“Моҳӣ дар шаст”- филме, ки бояд дид…
Бо ибтикори роҳбарияти Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Студияи “Довфилм” филми коргардони шинохта Муҳиддини Музаффар “Моҳӣ дар шаст” намоиш дода шуд.
Тадбири мазкур дар доираи барномаҳои идона бахшида ба 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Истиқлолият ва рушди кинои тоҷик” сурат гирифт ва ҳадаф аз ин гуна нишастҳои фарҳангӣ нишон додани вазъ ва дурнамои кино дар Тоҷикистон мебошад.
Дар намоиши ташкилгардида кормандони Китобхонаи миллӣ, меҳмонону ҳаводорони синамо филми “Моҳӣ дар шаст”-ро тамошо намуданд.
Дар оғоз Муҳаммадиқбол Атозода, муовини директори Китобхонаи миллӣ меҳмононро хайрмақдам, гуфта иброз дошт, ки Китобхонаи миллӣ пайваста талош мекунад, то дар шинохти фарҳанги миллӣ ва маъруфияту маҳбубияти он миёни ҷомеа саҳмгузор бошад. Қайд гардид, ки тадбири мазкур низ маҳз бо ҳамин ҳадаф ба роҳ монда шуда, умеду нигоҳ ва боварии мардумро ба синамои тоҷик ва ояндаи он зиёд мекунад.
Филми коргардони шинохта Муҳиддин Музаффар саргузашти таъсирбахши писарбачаи даҳсолаеро бо номи Далер қисса мекунад, ки тарбиятгирандаи мактаб-интернат буда, ҳамроҳи Самади буҷулбоз ба сафари тулонӣ аз шимол то ҷануби Тоҷикистон барои ҷустуҷӯи модараш мебарояд.
Ин сафар танҳо достони ҷустуҷӯи модари кӯдак нест, балки нишон додани тағйири ботини ӯ ва атрофиёнаш низ ҳаст.
Дар меҳвари филм тарзи муносибати се қаҳрамон ба зиндагист. Наврас (Далер) дар ҷустуҷӯйи модар аст. Самад (ронандаи Москвич) ва пирамарде, ки модарро пуштупаноҳи худ медонад.
Масъалагузорӣ, саҳнаҳо, маҳорату касбияти ҳунармандон ва кори тадвину оҳанг, ки хеле хуб рӯйи кор омадаанд, тамошобинон назару андешаҳои худро хеле хуб баён доштаанд.
Дар филми мазкур мавзеҳо бисёр зебо ва ҷаззоб интихоб гардидаанд, ки кас аз тамошои манзараҳо лаззати маънавӣ мебарад.
Филми мазкур фили муштараки синемогарони Тоҷикистону Эрон аст, ки пурра дар Тоҷикистон сабт гардида, садобардорӣ, танзим ва оҳангсозии он дар Эрон анҷом дода шудааст. Ин таҷрибаи бесобиқа барои синамои муосири тоҷик дар даврони истиқлол ба ҳисоб меравад.
Оҳангсози филм яке аз чеҳраҳои шинохтаи ҳунари Эрон Фардин Халъатбарӣ мебошад. Ораш Қосимӣ – садогузор, Эмоди Худобахш – танзимгар, Амири Тоҷик ва Муҳиддини Музаффар таҳиягарони “Моҳӣ дар шаст” мебошанд.
Дар филм ҳунарпешаҳои шинохтаи Тоҷикистон, Русия ва Эрон барои нақшофарӣ ҷалб карда шудаанд. Дар нақшҳои марказӣ Хуршед Мустафоев, Сайёра Сафарӣ, Абдулло Абдураҳимзода, Шаҳло Раҳимӣ, Исфандиёр Ғуломов, Моҳпайкар Ёрова, Асалбек Назриев ва Асланшо Раҳматуллоев ҳунарнамоӣ кардаанд.
Филми «Моҳӣ дар шаст» дар муддати кӯтоҳ соҳиби якчанд ҷоиза ва эътирофи байналмилалӣ гардидааст:
- Шоҳҷоизаи «Тоҷи Сомон» (2024): Ғолиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи миллии Душанбе.
- Кинофестивали кӯдакон ва наврасони Исфаҳон (Эрон): Соҳиби «Ҷоизаи хоссаи котиби фестивал» дар 37-умин Кинофестивали байналмилалии кӯдакон ва наврасони Исфаҳон (2025).
- «Парвонаи алмосӣ» (Русия): Барои ду бахши асосӣ — «Беҳтарин нақши дуюми мардона» ва «Беҳтарин коргардон» ба сегонаи беҳтаринҳо роҳ ёфт.
- Кинофестивали «Шилингел» (Олмон): Нахустнамоиши ҷаҳонии филм дар Олмон, дар доираи 30-юмин Кинофестивали байналмилалии филмҳои бачагон ва наврасон.