91 сол пеш дар ин рӯз Наримов Бақозода ба дунё омад

Наримов БақозодаИмрӯз ба таваллуди шоири маъруф Наримон Бақозода 91 сол пур шуд, аз вафоташ 17 сол гузашт. Наримон Бақозода 26-уми январи соли 1935 дар шаҳри Самарқанд дида ба олам кушод ва 26-уми январи соли 2009 дар шаҳри Душанбе аз олам рафт. Таваллуду вафоти адиб дар як рӯз иттифоқ уфтодааст.

Ӯ соли 1960 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро бо баҳои аъло хатм карда, ба рӯзноманигорӣ пардохтааст.

Солҳои рӯзноманигорӣ ба эҷоди фелетону мақолаҳои танқидӣ пардохта, минбаъда ба эҷоди осоре барои бачагон рӯй овардааст, ки дар маҷмӯаҳои «Гулдара» (1969), «Шеърҳо, афсонаҳо, чистонҳо» (1971), «Сурнайчӣ» (1975), «Оши ҳалол» (1978), «Шаш ҳикояти пахта» (наср, 1980), «Чӣ хуш аст (1983), «Дафтари мо кони «панҷ» (1985), «Алифбои дилкушо» (1997), «Иди алифбо омад» (1999), «Дунё ба умеди ман» (2003), «Озода шав (2005), «Сайри боғи даҳ адад» (2006) ва ғайра интишор ёфтаанд.

Дар нашрияҳои Маскаву Душанбе маҷмӯаи афсонаҳо ва достону чистонҳои шоир ба забони русӣ интишор ёфтаанд, ки «Хандалак» (1969), «Ишь ты, озорной!» (1974), «Что всего слаще?» (1986), «Детский парк» (1990) аз он ҷумлаанд.

Муаллифи филмномаи «Пули ларзон» (ба русӣ), радиопйесаи «Истиқболи Барфибобо», пйесаи телевизионии «Кадри ҳавоӣ» ва силсилаи намоишномаҳост, ки дар театрҳои гуногуни ҷумҳурӣ саҳнагузорӣ шудаанд.

Муаллифи се операи нахустини тоҷикӣ барои бачаҳо – «Хонаи Заргӯшбибӣ» (ба тоҷикӣ ва русӣ, 1986,1987), «Ҷингилапо» (1987), ораторияи зиддиҷангии «Сӯзанда не, созанда шав! (Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, телевизиони ҷумҳурӣ; 2002) мебошад.

Соли 1979 китоби «Гулдара»-и ӯ дар Тошканд интишор ёфтааст.

Ходими шоистаи фарҳанги Тоҷикистон.

Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон.

Бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок», «Нишони Фахрӣ»-и Кумитаи сулҳхоҳони олмонии ба номи Жолио Кюри, медалҳои тиллойи Федератсияи байналхалқии сулҳу ризо ва Хазинаи байналхалқии сулҳ мукофотонида шудааст.

Аз соли 1974 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

26-уми январи соли 2009 дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.

Баргигул Наботова, мутахассиси пешбари шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд.