Бо бачаҳо. Эдуард Успенский: “Гена ва дӯстони ӯ”. Идома

Эдуард УспенскийБОБИ   СЕЮМ

Баъди як рўз, шаби бемаҳал, занги дарро кадоме пахш кард. Дар остона духтараки ҷиддинамое падидор шуд.

– Дар эълонатон ду хато кардаед,- гуфт вай.

– Наход!- хитоб кард Гена.- Дар куҷо хато рафтааст, марҳамат карда бигўед!?

– Якум, дар охири калимаи «Тимсоҳ» ҳарфи «ҳ»-ро фаромўш карда, «х» навиштед. Дуюм, вақте ки синнатон ба панҷоҳ расидааст, чӣ тавр худатонро ҷавон мегўед?

– Тимсоҳ сесад сол умр мебинад, барои ҳамин ман ҳоло ҷавонам,- норозиёна гуфт Гена.

Хайр, майлаш, биёед шинос мешавем. Ман Галя, корманди театри бачаҳо ҳастам.

– Ман Гена- Тимсоҳи боғи ҳайвонот.

Акнун чӣ кор кунем?

– Ҳеҷ кор, суҳбат карда мешинем.

Ин лаҳза занги дар дубора садо дод.

Шумо кистед?- пурсид Тимсоҳ.

Ман Чебурашка!- ҷавоб омад аз паси дар ва ба хона як махлуқаки ношинос ворид шуд. Рангаш қаҳвайӣ буд, чашмонаш калони барҷаста, думаш кўтоҳу пахмоқ.

Шумо кистед?- пурсид Галя.

Намедонам,- ҷавоб дод меҳмон.

– Тамоман намедонед?- ҳайрон шуд духтарак.

Бале, намедонам

– Мабодо хирсак бошед?

– Надонам,- гуфт Чебурашка.- шояд хирсак бошам.

– Не,- ба гуфтугў шарик шуд Тимсоҳ,- шумо хирсак нестед. Чашмони хирсак майдаҳаканд, чашмони шумо калон-калон.

Ин тавр бошад, сагча будагист?- тахмин кард духтарак.

Аҷаб нест сагча бошам,- розӣ шуд меҳмон ва пурсид.- Сагчаҳо ба дарахт баромада метавонанд?

Не, наметавонанд,- ҷавоб дод Гена.- Мудом ҷакида мегарданд.

– Чӣ хел меҷаканд?

– Ана, ин хел: ҳав-ҳав!- аккос зад Тимсоҳ.

Э, ман ин хел ҷакида наметавонам,- гуфт Чебурашка.- Пас, сагча нестам.

Шумо паланг будагистед?- боз фарзу тахмин кард духтарак.

Барои Чебурашка фарқ надошт, ки кисту чист. Аз ин сабаб дарҳол розӣ шуд:

– Эҳтимол паланг бошам.

Азбаски Галяю Гена палангро ҳаргиз надида, вале овозаи ҳайвони бадхашм буданашро шунида буданд, якбора худашонро аз Чебурашка дур гирифтанд.

Биёед, китоби луғатро варақ занем,- пешниҳод кард Галя.- Он ҷо калимаҳо ҳарф ба ҳарф шарҳу эзоҳ ёфтаанд.

Китоби луғатро мекушоем,- розӣ шуд Чебурашка.- кадом ҳарфро бинем?

– харфи «р»-ро,- пешниҳод кард Галя,- чунки паланг ҳамин хел меғуррад: рр-рр-ррр.

Боз ҳарфи «д»-ро мебинем,- гуфт Гена,- чунки палангҳо дарандаанд.

Албатта, галя ва Гена хато карданд, чунки калимаи палангро дар луғат бояд дар ҳарфи «п» ҷуст, на дар ҳарфи «р», ё «д».

Охир, вай паланг аст, на раланг ё даланг.

Лекин ман ғуррандаю даранда нестам,-гуфт Чебурашка,- пас, паланг нестам.

Вай инро гуфта, боз ба Тимсоҳ муроҷиат кард:

– Агар шумо кӣ будани маро муайян накунед, дўст намешавед?

Чаро?- ҷавоб дод Гена.- Аз шумо вобаста аст. Агар рафиқи хуб бошед, аз дилу ҷон дўст мешавем. Чӣ гуфтед?

– Албатта!- розӣ шуд Галя.- Бисёр хурсанд мешавем!

Ура!- нидо кард Чебурашка.- Ура!- ва чунон боло ҷаҳид, ки сараш қариб ба сақфи хона мерасид.

                                          БОБИ  ЧОРУМ

Вақте ҳар се шинос шуданд, Чебурашка пурсид:

– Акнун чӣ кор кунем?

– Бозӣ мекунем, бозии «сифраку хаткашак»,- гуфт Тимсоҳ.

– Не,- розӣ нашуд Галя,- хубаш маҳфили «Дастони моҳир» ташкил дода, ҳар чӣ месозем.

Лекин ман даст надорам,- афсўс хўрда, гуфт Чебурашка.

Ман ҳам бедастам,- ўро тасаллӣ дод Тимсоҳ.- Фақат чаҳор по дорам.

Ин тавр бошад, маҳфили «Пойҳои моҳир» ташкил диҳем?- пешниҳод намуд Чебурашка.

– «Думҳои моҳир» бошад беҳтар нест?- пурсид Тимсоҳ.

Афсўс, ки ман дум надорам,- гуфт Галя.

Ҳама хомўш монданд. Ин лаҳза, Чебурашка дар рўйи миз як соатро дид. Вай нахост, ки ба назари дўстони наваш шилқин намояд. Аз ин сабаб гуфт:

– Медонед чӣ,-гуфт вай,- бевақт шуд, вақти хайрухуш расид.

Бале,– розӣ шуд Тимсоҳ.

Дар асл вай аз дўстонаш ҷудо шудан намехост, фақат хобаш омада буд… Ҳамон шаб Гена нағз хоб кард. Аммо Чебурашка бедорхобӣ кашид: вай хурсанд буд, бовар намекард, ки дўстони нав пайдо намудааст. Чебурашка то бевақт дар ҷойгаҳаш паҳлў гашт, борҳо аз ҷойгаҳ берун шуда, дар хоначааш пасу пеш қадам зад…

БОБИ ПАНҶУМ

Акнун Гена, Галя ва Чебурашка ҳар шаб вомехўрданд. Онҳо баъди кор дар хонаи Тимсоҳ ҷамъ омада, дўстона суҳбат мекарданд, қаҳва нўшида, ба бозии «сифраку хаткашак» машғул мешуданд.

«Аҷиб,- як шаб фикр кард Чебурашка,- агар Тимсоҳро ба хона даъват кунам, меомада бошад? Не намегуфтагист,- худ ба саволаш ҷавоб дод вай.- Охир, мо дўст шудем. Мабодо не гўяд, чӣ?»

Барои он ки майнааш гиҷ нашавад, Чебурашка гўшаки телефонро гирифту ба Тимсоҳ занг зад.

Алло, Гена, дуруд!- гуфт вай.- Ба чӣ кор машғулӣ?

Бекорам,– ҷавоб дод Тимсоҳ.

Ин тавр бошад, бархезу биё, меҳмони ман шав.

Меҳмони ту шавам?- ҳайрон шуд Гена.- Барои чӣ?

Чебурашка фикри аввалини ба сараш омадаро изҳор намуд:

– Қаҳва менўшем.

Хуб шудаст,- гуфт Тимсоҳ.- Бо ҷону дил меоям!

Чебурашка хост «ураа»- гуфта, фарёд занад, аммо андешид, ки ҳоҷат ба фарёд задан нест. Як дўст ба хонаи дўсти дигараш меомадааст. Акнун ғами пешвоз гирифтани меҳмону зиёфат доданашро бояд хўрд.

Аз ин сабаб гуфт:

Дўстам, бемалол бошад ду пиёла ҳам гирифта биёр. Дар хонаи ман ягон зарф нест.

– Албатта, албатта,- розӣ шуд Тимсоҳ,- меорам.

Пас аз лаҳзае Чебурашка дубора занг зада гуфт:

Медонӣ, дўстам, ман қаҳваҷўшонак надорам. Илтимос, аз они худатро биёр. Ман дар ошхонаат дида будам.

– Хуб шудаст, меорам.

– Боз як илтимоси дигар дорам, дўстам. Сари қадам ба мағоза даромада, қаҳва бигир. Қаҳваи ман тамом шудааст. Баъди ин Чебурашка боз ба Тимсоҳ занг зада, хоҳиш кард, ки ягон сатилча ҳам гирифта биёрад.

Сатилча?- пурсид Гена.- барои чӣ?

Барои он ки… Вақте аз назди ҷумаки об мегузарӣ, сатилчаро об пур карда биёр. Ман овора шуда, аз хона берун наравам.

Хуб шудааст,- бори чандум розӣ шуд Тимсоҳ.- Тамоми хоҳишу илтимосатро иҷро мекунам.

Чанд дақиқа гузашту Тимсоҳ меҳмони Чебурашка шуд. Вай мисли ҳаммоли вокзали роҳи оҳан зери бору буна монда буд.

Шодам, ки меҳмони ман шудӣ,- Генаро хурсандона пешвоз гирифт, Чебурашка.- Нағз кардӣ, лекин, дўстам, қаҳва ҷўшондан аз дастам намеояд. Дар умрам ин корро накардаам. Албатта, ту метавонӣ, ҷўраҷон?!

Гена дасту остин бар зад. Берун рафта, хасу чўб чида овард, дар беруни хоначаи телефон гулхан фурўзон кард ва қаҳваҷўшонакро болои оташ гузошт. Пас аз ним соат қаҳва ҷўшида таёр шуд. Чебурашка аз шодӣ дар курта намеғунҷид.

Ҳарду қаҳва нўшиданд. Вақти гусел Чебурашка пурсид:

– Хайр, чӣ хел? Нағзакак меҳмондорӣ кардам?

Қаҳваат олиҷаноб буд,- ҷавоб дод Гена.- Фақат як хоҳиш дорам. Агар минбаъд маро меҳмон кардан хоҳӣ, шарм надор, бархезу хона биё. Бигў, ки маро чӣ хел зиёфат додан мехоҳӣ: чой мехоҳам, қаҳва мехоҳам, ё дилам хўроке мехоҳад. Дар хона ҳамаро дорам. Маро дар хонаи худам бемалол меҳмондорӣ карда шин. Хуб? Ту розӣ?

Хуб, ман розӣ,- ҷавоб дод Чебурашка.

Албатта, вай андак хиҷолат кашид, чунки Тимсоҳ ишоракунон ба вай эрод гирифт. Бо вуҷуди ин қаноатманд буд. Охир, ба хонааи ў Тимсоҳи азимҷусса ташриф оварда буд.

(Давом дорад)

МАНБАЪ: Эдуард Успенский: “Гена ва дӯстони ӯ”, Душанбе, 2023.

Ин ва даҳҳо ба ин монанд китобҳои хубро бачаҳои хуб метавонанд дар толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мутолаа намоянд.

Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,
мутахассиси шуъбаи адабиёти
кӯдакон ва наврасон.