Евгений Бертелс: “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ”. Дақиқӣ. Охир

Сипас мебинем Фирдавсӣ он чакомаҳои Дақиқиро, ки ба номаи худ дароварда бо мўшикофии бисёр намоёнидааст. Дар ин миён онҳоро дар хатти сахттарин накуишҳо ҳам гузоштааст. Равшан аст наметавон пазируфт, ки шеърҳои Дақиқӣ аз нигоҳи устодӣ аз офаридаи Фирдавсӣ бисёр поинтараст. Забони он мансухтар, хушктару таковост.

Аммо аз дигар сў ба дида дошт намое, ки Дақиқӣ достони худро аз он оғоз кардааст дарунмояҳое чун дигар бахшҳои «Шоҳнома надорад», ки битавон баҳрагирии судмандона кард ва аз ин рў чакомасаро дар баробари анҷоми кори душворе даст ниҳодааст. Дақиқӣ бо сарбаландӣ кори душворашро анҷом дода ва бисёр мўшикофона, достони бостонро бозовардааст. Ҳангоме ки дидмони сахти Фирдавсиро мехонем нохудогоҳ аз сангдилии ў шигифтзада мешавем. Охир пайдост, ки Фирдавсӣ наметавонист бо ҳамаи костиҳои ин сурудаҳо, хидматҳои арзанда ва бузурги Дақиқро нодида гирад.

Аз ин рў бояд бароянди мо чунин бошад, ки хости Фирдавсӣ барои канора гирифтан аз ситоиши бунёнгузори оини Зартушт, ки дар чакомаҳои Дақиқӣ аст, ангезаи накуҳишаш аз Дақиқӣ будааст. Шеъри порсӣ-дарии садаи даҳуми масеҳӣ дар чакомаҳои шоироне, ки дар Осиёи Миёна ва Хурусон мезистанд, ба шукуфоии волое даст ёфт. Дар асос аз шоироне сухан гуфтем, ки ба гунае ба дарбори Сомониён вобаста буданд. Пайдост набояд пиндошт, ки осори адабии он рўзгор ҳамон адабиёти дарборӣ будаасту бас. Бо боварии бузург метавон чунин баршумурд, ки мардуми он рўзгор ҳам шеърҳои ғаноии нағзе месуруда, афсона мегуфта ва сухани худро бо масалҳову зарбулмасалҳо меоростаанд. Дар он рўзгорони дур танҳо ангуштшуморе метавонистанд фарҳехта бошанд. Аз ин рў равшан аст, ки ҳеҷ навиштае аз осори даҳонии мардум наметавонист бимонад. Ба гумоне бисёр адабиёти даҳонии мардум, ки имрўз ҳам дар миёни мардуми Тоҷикистон ва Эрон зинда аст, пажвок ва овоҳои фаровон аз жарфои бостон дорад. Аммо нахуст бояд бигўем, ки осори даҳонии мардум ҳанўз чунонки шояду бояд гирдоварӣ нашудааст ва дувум ин кўшиш барои бозсозии адабиёти даҳонӣ дар садаи бистуми милодӣ аз рўи осори садаи даҳум масъалае аст яксара бозногушуданӣ. Пораҳои парокандаи адабиёти садаи даҳуми масеҳӣ, ки ба дасти мо расида аст он ситеғи баландеро, ки дар он рўзгор сухану суханварӣ бар фарозаш устувор буд, менамоёнад.

БАХШҲОИ ҚАБЛӢ:

Парвое нест аз ин ки ин адабиёт дар хидмати бузургони феодал будааст. Бо ин ҳама онро на ин ки намояндагони ашроф, балки рашанфикрони он рўзгор, ки ба тўдаҳои мардум вобаста буданд падид оварданд. Гумоне нест бар ин, ки бисёр чизҳо дар адабиёти садаи даҳуми милодӣ (дар бораи ҳамосаи сутурги паҳлавонӣ ҷои сухан ҳам нест) бо асарҳои тўдаи мардум вобаста мебошад ва ин ки бархе чеҳраҳои ҷудогона ва ҳамсанҷиҳои он давронро метавон имрўз ҳам дар осори даҳонии мардум ёфт. Аммо масъала он аст, ки чӣ гуна дарёбем чӣ чизе аз сарояндагони тўдаи мардум баромада ва чӣ чизе аз осори пурнубуғи шоирони ҳирфаӣ ҳамчун Рўдакӣ, ба чакомаҳои мардум рахна кардааст. Имрўз ин марзбандӣ номуяссар аст. Аз ин рў, бо огоҳӣ бар ҳамаи буридагиҳо ва костиҳои ин бахши пажўҳиш дубора мебоист бигўем, ки ҳанўз наметавонем бар жарфнои зиндагии адабии садаи даҳуми масеҳӣ даст ёбем.

Чунонки гуфтем, ҳатто шоирони дарбори он рўзгор ҳам ҳамвора дар баробари зӯрмандон чоплусӣ накарда, балки аз ҳирозгоҳи забон ба накуҳиши он чи ки гирдогирдашон буда, мекўшидаанд. Аз чунин суханони накуҳишбори суханварони садаи даҳуми масеҳӣ, андаке беш намонда. Аммо агар ҳолу рўзи густариши адабиётро дар садаҳои бисёр ба дида бардорем, он гоҳ аз ин нукта дар шигифт нахоҳем шуд. Танҳо намояндагони табақаи ҳоким буданд, ки метавонистанд китобхона барои хеш биёроянд. Зеро китоб дар он рўзгорон, бисёр гарон будааст. Медонем, ки бузургон бештар ба адабиёте нигариш доштанд, ки посухгўи суди онон бошад ва осори чакомасароёни накуҳишгар ба корашон намеомад ва кўшише барои гирд овардандашон надоштанд. Бояд бадбахтиҳои ҳавлнокеро ҳам, ки Осиёи Миёна, садаҳо дучораш буд (турктозии қарахониён, юриши муғул ва хунрезии бепоёни хонҳо) ба дида дошта бошем. Дар чунин ҳолу рўз танҳо китобҳое метавонистанд бимонанд, ки дар даҳҳо нусха будаанд ва ё ин ки бахт ёрашон будааст.

Пас бо нигоҳи равшан ба ҳамаи он чӣ гуфтем бояд дубора ёдовар шавем, ки садаи даҳуми масеҳӣ, даврони шукуфоии дурахшони шеъри порсии дарӣ будааст. Шеър, ки дар даврони пайкори сахте барои бозсозии фарҳанги меҳан падид омад, вобастагии танготанге бо осори мардум дошт ва рангҳои равшани худро аз он мегирифт. Чакомасароёни он рўзгор, ҳатто тавониста буданд ба намуди беҷони мадеҳаҳои дарборӣ ҳам ҷон бидаманд. Аз ин рўст, ки адабиёти порсӣ тавонист солҳои сол ҳам ба адабиёти порсӣ-дарӣ ба мафҳуми борики хеш ва ҳам ба адабиёти мардуми ҳамсоя бавижа онҳое, ки забонашон ба ҳам наздик буд, неру бидиҳад.

(Анҷом)

Матни комили ин матлаби ҷолиб ва таҳлили олимонаи устод  Евгений Бертелсро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ аз китоби ӯ “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ” бихонед.

Китоби мазкур аз сислсилаи “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун) аз ҷониби Китобхонаи миллӣ соли 2025  зери назари академик Носирҷон Салимӣ интишор ёфтааст. Китобро Сируси Эзадӣ ба форсӣ баргардон кардааст.

Таҳияи Маҳинбонуи Ҷамолиддин

Маркази “Тоҷикшиносӣ”.