Салими Хатлонӣ «Маонии нофиз, дар сози Мавло ва Ҳофиз»
Салими Хатлонӣ мақолоти зиёд ва кутубе чанд, аз ҷумла «Бенавое дар навои най», «Ишқ мегӯяд!», «Сарфарози ишқ… дар фарози ишқ…» – ро дар мавриди рӯзгор ва эҷодиёти Мавлонои Балхӣ ба табъ расонида, дар робита ба аҳаммияти ирфонии ашъори Ҳофизи Шерозӣ низ, маҷмуаҳои шарҳдиҳандаи алоҳидаро бо номҳои «Аташсипори тариқат ва майгусори ҳақиқат» (Душанбе, «Матбуот» – 2012), «Киштинишастагонем!.. Киштишмкастагонем!..» (Душанбе, «Матбуот» – 2023», пекаши ҳаводорони каломи бадеъ гардонида буд.
«Маонии нофиз, дар сози Мавло ва Ҳофиз» низ аз силсилаи мансуб аст, ки дар маҷмуъ назариёти тозаи тафсириву шарҳдиҳандаи Салими Хатлониро дар робита ба ҳамназарӣ дар шеъри Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ ва Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ, дар баробари вожаҳои мармуз ва муаммоӣ, дар ҳафт мақолаи воизона, фароҳам овардааст.
Дар ин китоб аз ҷумла мехонем, ки Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ, мулаққаб ба Мавло, Мавлоно, Мавлавӣ ва Румӣ ва Шамсуддин Муҳаммад, мулаққаб ба Ҳофизи Шерозӣ, аз саромадони шеъру андеши ирфонии суфиёна ва риндона буда, ба тафовут аз дигар шоирони орифмартабати адабиёти форсӣ – тоҷикӣ, дар офариниш ва тасвирбор кардани андешаву назари хос ва дар зимни иншои каломи мавзун ба вижагии шеваи баён ва забони гӯёи худ эҳтиром қоил шудаанд. Чунон ки дар кори иншои шеъри муҷазу дилнашин, бо офаридаҳои хеш аз назари таносуби фикрӣ ва фитрӣ муносибат намуда ва бо ин далоил, дар интихоби мавзуъ ва мазмуни ҳар ҳарфу ҳиҷо ва маонии нофиз бармалост, ки дар ин шева низ соҳиби мақому манзалати нотакрор будаанд. Исифода аз воситаҳои забонӣ ва тарзи баёни Мавлоно ва Ҳофиз худ гувоҳи диди сареҳнигар, шакаргуфтору шаккаршиканӣ ва офарандагии нозукназаронаи ин ду тан аз орифони соҳибдил ба шумор мераванд, ки ин ҳама шаҳодат бар ғояти афкори саҳеҳу тоза ва шеъри баландовозаи ин ду нобиғаи ирфону маънавият ба шумор меравад.
Барои дарки шӯру валвалаи ваҷду танини самоофари ашъори Мавлоно ва фаҳми дурусти каломи масҳуркунандаи Ҳофиз мебояд саропо гӯш ва саранҷом ҳуш буд, то ваҷдеро, ки дар эшон дарёбӣ, ҳам ба лаззати ҷон дарёбӣ. Зеро, дар маврид, нахуст мебояд бар ҳиссиёти ботинӣ ва даррокият бар каломи муҷаззиби вассофи ишқу ваҳдоният, Мавлоноро, бо зарфиятҳои ботин андоза кард ва дар зарфи ҷон гунҷо дода тавонист ва барои амиқ дарёфтану шинохти фасоҳати маънӣ дар шеъри риндони Ҳофиз ба жарфои ҳарфу ҳиҷои пурмуаммои ӯ бояд фурӯ рафт, то бар сирри сухану гӯишу забони пур аз рамзу рози ин орифон пай бурда тавонем.
Асрори Мавлоно, ки пӯшидаву мубарҳан ва пинҳону аён чун «сирри най» аст ва ҳам ӯро ангезаҳои ишқу ирфон дар пай аст, аз қавли донишманди сареҳназар ва мавлоношиноси муътабар Бадеуззамони Фурӯзонфар, ки: «Зиндагии сарояндаи «Маснавӣ» саропо маънист, аммо сурату зоҳири он низ албатта дархури донистан аст», чунон ки каломи муҷаззибаш ба тафсиру кушоиш ниёз дорад, мебояд дар шеъри пумаънояш тафсир гардад…
Китоби Салими Хатлонӣ «Маонии нофиз, дар сози Мавло ва Ҳофиз» ҳоло дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфту мутолаа мебошад.
Анӯшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд.