Китобхонаи миллӣ дар мавҷи хушнудиҳои кӯдакон

кӯдаконИмрӯз чун ҳамарӯза Муассисаи давлатии “Китобонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҳои худро бо меҳр ба истиқболи хонандагонаш боз кард. Бояд қайд кард, ки меҳмонони имрузаи Китобхона аз субҳи барвақт бо ҳузури худ ин боргоҳи маърифату хирадро атри шодӣ бахшиданд.

Зиёда аз 60 нафар хонандагони синфҳои ибтидоии Гимназияи хусусии “Сайёраи наврасон” бо руҳияи идона ба Китобхонаи миллӣ омада, аъзои Китобхона ва шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон гардиданд. Шодиву ҳаяҷони  кӯдаконро канор набуд. Ҳарчанд бо як низоми муайян озими Китобхона гаштаву назди бахши бақайдгирӣ қатор буданд, маълум буд, ки мехоҳанд ҳарчи зудтар соҳиби корти аъзогии хонандаи Китобхона гарданд. Чашмонашон аз хушнудӣ барқ мезад. Нигоҳашон аз як Гӯшаи китобҳои намоишӣ ба дигар Гӯшаи дастовардҳои Китобхона мелағжиду гӯё хаёлан онҳоро ламс мекарданд. Чи нигоҳи пурроз.

Пас аз соҳиби корт гаштан хонандагон бо роҳбарии омӯзгоронашон вориди толори хониши шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон шуда, бо ин шуъба аз наздик ошно гаштанд. Дониёрова Шаҳноза – сардори шуъбаи мазкур ва кормандони шуъба бо ширинзабониву нармрафтории худ ба дили кӯдакон зуд роҳ мекушоянд. Онҳо хонандагони тозавориди Китобхона ва аъзоёни шуъбаи худро бо меҳрубонӣ истиқбол гирифтаву бо тартиботи дохили Китобхона  шинос намуданд. Хонандагон, ки бори аввал дар ин шуъба қарор доштанд, аз роҳрави наққошигаштаву толори пур зи китобҳои рангину ҷилодор ба ваҷд омаданд.

Сайёраи наврасонЛозим ба ёдоварист, ки Гимназияи хусусии “Сайёраи наврасон” бори аввал нест, ки хонандагонашро ба Китобхонаи миллӣ меорад. Қаблан низ хонандагони “Сайёраи наврасон” дар барномаи фарҳангии Китобхона бахшида ба Ҳафтаи забон ва адабиёти рус намоиши  театрӣ манзур намуданд. Ҳамчунин бахшида ба 80 солагии Ҷанги Бузурги Ватанӣ барномаи адабӣ-маънавӣ чорабинии муштарак баргузор намуданд. Ин барномаҳои фарҳангӣ бо ташаббуси  шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳошияи Рӯзи ҳадяи китоб баргузор гардида буданд.

Дар зимн, хонандагон бо илҳом аз муҳити мусоид бо забони русӣ шеърҳо қироат намуданд, ки ин ба хурсандии  онҳо шодӣ зам кард.

Маврид ба ёдоварист, ки сафи хонандагони хурдсоли Китобхонаи миллӣ рӯз ба рӯз меафзояд ва толораш ҳамеша пурхонанда аст.

Муҳидинова Махфират,
бахши мтбуот ва робита бо ҷомеа

  • Меҳмонони имрузаи Китобхона
    Меҳмонони имрузаи Китобхона
  • Меҳмонони имрузаи Китобхона
    Меҳмонони имрузаи Китобхона
  • Меҳмонони имрузаи Китобхона
    Меҳмонони имрузаи Китобхона
  • Меҳмонони имрузаи Китобхона
    Меҳмонони имрузаи Китобхона
  • Меҳмонони имрузаи Китобхона
    Меҳмонони имрузаи Китобхона
  • Меҳмонони имрузаи Китобхона
    Меҳмонони имрузаи Китобхона
  • Меҳмонони имрузаи Китобхона
    Меҳмонони имрузаи Китобхона
  • Меҳмонони имрузаи Китобхона
    Меҳмонони имрузаи Китобхона
  • Меҳмонони имрузаи Китобхона
    Меҳмонони имрузаи Китобхона
  • Меҳмонони имрузаи Китобхона
    Меҳмонони имрузаи Китобхона
  • Меҳмонони имрузаи Китобхона
    Меҳмонони имрузаи Китобхона
  • Меҳмонони имрузаи Китобхона
    Меҳмонони имрузаи Китобхона