Китоби нав: Бибизулайхо Соҳибназарова: «Зиндагӣ бо навои обшорон»
Муаллифи китоб воқеаҳои солҳои барқарорсозии Ҳокимияти Шуравӣ, зиндагии мардуми тоҷик дар арафаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва солҳои баъдиҷангиро рӯйи коғаз овардааст. Дар қиссаҳои муаллиф ҳисси ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ ва тарбияи насли наврас эҳсос карда мешавад.
Махсусан доир ба ҳаёт ва фаъолияти мардуми деҳаи Обидараи Чунгак, ки дар ободонӣ, барқарорсозии сохти давлатдорӣ меҳнати босубот кардаанд, қиссаҳои ҷолибу хонданӣ эҷод кардааст.
Китоб хонандаро ба инсондӯстию ватанпарастӣ ҳидоят мекунад.
Хонандагон китоби Бибизулайхо Соҳибназарова «Зиндагӣ бо навои обшорон» – ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.
Анӯшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари
шуъбаи мукаммалгардории фонд