Номаҳои Ҳаким Карим ба Ҷалол Икромӣ. Поён ва бохирсухани сомона

Бародарам Ҷалолхон!

Дина ба Тошкент расидам. Имрўз аз ин ҷо баромада  меравам. Ман сиҳат ва саломат. Тандурустии ҳамаи шумо айни муддаост.

Аз ту илтимос:  дар даруни чамадони ман се дона китоби Академияи наук ҳаст. Яктааш асари Бартолд.  Дуюмаш як таърихи мағулҳо, ки номи нависандаашро фаромўш кардаам. Сеюмаш журнали таърихӣ мебошад.  Ҳамин  китобҳоро гирифта ба худи академия бурда, ё  ба дасти Шарифҷон (Ҳусейнзода) супор, ки бурда диҳад ва албатта дастхат гирифта ба Зариф (Раҷабов) фиристодан даркор, набошад ин мардак дар ин ҷо хуни ҷигар хўрда шиштааст.

Агар аз Ленинобод тасодуфан падарам ё Маҷид (бародараш– Ҷ.И.) омада монанд, тамоми чизҳои маро дода фиристод.

Аз ман ба аҳли хонаводаат ва ҳамаи рафиқон салом гўй. Боз менависам. Хайр, бародарат Ҳаким”.

Баъд чунин илова ҳаст:

“Ба рафиқон Фузайлов (муҳаррири газетаи “Тоҷикистони Сурх”) Ниёзӣ (Фотеҳ – котиби масъули ҳамон газета – Ҷ. И.) салом гўй ва алоҳида гўй ва таъкид кун, ки новеллаи мо “Таронаи муҳаббат” ин қадар дер намонад. Ман боз “Интиқом” ном ҳикоят мефиристонам – аз роҳ”.

ИКРОМӢ: Тахрихи ин мактуб навишата нашудааст. Ба гумон, ки дар миёнаҳои сентябр навишта шудагӣ, зеро, ки таърихи мактуби навбатӣ аз 26 сентябри соли 1941 аст.

Ҳаким чун ҷонсупор ва фидокори Ватан дар якумин ваҳлаи даъватшуданаш зуд, хамаи  корҳояшро  монда, тохта рафта буд. Бинобар он, аз роҳ ва аз ҷоҳои дигар ба ман мактубҳо навишта, илтимосҳо мекард, ки корҳои нимкола мондаашро адо кунам:

“Ҷалолхон, салом!

Ман сиҳат ва саломат, имруз ба Чкаловск расидам. Аз Тошкент ба номат як хат навишта будам. Шояд расида бошад. Дар он ҷо масъалаи супурдани китобҳои Академияи наукро гуфта будам, умед аст, ки иҷро шудагист. Акнун боз аз ту илтимос ҳамин, ки як нусха китоби Ленин – ҷилди 2, дуҷилда дар қабати китобҳои ман ҳаст, онро ба тоҷгиз бурда супор, балки ба онҳо даркор мешудагист. Агар аз Ленинобод ягон хеши ман- падарам ё Маҷид оянд, чизҳои маро ба онҳо супор. Аз ман ба ҳама хурду калон салом!

Хайр, Ҳаким 26/IX– 1941”.

ИКРОМӢ: Мактуби навбатии ў аз Урдмурдия, аз қишлоқи Малая Пурга буд. Дар ин мактубаш менависад, ки вай хеле серкор аст ва аз серкорӣ наметавонад сюжетҳои бисёреро, ки дар майнааш ҷавлон мезананд, ба рўи қоғаз биёрад. Ин мактуб дар таърихи 5 октябри соли 1941 навишта шуда будааст. Мактуби дигараш дар 27 октябр навишта шудааст. Дар он рӯзҳо мошинаи пурдаҳшати ҷангии фашистӣ ноист пеш меомад ва шаҳру деҳоти хуррами мамлакити моро зери чархи ифлоси худ карда буд. Инак, дар ҳамон рўзҳо боз як мактуби вай аз Ижевск:

“Ҷалолхон, салом!

Аҳвол? Ман сиҳат ва саломат, хурсанд, бо димоғчоғӣ хизмат карда гаштаам. Тандурустӣ ва саломатии ҳамаатон айни муддаост.

Аз Тошкент, аз Оренбург ва аз ҷои хизматам мактубҳо навишта будам, шояд расида бошад. Ман ниҳоят серкорам. Дина ба Ижевск командировка шуда омадам, пагоҳ боз ба қишлоқам меравам. На аз ҳавлӣ хат ҳаст, на аз ту.

Ҷалолхон! Новеллаи ман “Таронаи муҳаббат” баромад – мӣ? Барои ман як нусха гирифта мондӣ- мӣ? Имрўз даст амандаке холӣ шавад, ду новелларо покнавис карда ба адреси “Тоҷикистони Сурх” мефиристам, аз ту хоҳиш мекунам, ки баъд аз мошинка албатта хонда баро, вагарна ғалат чоп мешавад. Агар вақти холӣ ёбам, боз ҳикояҳо навишта мефиристам. Мутассадии беғалат чоп шудани онҳо туӣ! Дуруст- мӣ?

Ҷалолхон, ман тақрибан баъд аз як ҳафта аз ин ҷо меравам, ин аниқ аст, таъин шудам. Боз якдигарро мебинем, ё не?! Маълум нест. Ба ҳар ҳол хайр. Аз ту илтимос: агарчӣ дур бошӣ ҳам, ба воситаи мактуб бошад ҳам, аз аҳволи оилаи ман хабардор шуда ист. Коре кун, ки тоҷгиз ҳар моҳ аз нўги гонорарҳои ман пичӣ- пичӣ пул фиристода истад. (Тарҷимаи асарҳои Ленин, “Таърихи СССР ва ҳоказо”...). Дар тоҷгиз пули ман бисёр аст. Аз ман ба аҳли байтат ва ба ҳамаи рафиқон салом гўй.

Хайр, то дидана, бародарат Ҳаким. 7/Х – 41”.

ИКРОМӢ: Ин мактуби муфассале буд, ки пас аз ба аскарӣ рафтанаш аз Ҳаким гирифтам. Ҷӯраи ҷонии ман гӯё аз  аз қисматаш хабар доштагӣ барин дар ин мактуб бо ман видоъ кардааст, дар бораи аз оилааш хабар гирифта истодан ба ман супоришҳо додааст… Афсўс, сад афсўс!

Пас аз як рўзи дигар, пеш аз Ижевск рафтанаш боз ин мактубчаро навиштааст.

“Ҷалолхон, салом!

Дина ба номи ту як мактуби закасной фиристода будам. Имрўз ба “Тоҷикистони Сурх” дута ҳикоя фиристодам. Аз ту илтимос: онҳоро аз редаксия гирифта дида баро, баъд ба чоп деҳ. Барои аз нав коркарда баромадан вақтам набуд. Албатта, мебахшӣ. Бисёр серкорам.

Аз ман ба аҳли хонаводаат ва ба ҳамаи рафиқон салом гўй.

 Бародарат. Ҳаким. 28/Х – соли 41”

ИКРОМӢ: Пас аз ин ду открита омад, ки яке дар 16 ноябри соли 41 аз почтаи саҳроӣ ва дигар – охиринаш дар якўми декабр ва ҳар ду ҳам ба забони русӣ.

Инак, тарҷимаи откриткаи якўм:

“Ҷалолхон, салом!”

Ман сиҳат ва саломат. Саломатии шуморо мехоҳам. Ман аз Малаи Пурга ба шаҳри Кстигорск, вилояти Ленинград, омадам. Зиндагиам хуб аст, худро нағз ҳис мекунам. Дар 27- 28 октябр аз Ижевск ба шумо ду мактуб навиштам, вале аз шумоён ва аз хона ягон хат нагирифтам. Аз ҷиҳат каме дар ташвишам.

Идораи газетаи “Тоҷикистони Сурх” ҳикояҳои маро гирифт- мӣ Чоп кард – мӣ? Ту аз редаксия ва аз тоҷгиз гонорарҳои маро гирифта ба оилаам перевод кардӣ – мӣ? Масъалаи оилаам маро бесаранҷом мекунад. Адреси худро дар мактуби дигар менависам. Ба ҳама салом. Хайр бародарат Ҳаким”.

Ва инак мактуб – откриткаи охирин.

“Ҷалолхони азиз!

Салом. Ман сиҳат ва саломат. Саломатии шуморо мехоҳам. Ҷалол, оилаи ман бепарастор мондагӣ, инро ту нағз медонӣ. Ёрӣ расон. Дар тоҷгиз гонорари ман бисёр. Бигузор ҳар моҳ ҳазор сўмӣ фиристода истанд. Дар ин бора ман ба котиби СК рафиқ Б. Ғафуров навиштам, ба фикрам, вай мадад мерасонад.

Ба ҳама салом. Ҳакими ту”.

ИКРОМӢ: Пас аз ин, дигар аз вай хабаре нашуд. Мо чанд гоҳ умедвор будем, ки бародари азизамон нохост пайдо шуда меояд, ё хату хабараш мерасад. Ҳеҷ кас бовар намекард, ки Ҳаким нобуд мешавад.

Ҳакими азиз, Ҳакими меҳрубон, Ҳакими дилсўз ва ғамхор! Вале, ҳайҳот, вай дигар наомад. Дар остонаи Ленинград барои Ватани азизаш ҷонашро қурбон кард. Чанд гоҳ сўхтем, дар даруни сина захми беҳнашуданӣ гузоштем, вале бо хотираи абадзиндаи ў, бо эҷодиёти аҷоиб самимӣ ва мафтункунандаи ў тасаллӣ ёфтем. Бигузор Ҳаким бо ин мактуботаш бо хонандагони бисёри худ сўҳбат кунад ва аз ҳолу аҳволи худ хабар дода истад!

АЗ СОМОНА: Бахши охири мақолаи устод Ҷалол Икромӣ атрофи номаҳои Ҳаким Карим, ки бо ихтисор дар чанд бахш овардем, ҳамин ҷо ба охир расид. Бахши охирро кас наметавонад бе оби чашм бихонад. Тасаввур кунед, як адиби хушзавқу як ҷавони зиндадилу соҳибистеъдод аз тири аду ҷон бохт. Аз номаҳои охир пайдост, ки дигар ҳеч иттило аз хонаводааш баъди сафарбарӣ ба артиш ва вориди майдони ҷанг шуданд, надошт. Дар ҳамаи номаҳои ахир шикоят мекунад, ки на аз хона хат мерасад, на аз Икромӣ.

Муаллифи мақола устод Икромӣ ҳам ҷойе ишора накардаанд, ки чаро номаҳо намерасиданд, оё менавиштанду намерафт. Ҷое ишора накардаанд, ки оё хоҳишу дархости Ҳаким Каримро дар мавриди ҳоллпурсии оилаву кумак аз ҳисоби ҳақи қаламашро иҷро карда буданд ё не.

Устод Ҷалол Икромӣ дар ин мақолаи доманадор номаҳои ҷавобии худро наовардаанд. Ба эҳтимоли зиёд нусхаи посухҳои адиби маъруф ба дӯсташ нигоҳ дошта нашуда буд. Посухи номаҳо то замони дар ватан будани Ҳаким Карим эҳтимолан дар бойгонии адиб  маҳфуз буданд. Мо намедонем ин номаҳо, посухҳои устод Иуромӣ ҷойе чоп шудан ё на. Шояд аз адабиётшиносону муҳаққиқони осори Ҳаким Кариму устод Икромӣ касе хабар дошта бошад. Умедворем дар шарҳҳо иттилое дар ин бора хоҳем гирифт.

МАНБАЪ: “Садои Шарқ”, соли 1969,№1
Таҳияи мутахасси шуъбаи матбуоти
даврӣ Фараҳнози Тоҳирхон