Китоби нав: Шарифҷон Тоҷизода «Каломи бадеъ»

Шарифҷон Тоҷизода Дастури таълимии мазкур ба баррасии масъалаҳои асосии каломи бадеъ бахшида шуда, фасоҳат ва балоғати сухан, таркиби каломи бадеъ ва илмҳои сегонаи адабиётшиносӣ – маонӣ, баён ва бадеъро фаро мегирад. Дар асар санъатҳои лафзӣ ва маънавӣ ва нақши онҳо дар тақвияти таъсиргузорӣ ва ҷозибаи матни бадеӣ таҳлил шудаанд.

Дар баробари маводи назариявӣ, саволу супоришҳо барои машғулҳои амалӣ ва кори мустақилонаи донишҷӯён (КМД) пешниҳод гардидаанд, ки ба тақвияти дониш ва рушди малакаҳои таҳлилии матнҳои адабии классикӣ ва муосир мусоидат мекунанд.

Китоб барои донишҷӯён, омӯзгорон ва дӯстдорони адабиёти тоҷик пешбинӣ шудааст.

Чуноне дар сарсухани китоб мехонем, дар низоми таҳсилоти олии касбӣ омӯзиши мероси адабӣ ва ҳунари суханварии гузаштагону муосирон яке аз вазифаҳои калидӣ маҳсуб меёбад. Дар солҳои охир ба барномаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ворид гардидани фанни «Каломи бадеъ» посухе буд ба ниёзҳои маънавии ҷомеа ва зарурати боло бурдани сатҳи фарҳанги сухан, рушди тафакури зебоишиносӣ, ҳифзи асолати забони тоҷикӣ дар шароити соҳибистиқлолии кишвар ва ҷаҳонишавии босуръат мебошад.

Имрӯз, ки забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дорад, масъалаи истифодаи дуруст, дақиқ ва зебои он аҳаммияти хос пайдо намудааст. Дар чунин шароит, омӯзиши каломи бадеъ ҳамчун илми нозукиҳои сухан, василаи муассири муқовимат бо нузули забон ва коҳиши фарҳанги баён ба шумор меравад.

Фанни «Каломи бадеъ» яке аз сутунҳои устувори адабиётшиносии классикӣ буда, дар ташаккули ҷаҳонбинии зебоишиносӣ ва маҳорати касбии донишҷӯён нақши бунёдӣ дорад. Агар адабиётшиносиро ба як бинои муҳташам монанд кунем, илми бадеъ он меъмориест, ки қонуниятҳои назокат, зиннат ва таносуби дохилии ин биноро мавриди омӯзиш қарор медиҳад.

Мақсади асосии фан. Мақсади асосии таълими фанни «Каломи бадеъ» дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ошно намудани донишҷӯён бо низоми санъатҳои бадеӣ ва қонуниятҳои офариниши зебоӣ дар матни адабӣ мебошад. Ин фан танҳо бо шарҳи хушки истилоҳоти балоғат маҳдуд нашуда, чунин вазифаҳоро дар бар мегирад:

Таҳлили амиқи матн: кушодани қабатҳои маъноӣ ва рамзии шеъру наср тавасути илми маониву балоғат ва воситаҳои баёну бадеъ;

Дарки маҳорати эҷодӣ: ошкор намудани тарзи истифодаи имкониятҳои забон аз ҷониби адиб барои офаридани асари мондагор;

Рушди асолати забон: омӯзонидани усулҳои истифодаи дуруст, дақиқ ва муассири вожаҳо, ки дар натиҷа захираи луғавӣ ва фарҳанги сухани донишҷӯён ғанӣ мегардад.

Ҳадафҳои таълимӣ ва амалӣ: Дар раванди таълими ин дастур расидан ба ҳадафҳои зерин пешбинӣ шудааст:

Ҳадафҳои назариявӣ: Азхуд намудани мафҳуму истилоҳоти санъатҳои лафзию маънавӣ ва шиносоӣ бо марҳилаҳои таҳаввули ин илм аз давраи классикӣ то замони муосир.

Ҳадафҳои амалӣ: Ташаккули малакаи таҳлили бадеии  осори суханварони адабиёти классикии тоҷик ва муосир аз нигоҳи илмии каломи бадеъ.

Ҳадафҳои эҷодӣ: Парвариши завқи суханварӣ ва ташвиқи донишҷӯён ба истифодаи огоҳонаи унсурҳои бадеӣ дар навиштаҳои илмӣ ва эҷодии худ.

Зарурати таълифи китоб. Қобили зикр аст, ки дар рушди илми каломи бадеъ дар адабиётшиносии тоҷик асари арзишманди устод равоншод Худоӣ Шарифов бо унвони «Каломи бадеъ» (1991) ҷойгоҳи вижа ва мондагор дорад. Ин асар ҳамчун яке аз таҳқиқоти бунёдӣ дар ин соҳа, бо умқи назар, фарохии мавод ва такя бар суннатҳои устувори илми бадеи классикӣ, саҳми арзишманд дар таҳким ва густариши маърифати бадеӣ гузоштааст. Хидмати устод Худоӣ Шарифов дар эҳё, низоммандсозӣ ва муаррифии илми каломи бадеъ дар муҳити илмии муосири тоҷик шоистаи арҷгузории хос мебошад.

Хонандагон китоби Шарифҷон Тоҷизода «Каломи бадеъ»-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.

Анӯшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд.