Баргузории маҷлиси солона ва шарҳу тавзеҳи Паёми пешвои миллат дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Китобдор”

Нимаи дуюми рӯзи 16-уми феврали соли равон дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Китобдор”-и Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи мазкур дар соли 2025 ва муйаян намудани самтҳои фаъолият барои соли 2026, маҷлиси умумӣ доир гардид.

Дар кори маҷлис директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Китобдор” – Файзализода Ҷумахон Хол, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ – Қурбонзода Убайдулло ва аъзои ҲХДТ аз Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Китобдор” ширкат варзиданд.

Маҷлисро раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Китобдор” – Файзализода Ҷумахон Хол оғоз намуда, рӯзномаи маҷлисро ба ҳозирин ироа намуд. Ҳамзамон дар масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис, ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Китобдор”-и Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2025 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда маъруза кард.

Ӯ аз ҷумла иброз дошт, ки  Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Китобдор» дар асоси қонунҳои амалкунанда, Оиннома ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дастурҳои Сарвари муаззами ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷаласаҳои Кумитаҳои марказӣ ва иҷроия фаъолият кардааст. Дар давраи ҳисоботӣ, Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Китобдор» як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсию иҷтимоиро баргузор намуд. Маҳз дар ин давра дар шакли китоб як маводди таблиғотӣ дар бораи нуқтаҳои муҳимми Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳи ва чоп карда, ба вазорату идораҳо, шаҳру ноҳияҳо ирсол гардид.

Ҳамчунин профессор Файзализода таъкид кард, ки аъзои Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Китобдор» дар соли 2026 кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то дар тадбиқи ҳадафҳои созандаи ҳизб саҳми шоиста гузоранд.

Дар музокира оид ба масъалаи мазкур ва ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти ҳизб дар Кумита дар соли 2026 пешниҳодҳои муфид ироа гардида, вобаста ба он лоиҳаи қарор қабул шуд.

Аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис, лоиҳаи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Китобдор” оид ба омӯзиш, шарҳу тавзеҳ ва иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 16 декабри соли 2025 ироагардида, ба баррасии аъзои Кумита пешниҳод шуд ва қарори дахдор қабул гардид.

Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Абдураҳим Шоҳиён оид ба Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16.12.2025 ва нақши он дар ташаккули низоми давлатдорӣ ва рушди соҳаҳои муҳими кишвар, инчунин, вобаста ба тақвияти корҳои таблиғотӣ миёни муҳоҷирони меҳнатӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо, мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва ҳифзи манфиатҳои иҷтимоии муҳоҷирон, масъалаҳои пешгирӣ аз гаравиши ҷавонон, аз ҷумла, муҳоҷирони корӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳифзи арзишҳо, муқаддасоти миллӣ ва омодагӣ дидан ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ суханронӣ намуд.

Дар идома, масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис тибқи тартиб мавриди баррасӣ қарор дода шуда, оид ба ҳар як масъалаи баррасигардида қарори дахлдор қабул гардид.

Дар фарҷоми маҷлис, чанд нафар аз кормандони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қаблан ҷиҳати пайвастан ба сафи ҲХДТ аризаҳои хешро пешниҳод намуда буданд, дар вазъияти тантанавӣ соҳиби шаҳодатномаи ҳизбӣ гардиданд.

Абдуғаюр САЛОМОВ