Хати паҳлавӣ ва анвои он
Хатти паҳлавӣ ё дабираи паҳлавӣ номи хатест, ки барои навиштани забонҳои порсии миёна ва паҳлавии ашконӣ (портӣ) ба шакли катибавӣ ё китобат истифода мешуданд. Ин навъи хат аз хати монавӣ мустақил буда, сарчашмаи он хати оромӣ мебошад ва монанди оромӣ аз рост ба чап навишта мешуданд.
Дабираҳо ё хатҳои паҳлавӣ одатан ба зершохаҳои зерин ҷудо мешаванд:
Портии катибавӣ ё дабираи паҳлавии ашконӣ, ки барои навиштани забони портӣ истифода мешуд. Дар ин намуди хат ҳарфҳо аз ҳам ҷудо-ҷудо навишта мешуданд.
Гашта–дабира ё дабираи паҳлавии сосонӣ, ки катибаҳои форсии миёна бо он навишта мешуданд.
Паҳлавии китобӣ ё Ом–дабира, ки китобҳои зардуштии порсии миёна бо он навишта шудаанд. Дар ин навъи хат, ки хати паҳлавии сосонӣ мебошад, ҳарфҳо бо ҳам пайваста китобат мешуданд.
Паҳлавии забурӣ ё масеҳӣ, ки тарҷумаи Китоби муқаддас ба забони порсии миёна бо он анҷом шудааст.
Гарчанде ин хатҳо аслан решаи ягона ва бо ҳам шабоҳатҳои муштарак доранд, фарқияташон ба андозаест, ки ҳар кадом ҷудогона баррасӣ мешаванд. Ҳарфҳои сангнавиштаҳои портӣ бо порсии миёна, хоҳ катибавӣ бошанд, хоҳ китобӣ, фарқиятҳои зиёд доранд. Бо вуҷуди он ки худи вожаи «паҳлавӣ» аз «паҳлав» гирифта шудааст, ки он низ шакле аз вожаи бостонии «парсава» мебошад, аммо истилоҳан ҳамаи дабираҳое, ки бо онҳо ҳам забони портӣ ва ҳам порсии миёна навишта мешуданд, «Хати паҳлавӣ» номида мешаванд.
Умуман хати паҳлавӣ хати бисёр печидаву мушкил ба ҳисоб меравад, бахусус мушкилфаҳм будани навъи хати паҳлавии китобӣ аз дигар навъҳо бештар аст. Дар навъҳои ҷудонавис, як ҳарф ё нависа метавонад чандин овозро ифода кунад, масалан, дар паҳлавии сосонии катибавӣ як ҳарф метавонад ҳамсадоҳои «р», «в» ё садоноки «у»-ро ифода намояд. Дар навъи муттасил ё пайваста, илова бар ин ибҳомҳо ё печидагиҳо, ба мушкилиҳои дигаре рў ба рў шудан мумкин аст. Ин пайвастшавии ҳарфҳо боис мегардад, баъзе ҳарфҳо ба якдигар хеле монанд шавад.
Чунон ки зикр намудем, хати паҳлавӣ яке аз душвортарин ва мураккабтарин хатҳо маҳсуб мешавад. Гарчанде, ки ин навъи хат ҳамагӣ 22 ҳарф дорад, аммо бисёре аз ин ҳуруф метавонанд чандин овозро ифода намоянд. Аз ин рӯ, хонанда бо чандмаъноӣ ва душвориҳои зиёди талаффуз рӯ ба рӯ мешавад. Илова бар ин, байни нусхаҳои гуногуни хатти паҳлавӣ тафовутҳои зиёд вуҷуд доштаанд. Масалан, паҳлавии ҷанубу ғарби Эрон 19 ҳарф ва паҳлавии шимолу ғарби Эрон 20 ҳарф доштааст. Ба гуфтаи донишмандон, мушкилоти ин хат дараҷае буд, ки вақте мӯбадони зардуштӣ ба нигоштани китоби Авасто пардохтанд, хати паҳлавиро барои он муносиб надонистанд. Аз ин рӯ, бо такя ба хатти паҳлавӣ, хати нав, осон ва комилтаре сохтанд, ки онро «хати авастоӣ» ё «дин-дабира» (хати динӣ)номиданд.
Хусусиятҳои дигари хати паҳлавӣ имлои таърихӣ ва ниматаърихии он мебошад. Ба ин маъно, ки шакли навишташуда танҳо идомаи суннати нигориши бостонӣ аст, аммо талаффузи он ба давраи миёна тааллуқ дорад. Аз муҳимтарин нишонаҳо хондани ҳарфҳои «т», «п», «к» ва «ч» пас аз садонок аст, ки дар форсии миёна мутаносибан «д», «б», «г» ва «з» ва дар портӣ «д», «б», «г» ва «ҷ» хонда мешуданд. Масалан, «бут» менавиштанд, вале «буд» мехонданд ё «руч» менавиштанд ва дар форсии миёна «рӯз» ва дар портӣ «руж» мехонданд. Баръакси «д», «б» ва «г» пас аз садонок дар форсии миёна «и», «в» ва «ё» ва дар хати портӣ «з», «б» ва «ғ» хонда мешуданд.
Хусусияти дигаре, ки дар ҳамаи навъҳои хати паҳлавӣ мавҷуд аст, истифодаи ҳузворишҳо мебошад. Ҳузвориш ба он маъност, ки баъзе калимаҳо дар матн ба забони оромӣ навишта мешуданд, вале ҳангоми қироат ба форсӣ хонда мешуданд, масалан, дар матн «малик» навишта шудааст, ҳангоми хондан калимаи «шоҳ»-ро талаффуз мекунанд. Барои пайдоиши ҳузвориш фарзияҳои гуногун пешниҳод шудаанд. Яке аз онҳо ин аст, ки азбаски суннати дабирӣ ба оромиён тааллуқ дошт, бисёре аз ин калимаҳо ба навиштор роҳ ёфтанд, аммо чун соҳибони ин дабирон оромӣ намедонистанд, калимаҳо ҳангоми хондан ба форсӣ баргардонида мешуданд.
Донишмандон барои омӯзиш ва таҳлили матнҳои паҳлавӣ, онҳоро ба хати лотинӣ бармегардонанд. Ин кор дар ду марҳала сурат мегирад, аввал ҳарфнигорӣ ва сипас овонигорӣ менамуданд. Ба сабаби норавшании хати паҳлавӣ, ҳатто ҳарфнигорӣ низ кори осон нест ва дар баъзе мавридҳо, махсусан дар паҳлавии китобӣ, миёни эроншиносон дар бораи шакли дурусти калима ихтилофи назар вуҷуд дорад. Овонигорӣ низ бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ буда, аввал он ки садонокҳои кӯтоҳ нишонаи ҷудогона надоранд. Дуюм, садонокҳои дароз гоҳе метавонанд ҳамчун ҳамсадо фаҳмида шаванд, ки ин хусусиятҳо то ҳатто дар хат ва забони имрӯзаи форсӣ низ дида мешаванд. Чунончӣ, «Шопур»-ро «Шопвар» ҳам хондан мумкин аст.
Рамзӣ Ҷумъақулов,
сардори шуъбаи Дастхатҳои
Шарқ ва китобҳои нодир.