Рӯнамоии “Оинаи андешаҳо”-и Наргис Муқимзода дар Китобхонаи миллӣ

Бо ибтикори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон имрӯз дар доираи ҳамоиши илмӣ китоби тозанашри муовини раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Наргис Муқимзода рӯнамоӣ гардид.

Дар ин нишаст олимону муҳаққиқон ва адибони саршинос иштирок ва назару андешаҳои худро доир ба китоби мазкур, фаъолияти босамар ва гуногунҷабҳаи номзади илмҳои педагогӣ, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Наргис Муқимзода баён намуданд.

Дар оғози кори рӯнамоӣ Зиннатуллоҳ Исмоилзода раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон суханронӣ карда, ҳозиринро ба иди матуоти тоҷик шодбош намуд. Зиннатуллоҳ Исмоилзода иброз дошт, ки Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар доираи ин иди таърихи чандин иқдомҳоро пеш гирифта,ки яке аз ин паёмҳои баҳорӣ ба нашр расидани маҷмуаи мақолаҳои илмӣ-оммавии муовини раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Наргис Муқимзода мебошад.

Ӯ гуфт, ки дар ин маҷмуа нигоштаҳои номзади илмҳои педагогӣ, Узви  Иттифоқи журналистони Тоҷикистон гирдовари шудаанд ва он барои доираи васеи муҳаққиқон ва мухлисони каломи бадеъ судманд аст.

Дар идома, директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода андешаҳои худро доир ба маҷмуаи мазкур иброз дошт. Профессор Файзализода изҳор намуд, ки китоби “Оинаи андешаҳо”-Наргис Муқимзода, аз имрӯз дар хазинаи Китобхонаи миллӣ нигоҳдорӣ мешавад ва бешубҳа хонандагон метавонанд аз он ба таври васеъ истифода намоянд. “Вижагиҳои навиштаҳои Наргис Муқимзода, ки гоҳе аз сиёсату гоҳе аз фарҳангу маориф ба қалам омадаанд, нишон медиҳад, ки муаллиф суханбофӣ намекунад ва шахсиятест, ки сарнавишти кишвараш барояш беаҳамият нест”- илова кард директори Китобхонаи милӣ зимни суханронии худ.

Аламхон КӯчарзодаАдабиётшинос, Аламхон Кӯчарзода, дар идома аз хотираҳои худ бо хонаводаи Наргис Муқимзода ва дар оилаи фарҳангӣ ба воя расидани ӯ сухан гуфт. Профессор Кӯчарзода чандин мақолаҳои китоби мазкурро мисол оварда таъкид дошт, ки муаллиф ба навиштаҳояш сарсари муносибат намекунад. Ӯ кӯшиш кардааст, тасвирҳояш хонданӣ ва мақсадаш барои хонандааш равшан бошад.

Маҷид Салим ,нависандаи маъруф ба навиштаҳои Наргис Муқимзода баҳои баланд дода, гуфт, ки ман китобро пурра хондам, ҳар як навишта панд аст ва ҳар навишта реша аз тарбия дорад ва хеле хуб аст, ки муаллиф  ин навиштаҳоро гирдоварӣ намудааст.

Дар идома дигар шахсиятҳои маъруф ва наздикони муаллиф фикру мулоҳизаҳои худро доир ба ин маҷмуа иброз дошта, гуфтанд, ки ҳама навиштаҳои ӯ сарчашма аз ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати фарҳангпарваронаи ӯ реша гирифтааст. Арзишҳои инсонӣ то адабу фарҳангу ҳунар ҳар яке ба гунаи ба худ хос қалами Наргис Муқимзодаро бурро кард ва ӯро шахсияти соҳибмақому соҳибэҳтиром миёни ҷомеа гардонд.

Муҳаммад Ғоиб, Хоналӣ Қурбонзода, Сайдамир Вализода намоянда аз ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Дилафрӯз Сафарализода ва дигарон андешаҳои худро ироа намуданд.

Муҳаммад ҒобДар фарҷом муаллифи маҷмуаи мазкур Наргис Муқимзода ба тамоми ширкатдорон барои баёни андешаҳо дар робита ба навиштаҳои ӯ миннатдорӣ баён кард.

Китобро варақ задам ва нахуст ба сарсухани он таваҷҷуҳ кардам. Гуфтам онро комил ором, то ба хонанда роҳи тайкардаи муаллифи китоб равшан шавад.

Инак он сарсухан:

БАРАКАТИ ҚАЛАМ

Дар муҳити эҷодиву эҷодкорон аз хурдӣ тарбия дидаву камол ёфтаам. Барои хонаводаи мо эҷодкорӣ пешае маҳсуб меёбад, ки аз насл ба насл гузаштааст. Бобоям Саидато Муқимов аввалин сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии Ховалинг ва шоири ширинсухане буданд. Амакам Салим Муқим ҳунарпешаи фавқулодда ва сарояндаи мумтоз буд. Муҳити хонаводаи мо ба толори маҳфилҳои шеъру сурудхонӣ шабоҳат дошт. Ҳамеша аз ин хонадон садои дафу чанг, рубобу дутор ва суруду мусиқии дилангез ба гӯш мерасид. Дар ин муҳит камол ёфтам ва он барои ба пайроҳаи эҷод роҳӣ шуданам низ сабаб гардид.

Аз хурдсолӣ хабару мақолаҳоямро дар нашрияҳои маҳалливу ҷумҳуриявӣ чоп мекардам. Баъд аз хатми Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб фаъолияти эҷодии худро дар нашрияи «Навиди бозаргон» оғоз намудам.

Пасон, ҳарчанд дар соҳаҳои гуногун фаъолият кардам, вале аз қаламу аҳли қалам ҳаргиз ҷудо набудам. Замоне, ки раёсати маорифи шаҳри Ҳисорро ба дӯш доштам, дар маҷаллаи «Маорифи Ҳисор» сармуҳаррир будам. Ҳамзамон маводҳоям дар нашрияҳои «Ҷумҳурият», «Минбари халқ», «Омӯзгор», «Чархи гардун» ва маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» мунтазам нашр мешуданд. Баракати қалам буд, ки бо садҳо одамони касбу кори гуногун мусоҳибаҳо кардам ва аз тақдирашон мавод омода намудам. Имрӯз ҳам, ки тақдир маро бо Иттифоқи журналистон (аз соли 2002 узви он мебошам ва аз моҳи апрели соли 2025 муовини раис) пайвастааст, бо аҳли қалам ҳамкорӣ дорам.

Дар маҷмуае, ки ҳоло ба дасти Шумо мерасад, нигоштаҳои худро чун мушт намунаи хирвор пеш-ниҳод месозам.

Ҳар як нигошта таърих ва қаҳрамони худро дорад ва хонандагонро бо зиндагии мардуми замони Истиқлол ошно месозад. Мутолиаи гуфтори оинаи андешаҳоятонро бароятон таманно дорам.

Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа