Шинохти Салими Хатлонӣ аз китоби “Табъи Салим”
“Табъи Салим”. Ин китоб ба тозагӣ ба дасти хонанда арсидааст ва дар он асосан мақолаҳои дар солҳои гуногун таълифнамудаи олимон, адабиётшиносон, мунаққидон ва донишмандони нуктасанҷ роҷеъ ба рӯзгор ва осори шоири хушбаёну соҳибназари тоҷик Салими Хатлонӣ гирдоварӣ шудаанд, ки метавонад барои истифодаи пажӯҳишгарон дар доираҳои таълимӣ, адабӣ, маҳфилҳои бадеӣ ва дар корҳои илмӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.
Арзёбии ашъори Салими Хатлонӣ аз забони донишмандони шинохтаи кишвар:
СОҲИБ ТАБАР, адабиётшинос, мунаққид, узви вобастаи АМИТ (12.03.2000. Толори театри академӣ – драмавии Лоҳутӣ):
«Одатан миллати тоҷик шоирпарвар аст ва аз чаҳор як ҳиссаш шоир мебошад. Аввалан нозимон дар ин миллат ниҳоят зиёданд сершуморанд, вале дар тамоми умраш Салими Хатлонӣ ба сӯи нозимон қадаме нагузоштааст. Ва дуввум шоиронанд, ки дар ҳақиқат Салими Хатлонӣ шоир аст ба маънои ҳарфи калони ин калима. Шоир, ки аз калимаи шуъур аст, яъне тафаккуру хираду интеллекти миллатро баланд мебардорад, дар замири хеш хираду тафаккур, ишқу муҳаббату садоқатро талқин менамояд. Хушбахтона, ҳама унсурҳои азалии шоирӣ дар Салими Хатлонӣ баръало мушоҳида мешаванд. Ва ҳам шоирест, ки ӯ ақл, шуъур, тафаккур ва интеллекти миллати тоҷикро бедор мекунад.
Ӯ шоири ишқу ошиқӣ, ҳаёт, дӯстиву муҳаббат аст, ки чунин шоирон дар мо хеле ва хеле нодиранд. Чунин шоирон дар ҳар аср ду – се ва ё чаҳор нафар ба вуҷуд меоянд. Чунин шоирро ман дар симои Муъмин Қаноъат ба пуррагӣ эҳсос кардаам ва Салим ҳам аз зумраи онҳост, агар ин масъулиятро барои ҳамеша дарк карда бошад…»
МУЪМИН ҚАНОАТ, Шоири халқии Тоҷикистон. (12.03.2000. Толори театри академӣ – драмавии Лоҳутӣ):
«Салими Хатлонӣ яке аз шоиронест, ки шояд китоби аввалини ӯ дар интихоби мавзуъ ва мазмун аз китоби ҳама ҷавоншоироне, ки аз аввал то ба имрӯз буданд, олитар ва пухтатар аст. Дар шеъри ӯ сухани асил ва тозакориҳо аз дарун, аз дарунмояи шеър, аз тасвирҳо ва тозакориҳои рангину зебо шуруъ шудааст.
Тасвири рангу бӯро аз сабки Бедил бо сабки худаш бисёр нозук истифода мекунад… Яъне, ки дар маҷмуъ Салими Хатлонӣ яке аз шоиронест, ки истиқлоли комили шоирӣ дорад. Фардият, шахсият ва сабки тозаи худро дорад.
Яъне, ки аз ӯ бӯи тақлид намеояд, ҳарчанд ки дар шеъри форсӣ аз замони Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ то кунун ин шева маҳлул шудааст… аммо шеъри Салим ба сифати нав, бо шакли нав, бо чеҳраи худаш дар ин ҳулул берун омадааст…»
ҲАҚНАЗАР ҒОИБ, Шоири халқии Тоҷикистон:
«Дар муколамаҳои ӯ руҳи шеъри иқболона бараъло ҳувайдо мешавад. Шӯру шар ва гирумони иқболона дар шеъру манзума ва муколамаҳои ӯ нафаси тоза пайдо кардаанд, ки дар он ҳавсалаи баёни бедилона низ ба мушоҳида мерасад. Андешаҳои фалсафӣ ин гуна офаридаҳоро қавияти афкор ато мекунанд, ки он хоси ҷаҳонбинии Салими Хатлонӣ мебошад».
МУҲАММАД ҒОИБ, Шоири халқии Тоҷикистон:
«Аз шеъри Салими Хатлонӣ накҳати шеъри Ҳофизу Мавлавӣ меояд. Бисёр байтҳо ва суханони самимӣ мегӯяд ва маҳз ҳамин ҷиҳат буд, ки рӯ ба ин бузургон овард ва дар маврид рисолаи докторӣ ҳам ҳимоя кард».
МИРЗО МУЛЛОАҲМАД, узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои филологӣ, профессор:
«Ашъори Салими Хатлонӣ саршор аз тасвирҳои мантиқии пуробурангест, ки ҳар ифодаи он дар алоҳидагӣ, бо рамзу киноя ва ташбеҳу талмеҳот бори маънӣ мекашад.
Инсон дар маркази чашмандози шоирии ӯ қарор дошта, бо ҳама мураккабиву тазодҳои ботинӣ, ҳамеша барои накукориву бунёдкорӣ, пешрафту созандагӣ талош менамояд».
АЛАМХОН КӮЧАРЗОДА, узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои флологӣ, профессор:
«Салими Хатлонӣ ҳам дар жанрҳои суннатӣ ва ҳам дар шаклҳои нави шърӣ шоири тавоно ва муваффақ аст. Шеъри ӯ, чун зода ва парвардаи даврони Истиқлолияти Тоҷикистон, аз маҳдудаҳои мафкураи ҳоким озод гардида, ба падидаҳои ирфонии назми классики тоҷик гаравиш пайдо кард ва бо услуби хоси нигориш, бо забони рангину ғановатманд, бо мувофиқати комили лафзу маънӣ дар таърихи адабиёти давраи нави тоҷик ҷойгоҳи муносиб ишғол намуд».
ШАМСИДДИНИ СОЛЕҲ, доктори илмҳои филологӣ, профессор:
«Салими Хатлонӣ ба ҳайси шоир ба муаррифӣ ниёз надорад. Сеҳри каломи пуртаровату рангин ва зеҳннишинаш кайҳост, ки бо муҳтавиёти дилнишинаш ба дилҳо роҳ ёфта, шеъри ӯ имрӯзҳо дар доираҳои хурду бузурги адабии Эрону Афғонистон низ шинохта шуда аст».
Хонандагон китоби “Табъи Салим” (Маҷмуаи мақолаҳо оид ба рӯзгор ва осори Салими Хатлонӣ) – ро аз Китобхонаи миллӣ метавонанд мутолаа кунанд.
Анӯшаи Ҷамолиддин
мутапхассиси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд.