV вориди доираи луғати фарҳангҳои лотинӣ шуд ва танҳо пас асри XIX ҳамчун як истилоҳи шинохташуда матраҳ гардид, аммо аз дер боз дар кишварҳои Шарқ: Мовароуннаҳр, Хуросон, Эрон, Ҳиндустон, Чин ва ғайра ҳушнависӣ ҳамчун як ҳунар роиҷ гардида буд.
Хушнависии чинӣ низ дар асрҳои миёна ривоҷу равнақ пайдо намуд. Азбаски ин ҳунар дар он макон бо наққошиҳои зебо монандӣ дошт, ба воситаи он андешаву эҳсосро баён намудан мумкин буд. Дар Ҷопону Корея низ ҳунари хушнависӣ бо Чин ҳаммонандӣ дошт. Умуман дар ин кишварҳо ҳунари мазкур ҳарчанд назди коҳинон ва дабирони динӣ ривоҷ дошт, аммо дар баробари ҳунари наққошӣ рушду нумуъ мекард.
Пеш аз паҳн гардидани дини ислом хатҳои гуногун, аз ҷумла «хати мехӣ», «хати паҳлавӣ», «хати авастоӣ», «хати портӣ», «хати суғдӣ» ва ғайра дар сарзаминҳои мо ривоҷ доштааст, ки бо ин хатҳо осори гаронбаҳое, дар сангу сутунҳо ва пўсту сафолҳо то замони мо омада расидааст. Нишони равшани он катибаҳое аз хати мехӣ мебошанд, ки дар санг ва сутунҳо бо як назму тартиби зебо ва хос ҳаккокӣ шудаанд. Ҳарчанд мардумони сарзаминҳои мо баъд аз ислом бо хати арабиасос гузашта бошанд, ҳам дар такмил ва табдил додани он ба ҳунари хушнависӣ нақши калидӣ доштанд. Эҷоди нуқта ва иъроб дар ин хат ба нафаре бо номи Абуласъад Дувалӣ ал-Форс дар асри аввали ҳиҷрӣ нисбат дода мешавад, ки ҳам барои ҳунари зебоӣ ва бенуқсон хондани матлаб нақши муҳим мебозад.
Дар аввалҳои асри X аз ҷониби хаттот Байзовии Шерозӣ навъи хатҳое ба вуҷуд омаданд, ки ба «хатҳои шашгона» маъруф шуданд. Инҳо иборат буданд аз хатҳои «муҳаққақ», «райҳон», «сулс», «насх», «риқоъ» ва «тавқеъ», ки фарқияти онҳо ихтилоф дар шакли ҳарфҳо ва калимаҳо ва нисбати сатҳу давр дар ҳар кадоми он мебошад.
Дар давраҳои баъдӣ ин ҳунар дар кишварҳои Шарқ, Осиёи Миёна ривоҷу равнақи бештаре пайдо намуд. Дар асрҳои XIII-XIV варақҳои китобҳо аввалин бор бо нақшу нигорҳо зиннат ёфтанд. Дар замони ҳукмронии Темуриён хаттотию хушнависӣ ба авҷи камоли худ расид. Хаттоти машҳур Миралии Табрезӣ бо таркиби хати насх ва таълиқ хати настаълиқро ба вуҷуд овард, ки ин хат мўҷиби таҳаввули азиме дар ҳунари хушнависӣ гардид ва баъдҳо бо кӯшиши Мир Ибоди Ҳусайнӣ ба авҷи зебоӣ ва камол расид. Ин намуди хат дар муддати кутоҳ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Ҳиндустон рушду пешрафт намуд.
Зимнан, дар бораи ҷараён ва мактабҳои машҳури хушнависӣ ва хаттотони варзидаву маъруф метавон даҳҳо китоб навишт. Ин ҳам ба иловаи он ки то кунун ин гуна китобҳо навишта шудаанд.
Васфу ситоиши мактаби хушнависии яке аз чеҳраҳои матраҳи хушнависӣ, мактаби устод Беҳзод дар романи барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт Орҳан Памуки турк “Номи ман Сурх аст” басо ҷолибу хонданӣ омадааст.
Рамзӣ Ҷумъақулов,
сардори шуъбаи дастхатҳои Шарқ
ва китобҳои нодир.