Муаррифии китоби “Рост мегӯям”-и Мирсаид Миршакар дар барномаи “Китоби нав”
Ин навбат дар барномаи “Китоби нав”-и шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”–и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби “Рост мегӯям” аз Мирсаид Миршакар муаррифӣ гардид. Гуфтанист, ки ин барнома дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” таҳия мешавад.
Ровии барнома хонандаи фаъоли шуъба Холид Шарипов барои тамошобинони барнома аввал дар бораи муаллифи китоб каме маълумот дода, чанде аз порчаҳоро қироат карда, онҳоро маънидод намуд.
Панд
Аз падари хирадманд
Монда барои фарзанд
Мероси бебаҳое –
Сето хазина – се панд
– хоҳӣ, ба матлаб расӣ:
Ҳамроҳ ба ҳар гап машав;
Беталаб чизе мадеҳ;
Ҷое бе даъват марав!
МИРСАИД МИРШАКАР 5-уми майи соли 1912 дар деҳаи Синдеви ноҳияи Рошткалъаи ВМКБ дар оилаи чорвопарвар таваллуд ёфтааст. Дар мактаби миёнаи қишлоқи Поршнев ва баъд дар мактаб-интернати шаҳри Хоруғ таълим гирифтааст. Соли 1930 Мактаби партиявии Душанберо хатм карда, муддате дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» фаъолият бурдааст. Дар сохтмони Вахш иштирок намудааст, муддате муҳарририи рӯзномаи «Зарбдори сохтмони Вахш»-ро бар уҳда доштааст. Ба сохтмони Вахш достони «Байрақи озодӣ»-и ӯ бахшида шудааст.
Аз соли 1937 котиби масъул, муҳаррири рӯзномаи «Васияти Ленин». Аз соли 1940 то 1943 котиби масъули Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистони Шӯравӣ. Ҳамчун сардори кумитаи репертуарии идора оид ба корҳои санъати Шӯрои комиссарҳои халқии Тоҷикистони Шуравӣ фаъолият дошт. Аз соли 1946 то соли 1959 котиби масъули Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистони Шӯравӣ ва муовини мудири шуъбаи агитатсия ва пропагандаи Кумитаи марказии ҲК ҶШС Тоҷикистон.
Се дафъа котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шудааст. Солҳои зиёд раиси Кумитаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ будааст.
Аз охири солҳои 30-юм бештар барои бачаҳо шеър гуфтааст. Достони «Мо аз Помир омадем» (1939) беҳтарин асари барои бачагон офаридаи ӯст.
Аввалин асари ҳаҷман бузургу шоистаи ӯ достони машҳури «Қишлоқи тиллоӣ»-ст, ки пеш аз ҷанг ба навиштани он шурӯъ карда, соли 1942 ба итмом расондааст.
Мирсаид Миршакар, ҳамчунин, муаллифи чандин қиссаҳои бадеию фантастикӣ, осори сершумори саҳнавӣ ва мақолаҳои проблемавӣ мебошад, ки мақоми ӯро дар адабиёти даврони шуравии тоҷик устувору шуҳраташро сазовор гардонидаанд. Мирсаид Миршакар соли 1993 дар шаҳри Душанбе вафот кардааст.
Бачаҳои азиз агар шумо хоҳиши мутолеа ва аз бар намудани осори шоирро дошта бошед, пас ба шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ рӯ оваред. Ин ҷо барои рушди маънавию зеҳнии насли наврас шароити мусоид фароҳам оварда, имконияти ошноӣ бо беҳтарин осори адибони тоҷик ва ҷаҳонро дорад.
ГАНҶИНА Ҷолаева,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа