Т.Д.  Низамов:  Иқтисодиёти саноат (китоби дарсӣ)

Иқтисодиёти саноат Дар ин китоби дарсӣ ҷанбаҳои назариявӣ ва  амалии фаъолияти соҳаи саноатикунонии мамлакат, ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ баррасӣ шудааст. Бобҳои матраҳшуда ба хонанда имконият медиҳад, ки дар бораи мафҳуми соҳа, корхонаҳои он, захираҳо, механизми иқтисодии фаъолияти соҳа, ҷойгиркунии соҳаҳои саноат, фаъолияти сармоягузорӣ ва дигар ҷанбаҳои соҳаи саноатро азхуд кунад. Дар охири ҳар мавзуъ санҷишҳо (тестҳо) ва масъалаҳо барои машғулиятҳои амалии донишҷӯён, инчунин истилоҳномаи фан оварда шудааст.

Барои донишҷӯён, магистрҳо, унвонҷӯён ва устодони тахассуси иқтисодии макотиби олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан, онҳое ки дар низоми кредитӣ таҳсил менамоянд, инчунин ба ҳама ашхосе, ки ба масоили иқтисоди соҳаи саноат ва корхонаҳои он таваҷҷӯҳ доранд, пешкаш карда шудааст.

Хусусияти ин нашр иборат аз он аст, ки дар шароити муосир бисёр ихтисосҳо дар низоми кредитӣ таҳсил мекунанд, барои донишҷӯёни риштаҳои иқтисодии мактабҳои олӣ дар баробари масъалаҳои назариявии ин фан, санҷишҳо (тестҳо), масъалаҳо ва супоришҳо дастрас гардонда мешавад.

Дастрасӣ ба ин китоб ба донишҷӯён имконият фароҳам меоварад, ки мустақилона асосҳои иқтисодии саноатро омӯхта, малакаи таҳия сохтании қоидаҳои нави рафтори иқтисодиро ҳосил намоянд, моҳияти ислоҳоти иқтисодӣ, роҳҳои имконпазири гузариш аз низоми иқтисодии аз марказ тарҳрезишаванда ба низоми иқтисоди бозаргониро дарёбанд.

Алабердиева Суманоро,
сармутахассиси шуъбаи  адабиёти
табиатшиносӣ, техникӣ ва илмҳои дақиқ.