Бо бачаҳо. Эдуард Успенский: “Гена ва дӯсттони ӯ”

Эдуард УспенскийДар бешазори анбуҳи кадом як кишвари офтобӣ як ҷонварак мезист. Номаш Чебурашка буд. Ў ҷонвараки аҷибу ғарибе буд. Вақте дар беша мезист, ном надошт. Баъдтар, яъне вақте ки тарки беша карду бо одамон вохўрд, Чебурашка ном гирифт. Охир, одамонанд, ки ба ҳайвонҳо ному лақаб медиҳанд. Маҳз одамон филро фил гуфтанду заррофаро заррофа ва заргўшакро заргўшак.

Агар фил ақл медошт, албатта, худашро фил мегуфт. Бубинед, чӣ номи кўтоҳу сода – фил! Аммо ба баҳмут номи ғалатӣ доданд: баҳ-мут… Рост не? Вай ҳеҷ сарфаҳм намеравад, ки чаро баҳмут шуду кўтоҳакак «баҳ» ё «мут» не…

Чебурашкаи мо ҳам ягон бор фикр накардааст, ки чаро ба ў чунин ном гузоштанд. Як бор вай субҳидам бедор шуд, даст ба пушт карда, ҳаваси сайругашту ҳавои тоза намуд. Ин сў рафту он сӯ рафт ва билохира, вориди боғи пурмевае шуд. Ногоҳ, дар канори боғ чанд қуттиеро диду ҷониби онҳо шитофт. Қуттиҳо пури афлесун буданд. Чебурашка дарҳол дохили яке аз онҳо даромада, ду афлесунро нўши ҷон кард, нўши ҷон карду ишкамаш пур шуд. Вай дигар маҷоли ҳаракат кардан надошт. Ногоҳ даруни қуттӣ хобаш бурд.

Он қадар хобаш бурд, ки омадани одамонро нафаҳмид, ҳатто нафаҳмид, ки онҳо сарпўши қуттиро пўшонда, мех заданд.

Баъд, афлесунҳоро ҳамроҳи Чебурашка ба киштӣ бор карданд. Киштӣ ба баҳр даромаду дурудароз шино кард.

Сафари киштӣ хеле тўл кашид, он аз баҳру уқёнусҳо гузашта, ба як шаҳри калон расид. Баъд қуттиҳоро ба як дўкон бурда кушоданд. Дар ҳама қуттиҳо афлесун буд, вале дар як қуттӣ Чебурашкаро диданд, ки мисли тўб хобида буд ва базўр меҷунбид.

Афлесунфурўшҳо Чебурашкаро аз қуттӣ берун оварда, рўйи миз гузоштанд. Вале вай ба по рост истода натавонист, чунки чанд рўз дар қуттӣ хобида, қадам назада, ду пояшро хоб бурда буд. Чебурашка рўйи миз камтар нишаст, нишасту атрофро тамошо кард ва ногоҳ аз миз  ба курсӣ ҷаҳид. Аммо дар курсӣ ҳам зиёд наистод, боз ҷаҳиду аз курсӣ ба фарш афтод.

– Уф- е-е, ин Чебурашка будаст- ку!- гуфт мудири дўкон.- Рост истода наметавонед-е!

Ҳамин тавр, ҳайвонаки мо фаҳмид, ки Чебурашка будааст.

– Акнун чӣ кор   кунам? – ҳайрон шуд мудири дўкон. – Туро афлесун гуфта фурўхта намешавад-ку?!

– Надонам,- ҷавоб дод Чебурашка.- Дилатон ҳарчи хоҳад, кардан гиред.

Мудир ночор монд, баъд Чебурашкаро гирифта, ҷониби боғи ҷонварони шаҳр рафт. Аммо он ҷо Чебурашкаро қабул накарданд. Аввал ин, ки боғ пур буд. Дуюм ин, ки Чебурашкаро ҳайвони ношиносу номаълум гуфтанд. Касе надонист, ки вайро ба кадом қафас андозанд: ба қафаси заргўшҳо, ё палангон? Шояд вай аз авлоди сангпушти обӣ бошад –а?

Он гоҳ мудири дўкони афлесун Чебурашкаро дубора ба бағал гирифта, назди як хеши наздикаш бурд. Хеши наздики ў мудири мағозаи куҳнафурўшӣ буд.

– Ҳайвонаки аҷойиб будааст,- гуфт куҳнафурўш. Бозичаи сақат, яъне нуқсондор. Албатта, ба кор мегирам. Баъд, ба Чебурашка рўй оварда гуфт: Ту розӣ ҳастӣ, ҳамроҳ кор кунем?

– Ман розӣ,- ҷавоб дод Чебурашка.- Чӣ кор кунам?

– Дар пеши тиреза истода, ҳушу ёди роҳгузаронро ҷалб мекунӣ. Фаҳмо?

– Фаҳмидам, – гуфт Чебурашка ва илова намуд,- дар куҷо истиқомат мекунам?

Мудир ба хоначаи куҳнаи телефони беруни дари мағоза ишора карду гуфт: Ана ин ҷо зиндагӣ мекунӣ. Хонаи ту ҳамин мешавад.

Ҳамин тавр Чебурашка соҳиби хона ва корманди мағозаи куҳнафурўшии шаҳр шуд. Албатта, хонаи ў дар шаҳр баланду барҳаво набуд. Лекин як бартарӣ дошт, телефони дохили он фаъол буд. Чебурашка акнун соҳиби телефон шуда буд, ва аз хонааш берун нарафта, ба ҳар куҷову ҳар кас метавонист занг бизанад.

Воқеан, ҳоло вай ба кӣ ва ба куҷо занг заданашро мутлақо намедонист, аммо аз ин хусус фикр намекарду ғам намехўрд.

 

БОБИ ДУЮМ

Дар ин шаҳр, ки Чебурашка мусофир шуд, як Тимсоҳ мезист. Ўро Гена мегуфтанд. Гена ҳам соҳиби хона буд, ҳар субҳ аз хоб бедор шуда, дасту рў мешуст, ношто мекард ва ба ҷойи кораш мешитофт. Ҷойи кори Тимсоҳ боғи ҷонварон буд, вай он ҷо вазифаи худро дошт. Вақте ба боғ мерасид, камзўлу кулоҳу асояшро дар мех овехта, дар канори ҳавз дароз мекашид. Дар лавҳаи овезони пеши қафаси вай чунин навишта шуда буд:

  «Гена – Тимсоҳи африқоӣ. Панҷоҳсола. Хўрок додану сила кардан мумкин»

Чун рўз бегоҳ мешуд, Гена бафурҷа либосро пўшида, ба хонааш мерафт. Дар хона вай рўзномаҳоро мутолиа мекард, сигор мекашид ва то бевақт худ ба худ бозӣ мекард, бозиаш «сифраку хаткашак» буд.

Як бор Гена гаштаву баргашта бозӣ кард ва ҳамаро бохт. Бозиро худаш ба худаш бохта бошад ҳам, сахт мулзам шуд.

Баъд андеша кард: «Чаро мудом ман танҳоям? Бояд дўстони зиёд дошта бошам!»

Баъд қалам гирифту як эълони дурудароз навишт:

Тимсохи ҷавони панҷоҳсола дар суроғи дўстон аст.

Суроға: кўчаи калони «Санбўсапаз», бинои 15, иморати «и».

Хоҳишмандон метавонанд муроҷиат кунанд!

Гена ҳамон шаб эълонашро дар чанд гўшаи шаҳр ширеш карду мунтазир шуд.

(Давом дорад)

МАНБАЪ: Эдуард Успенский: “Гена ва дӯстони ӯ”, Душанбе, 2023.

Ин ва даҳҳо ба ин монанд китобҳои хубро бачаҳои хуб метавонанд дар толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мутолаа намоянд.

Таҳияи Зарина Зиёвуддинова
мутахассиси шуъбаи адабиёти
кӯдакон ва наврасон.