Оинаи таърих ва ганҷинаи бебаҳои миллат

Ҳамасола 11 март Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад. Ин сана ба нашри нахустин рӯзномаи тоҷикии Бухорои шариф (1912) рост меояд, ки бо оғози фаъолияти худ заминаи ташаккули матбуоти миллӣ ва бедории фикриро фароҳам овард. Соли 1994 бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 11 март расман Рӯзи матбуоти тоҷик эълон гардид, ки ин иқдом ба арзишмандии матбуот дар раванди давлатсозӣ ва худшиносии миллӣ далолат мекунад.

Пайдоиши матбуоти тоҷик дар оғози асри XX бо равандҳои ҷадидия ва эҳёи фарҳангӣ пайванд аст. «Бухорои шариф» на танҳо як нашрия, балки минбари ислоҳоти фикрӣ, таблиғи маърифат ва даъват ба иттиҳоду ҳамбастагӣ буд. Таҳлили матолиби солҳои аввали нашрия нишон додааст, ки масъалаҳои маориф, худшиносӣ, забон ва масъулияти шаҳрвандӣ дар меҳвари муҳтавои он қарор дошт.

Дар марҳалаҳои минбаъда матбуот бо тағйироти сиёсиву иҷтимоӣ ҳамқадам рушд намуда, аз минбари муборизаи маърифатӣ то василаи ташаккули сиёсати давлатӣ ва мудирияти ҷамъиятӣ таҳаввул намуд. Поягузорони мактаби матбуоти миллӣ, аз ҷумла Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Абдулқосим Лоҳутӣ ва дигар зиёиёни равшанфикр бо қалами худ заминаи устувори матбуот ва публисистикаи миллиро гузоштанд. Осори арзишманди равшанфикрони тоҷик дар солҳои сахтӣ собит сохт, ки матбуот танҳо воситаи иттилоърасонӣ набуда, дар ин росто он мактаби тарбияи афкори миллӣ ва созандагӣ низ мебошад.

Бо ба даст омадани Истиқлоли давлатӣ ва таҳкими сулҳу субот, воситаҳои ахбори омма ба марҳалаи сифатан нави рушд ворид гардиданд. Дар тули 35 соли Истиқлоли давлатӣ фазои иттилоотии кишвар ба таври назаррас густариш ёфт. Агар дар оғози солҳои 1990-ум теъдоди воситаҳои ахбори омма маҳдуд буд, имрӯз садҳо рӯзномаву маҷалла, шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, инчунин сомонаҳои хабарӣ фаъолият доранд.

Дар ин давра заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти озоди ВАО такмил ёфта, қонунҳои соҳавӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ таҷдид гардиданд. Бо таъсиси нашрияҳои нав, инчунин густариши матбуоти хусусӣ, гуногунандешӣ ва рақобати солим дар фазои иттилоотӣ таҳким ёфт. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Дар замони соҳибистиқлолӣ дар мамлакати мо барои пешрафт ва фаъолияти озодонаи воситаҳои ахбори омма тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд ва пайваста такмил дода мешаванд».

Ҳамзамон, раванди рақамикунонии соҳа ва гузариш ба журналистикаи электронӣ ба марҳалаи нави рушд замина гузошт. Аксари нашрияҳои чопӣ имрӯз дорои сомона ва саҳифаҳои фаъол дар шабакаҳои иҷтимоӣ буда, иттилоотро ба таври фаврӣ ва фарогир пешниҳод менамоянд. Татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти рушди технологияҳои иттилоотӣ, такмили ихтисоси журналистон ва тақвияти заминаи моддиву техникии редаксияҳо имкон фароҳам овард, ки матбуоти тоҷик дар баробари ҳифзи анъанаҳои миллӣ, ҳамқадами замон рушд намуда, ба як бахши муҳими таъмини амнияти иттилоотии кишвар табдил ёбад.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақамикунонии иттилоот, масъалаи ҳифзи мероси матбуот аҳаммияти махсус касб менамояд. Нусхаҳои электронии «Бухорои шариф» ва дигар нашрияҳои таърихӣ имрӯз дар маҳзани электронии шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешаванд. Ин иқдом на танҳо ҳифзи мероси таърихӣ, балки фароҳам овардани дастрасии васеи таҳқиқотӣ барои муҳаққиқон ва донишҷӯёнро таъмин мекунад.

Шуъбаи матбуоти даврии Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1935 фаъолият дошта, ба ҷамъоварӣ, ҳифз ва нигаҳдории нашрияҳои даврӣ машғул аст.

Бояд зикр намуд, ки дар шароити рушди технологияҳои рақамӣ, матбуот бо ду раванд рӯ ба рӯст – рақобати иттилоотии фаврӣ ва ниёз ба таҳлили амиқ. Агар расонаҳои электронӣ суръати паҳнсозии хабарро таъмин кунанд, пас матбуоти чопӣ бо таҳлил, санҷиши далелҳо ва масъулияти касбӣ фарқ мекунад. Аз ин рӯ, ҳифзи нашрияҳои даврӣ дар бойгонии миллӣ на танҳо амали техникӣ, балки иқдоми дурандешона дар самти ҳифзи хотираи таърихӣ мебошад.

Айни ҳол Китобхонаи миллӣ бо рақамикунонӣ ва мукаммалсозии захираҳо ба мутобиқсозии мероси матбуот ба талаботи муосир ҷавобгӯ мебошад. Ин раванд имкон медиҳад, ки мероси зиёда аз 114 соли матбуоти тоҷик ба наслҳои оянда бо шакли муосир дастрас гардад.

Талошу ғамхории ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис шудааст, ки матбуоти тоҷик дар тӯли беш аз як аср аз минбари бедории миллӣ то ойинаи давлатдории муосир таҳаввул ёфтааст. Ҳифзи ин мероси гаронбаҳо дар маҳзани Китобхонаи миллӣ идомаи мантиқии рисолати фарҳангӣ мебошад. Шуъбаи матбуоти даврӣ бо фаъолияти мунтазам ва хизматрасонии ҳаррӯза ба садҳо нафар хонандагон на танҳо бойгонӣ, балки маркази фаъоли таҳқиқ ва омӯзиши таърихи матбуоти миллӣ ба шумор меравад.

Бунафша АБДУЛЛОЗОДА,
корманди шуъбаи матбуоти даврӣ