Маҳфили “Фурӯғ” бо “Лаълии бебаҳо” аз Болта Ортиқов
Дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Презитденти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баргузории маҳфили “Фурӯғ” иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст…” ва хонандагони шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхона ҳикояи Болта Ортиқов “Лаълии бебаҳо”-ро таҳлил намуда, миёни ҳам баҳсу мунозира карданд.
Маҳфили “Фурӯғ” ҳамчун барномаи телевизионии “Фурӯғ” дар шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ дар ҳошияи Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар якҷоягӣ бо Телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон”, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор мегардад.
Бояд гуфт, ки аслан маҳфили “Фурӯғ” бисёр ҷолиб сурат мегирад, зеро бачаҳо ҳамагӣ мехоҳанд ба паҳлуҳои гуногуни ин ё он асари хондаашон рӯшанӣ андозанд ва “Фурӯғ” маҳз дар ҳамин кор ба иштирокчиён кӯмак мерасонад. Барандаи маҳфили мазкур адиби дӯстдоштаи бачаҳо Азизи Азиз ба иштирокдорон суолҳо пешниҳод карда, тарзи баёни фикрро ба онҳо меомӯзонад.
Азбас “Лаълии бебаҳо”-ро ҳамаи иштирокчиёни барномаи навбатӣ мутолиа кардаанд, аввало мазмуни онро мухтасар ҳикоя намуда, сипас муҳокима шуруъ мешавад. Ҳакамони озмун кадом саволҳоро ба иштирокдорон метавонанд пешниҳод кунанд? Ин ҷо суолҳо гуногунанд, ба мисли, “Чаро усто Боқӣ-мисгар лаълие, ки дар он акси худ ва модарашро таҷассум кардааст, дар дӯконаш ҷой додаст, ҳол он ки азми фурӯши онро надорад?”, “Барои чӣ ҳамин хел як бачаи шӯх, ба қавле “ба замин занӣ ба осмон мепарид” ин қадар модарашро ёд мекунад?”, “Устои мисгар дар синни чандсолагӣ ба қадри модараш расид?”, “Чаро рӯи лаълӣ маҳз акси модарашро офарид?”, “Ба кадом хотир усто Боқӣ-мисгар ин лаълиро бебаҳо медонист?”, “”Ба қатори мардум даромадам” -гуфтани Усто Боқӣ чӣ маънӣ дорад?” ва амсоли инҳо.
Иштирокдорони маҳфил фаъолона ба суолҳо ҷавоб мегуфтанд. Ҷавобҳо низ вариантҳои гуногун доштанд. Ҳар яке мехост варианти худро пешниҳод кунад, ки ҳамаи инҳо паҳлӯҳои гуногуни матлабро инъикос менамоянд.
Ҳикояи “Лаълии бебаҳо” кӯтоҳ бошад ҳам пурмаъност ва баҳс атрофаш метавонад доманадор бошад. Аз ин рӯ, ҷараёни маҳфилро хоҳишмандон метавонанд рӯзҳои наздик аз Телевизиони Баҳористон тамошо кунанд.
Махфират МУҲИДДИНОВА