Якчанд манфиати мутолиа
Китоб сафинаест, ки уқёнуси бекарони замонро мепаймояд.
Франсис Бекон
Китоб махзани илму дониш ва дўсти беминнати мо ба олами донишҳост. Китоб яке аз муъҷизаҳои Худованд мебошад, ки онро ба мо инсонҳо ҳадя намудааст. Беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, гуфтаанд: «Китоб калиди дониш ва воситаи асосии саводнокшавӣ аст». Бале, китоб рушангари роҳи мо дар зиндагист, маҳз китоб аст, ки моро ба роҳи росту некўкорӣ ҳидоят менамояд.
Ҳамасола, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳояшон таъкид менамоянд, ки ҷавонони имрӯза бояд ҳамқадами замона бошанд, ба мутолиаи китоб машғул шаванд, чунки ояндаи давлату миллат дар дасти ҷавонон аст. Бо ташаббусҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми хубе дар мавриди китобхониву саводнокнамоии ҷомеаи ҷавони кишвар гирифта шудааст, ки ин ҳама талошҳову бунёдкориҳо баҳри гулгулшукуфоии Ватани азизамон Тоҷикистон мебошад.
Дар ҳошияи корҳои созанда ва маърифаткунонии ҷомеа метавон аз озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурўғи маърифат», ки ду иқдоми бениҳоят хубу саривақтӣ мебошанд, ёдовар шуд, ки ин аз фарҳангӣ ва китобдўст будани мо миллати тоҷик дарак медиҳад. Ин озмунҳо барои ҷомеаро ба китобхониву китобдўстӣ ва роҳнамоӣ намудан ба китобхонаҳо баҳри мутолиа ташвиқ менамояд. Солҳои қаблӣ, ки ин озмун ба таври васеъ байни ҷомеа гузаронида шуд, муайян гардид, ки шавқу завқи ҷавонону наврасон ба китобхонӣ зиёд гардида, иштирокашон сол то сол бештару беҳтар мегарданд.
Ҳангоми мутолиаи матлабе, чашми ман ба яке аз рўзномаҳои фаронасавӣ, ки якчанд манфиатҳои мутолиаи китобро ба ҷомеа, махсусан ба ҷавонону наврасон талқин менамояд, афтид, ки ба андеашаи ин ҷониб он дар ҳаёти ҳаррўзаи мову шумо ба кор меравад. Мутолиаи китоб натанҳо барои худи шахс, балки барои сохтани як ҷомеаи солиму осудаву боҳуш метавонад саҳмгузор бошад.
Шарти аввали ин тавсияҳое, ки аз матлаби хондашуда ба чашмам афтид ин аст, ки мутолиа як фароянди фаъоли зеҳнӣ аст. Яъне инсон метавонад ба воситаи мутолиа ба марҳилаҳои лозим барои расидан ба як ҳадафи мушаххас бирасад.
Дуюм ин аст, ки мутолиа тамаркузро афзоиш медиҳад. Маҳз мутолиа аст, ки инсон метавонад фикру ақидаашро дар як самти муайян равона намояд.
Сеюм, мутолиа боиси эҷоди эътимод ба нафс мешавад. Ба воситаи мутолиа шахс метавонад иродаи худро қавӣ намуда, ба худ боварии комил ҳосил намояд.
Чаҳорумин фоидаи мутолиа ин аст, ки хониши тартиботи фардиро афзоиш медиҳад. Мутолиа ба шахс имкон медиҳад, то рафторе, ки дорои тартиби муайян аст, соҳиб гардад.
Дар шарти панҷум ишора менамояд, ки мутолиа халлоқиятро афзоиш медиҳад. Ҳар як шахс метавонад ба воситаи мутолиаи пайдарпай созандагиву эҷодкориашро бештар намояд.
Шарти шашуми мутолиа ин имконотро ба шумо медиҳад, то дар робита бо мавзўе суҳбат намуда, оиди он андешаронӣ намоед.
Ҳафтум аз манфиатбахшии мутолиаи китоб саргармии арзонӣ аст. Вакте китобро ба даст мегирем пеш аз ҳама фориғ аз ҳама мушкилоту нороҳатиҳо мешавем ва дунёи китоб моро иҳота менамояд.
Ҳаштумин фоидаи мутолиа ба шумо имкон медиҳад, то ба ихтиёри худ матолиб биомўзед. Хондани зиёди китоб ба шумо роҳи дурусти интихоби маводро барои омўзиши илм нишон медиҳад ва шумо метавонед интихоби дурусти китобро дошта бошед.
Нуҳум мутолиа қуввои истидлоли шуморо афзоиш медиҳад. Шахс ба воситаи мутолиаи зиёд метавонад хотираашро қавӣ намуда, барои ба пурсишу нофаҳмиҳои дигарон далелу мадраки зиёд оварад.
Даҳумин ин аст, ки мутолиаи китоб боиси коҳиш ёфтани иштибоҳатон мегардад. Мо метавонем ба воситаи мутолиаи пайдарпай иштибоҳоти худро бартараф намуда, ҳамчун як инсони комил дар ҷомеа саяҳмгузор бошем.
Дар ишораи ёздаҳумин мефармояд, ки мутолиа касолатро коҳиш медиҳад. Шахс метавонад ба воситаи мутолиа хастагиву ранҷурӣ, танбаливу афсурдагии хешро бартараф намояд.
Дувоздаҳумин фоида он аст, ки мутолиа метавонад зиндагии шуморо тағйир диҳад. Ҳар як инсон метавонад ба воситаи мутолиаи китоб худ ва андешаву назари худро дигаргун созад.
Сездаҳумин фоида ин аст, ки мутолиа стресро коҳиш медиҳад.Тибқи таҳқиқу назарсанҷиҳои олимон мутолиаи китоб, асабониятро бартараф намуда, ба шахс руҳияи тоза бахшида, боиси оромиву осудагиаш мегардад.
Чаҳордаҳумин аз фармудаи матолиб нишон медиҳад, ки мутолиа шуморо аз зарари дунёи диҷитолӣ (рақамӣ)дур месозад. Ба мову шумо маълум аст, ки асри XXI асри илму техника мебошад, баъзе шабакаҳои фаҳшу зиёноваре ҳастанд, ки инсонро ба гумроҳӣ бурда, шахс вақти хешро дар он шабакаҳо ба корҳои беҳуда мегузаронад, аз ин рў хондани китоб инсонро аз анҷоми корҳои зиёновар нигоҳ медорад.
Дар охир чунин пешниҳод менамояд, ки мутолиаи китоб ҳамеша аз тамошои филм беҳтар аст. Шахс ҳангоми мутолиаи китоб метавонад ба ҳаёти воқеӣ ошно шуда, қаҳрамонони офаридаи муаллифро дар хеш тасаввур намояд ва барои худ чизҳои мусбате бигирад.
Аз ин рў, моро мебояд, ки бештар ба мутолиаи китоб рў оварда, худ ва наздиконамонро аз ин вабои аср, яъне бесоводиву ҷаҳолат нигоҳ дорем.
Каримзода Шукрона – корманди Маркази “Конуни забони тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ”.