Китоби нав: Абуалӣ ибни Сино «Ҳидоятнома»
Дар ин китоб яке аз асарҳои муҳимми фалсафии Шайхурраис Абуалӣ ибни Синои Бухороӣ бо номи «Ҳидоятнома» («Китоб ал – ҳидоя») бори аввал дар шакли мукаммал дар тарҷума аз арабӣ ба забони тоҷикӣ, муқаддима, тафсир ва тавзеҳи истилоҳоти матн оварда шудааст.
Андешаманд дар «Ҳидоятнома» мавзуъҳои ҷаҳонбинии фалсафии худро дар шакли бисёр муҷаз ва мухтасар баён намудааст. Ин асарро баъди комилтарин китоби доиратулмаорифии ӯ дар соҳаи фалсафа – «Китоб аш – шифо» аз нигоштаҳои муҷаз ва мухтасари ӯ, ба истисноӣ бахши риёзиёт, дар риштаи фалсафа қаламдод метавон кард.
Китоб барои мутахассисони соҳаи фалсафа, мантиқ ва доираи васеи хонандагон ва муҳаққиқон омода гардидааст.
Муҳаррири китоб Саидаҳмади Қурбон буда, ба он доктори илмҳои филология, академик Кароматулло Олимов тақриз навиштааст.
Дар сарсухани китоб аз ҷумла омадааст: Имсол ба таваллуди Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино (370ҳ. /980 – 420 ҳ./1037) – яке аз нобиғаҳои башар ва яке аз саромадони андешаи миллии тоҷикон, ки дар тули зиёда аз 1000 сол фикру андешаи донишмандону алоқамандон ва ҳаводорони ӯро дар тамоми ҷаҳонро ба худ ҷалб сохтааст, 1405 пур мегардад. Тарҷума, таҳқиқ, тарғиб ва ба чоп расонидани осор илмӣ ва фалсафии ӯ аз вазифаҳои муҳимми ватандорӣ ва аз воҷиботи асосии синошиносӣ ва арабшиносии навини тоҷик қарор гирифтааст. Тибқи мулоҳизаи дақиқи муҳаққиқ ва тарҷумони машҳури фалсафаи арабӣ – исломӣ А.В.Сагадеев, агар пешрафти руҳи илмӣ ва фарҳангии фалсафаи атиқа дар сатҳи баланд дар осор ва эҷодиёти Арасту таҷассуми хешро пайдо карда бошад, пас, маҳз дар мероси илмӣ ва фалсафии Ибни Сино фалсафаи арабӣ – исломӣ дар асрҳои миёна «аз назари фалсафӣ дар шакли мукаммал тараққӣ ва инкишоф ёфта, дар сурати доиратулмаорифӣ ҷамъбаст ва шарҳу баён гардидааст”. Мероси илмӣ ва фалсафии Шайхурраис махзани адонашавандаи донишу маърифат аст, ки бо сипаршавии солҳо дурдонаҳои нав ба нави он аз ганҷинаи китобхонаҳои ҷаҳон пайдо гардида, мазмуну муҳтаво ва жарфнои онҳо хирмани пурбаракти илму фарҳанги ин миллати озодманиш ва куҳанбунёдро беш аз пеш пурбор ва пурбаракат сохтааст.
Хонандагон китоби Абуалӣ ибни Сино «Ҳидоятнома» – ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.
Анӯшаи Ҷамолиддин,
мутахассиси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд.