Иштироки намояндаи Китобхонаи миллӣ дар ҳамоиши байналмилалии ҷавонон дар шаҳри Москва
5-уми феврали соли 2026 дар шаҳри Москва-пойтахти Федератсияи Русия марафони байналмилалии «Русия – кишвари оилаҳо» баргузор гардид, ки дар он ҳайати ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фаъолона иштирок намуданд.
Аз ҷониби Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мудири бахши матбуот ва робита бо ҷомеаи муассиса Абдуғаюр Саломов дар ин ҳамоиши сатҳи баланд иштирок кард.
Ҷалби ҷавонони ҷумҳурӣ барои иштирок дар ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.
Дар доираи он намояндагони кишварҳои гуногун, ходимони давлатӣ, олимон, варзишгарон ва чеҳраҳои маъруфи фарҳангиву ҳунарӣ бо барномаҳои фарҳангӣ баромад намуданд.
Барномаи марафон хеле фарогир буда, лексияҳои маърифатӣ, мастер-классҳои фарҳангӣ ва варзишӣ, намоиши либосҳои миллӣ, консертҳо ва барномаҳои эҷодиро дар бар гирифт.
Ҳамзамон, барои иштирокчиён намоишгоҳҳои мавзуӣ, китобхонаҳои адабиёти халқҳои гуногун, чашидани лаззати таомҳои миллӣ ва барномаҳои интерактивӣ ташкил карда шуданд.
Иштироки намояндаи Китобхонаи миллӣ дар чунин чорабинии байналмилалӣ ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ миёни ҷавонон, мубодилаи таҷриба ва густариши ҳамкориҳои илмӣ-фарҳангӣ мусоидат менамояд.
Ҳамзамон, ин сафар имконияти хубе фароҳам овард, то ҷавонони Тоҷикистон дар ин як фазои фаҳангӣ барои ҷумла фазои байналмилалӣ арзишҳои миллиро муаррифӣ намуда, робитаҳои дӯстиву ҳамдигарфаҳмиро тақвият бахшанд.