Адабиёти космографӣ чист ва кай дар куҷо арзи вуҷуд кард?
Адабиёти космографӣ, як намуди махсуси адабиёти илмии омавист, ки ибтидои асрҳои миёна ба вуҷуд омадааст. Адабиёти космографӣ бо истилоҳи “аҷоибот” низ маълум буда, дар он бештар тасаввуроти ибтидоии инсон дар бораи оламу одам ва рӯйдодҳои аҷоиби табиат инъикос гардидааст.
Дар адабиёти космографӣ тибқи ақидаи муалифонаш, бояд зуҳуроти тамоми воқеаҳои табиат дар алоқаи диалетикӣ бо кайҳон (макрокосм) ва инсон бо (микрокосм) ба таври илмию бадеӣ тасвир мешуд. Аввалин намунаи чунин асар ба қалами шоири форс-тоҷик Абулмуайиди Балхӣ тааллуқ дорад. Асари ӯ “Аҷоиб-ул-булдон” ном дошта, баъзе порчаҳояш имрӯз боқист. Асари дигар “Китоб-ул-аҷоиб”-и Ибни Фақеҳ мебошад, ки то ҳол дастрас нашудааст. Дар адабиёти араб Ибни Русто (асри IX) ва Ҷоҳиз (ваф.869) чунин асарҳо навиштаанд.
Дар адабиёти космографӣ тасвири сирф илмии сатҳи замин ва олами набототу ҳайвонот мушоҳида мешавад. Адабиёти космографӣ баробари маълумоти адабиёти таърихию чуҷрофӣ ва этнографӣ, ситорашиносӣ (илми нуҷум), табиатшиносӣ ва тиби амалиро, ки дар таҷрибаи олимони давраҳои гуногуни Шарқ сарчашмаҳои ҳиндию юнонӣ ва эронию арабӣ асос ёфтаанд дар бар мегирад. Илова бар ин дар адабиёти космографӣ аксар мавридҳо аҷоиботи баҳру бар ба ривояту мушоҳидоти норавшан асос ёфта бошанд ҳам, рӯйдодҳо асоси воқеӣ низ доранд.
Маълумоти таърихию ҳуҷҷати дар адабиёти космографӣ бо афсонаю ривоятҳои халқӣ омехта шудаанд. Асарҳои адабиёти космографӣ, маъмулан, бо харитаи географии шаҳру манзараҳои табиат, тасвири қасру қалъаҳо, бутхонаҳо, инчунин бо миёнтураҳое, ки дар онҳо акси одамон, ҳайвонот ва рустаниҳо кашида шудаанд, зинат меёфтаанд.
Адабиёти космографӣ аз рӯи мазмуну мундариҷа ба асарҳои ҷуғрофӣ (“Аҷоиб-ул-арз”, “Аҷоиб-ул-баҳр”, “Аҷоиб-ул-Ҳинд”), биологӣ (“Аҷоиб-ул-ҳайвонот”), дидактикӣ (“Аҷоибнома”, “Аҷоиб-ул-ҳикоёт”), динӣ (“Аҷоиб-ут-таҷдид”, “Аҷоиб-ул-қиссас”), умумӣ (аз қабили “Аҷоиб-ул махлуқот ва қароиб – ул – мавҷудот”) ва ғайра тақсим мешаванд.
Ин адабиёт дар Хуросон ва Мовароуннаҳр ба вуҷуд омада, тарққӣ кард ва баъд дар миёни асри XII, хусусан дар мамлакатҳои Шарқи Наздик ва Миёна машҳур гардид.
Баъдтар асарҳои космографӣ аз форсӣ ба забонҳои туркӣ, арманӣ, гурҷӣ, забонҳои қадими славянӣ тарчума шуданд. Дар асрҳои XII – XIV дар адабиёти космографии Шарқ дар Европаи Ғарбӣ низ муқаллидон пайдо кард. Осори онҳо бо истилоҳи лотинӣ “mirabilia” (“аҷоибот”), маъруф гардид.
Адабиёти космографӣ дар асри XIX мавқеи худро аз даст дод.
МАНБАЪ: Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2011. – Ҷ.1. – С. 172.
Таҳияи Рубаев Муин,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.