Китоби нав: Абуалӣ ибни Сино «Осор» (Ҷилди 9)
Дар ҷилди нуҳуми «Осор»-и Абуалӣ ибни Сино асарҳои мутааллиқ ба илмҳои табиатшиносии ӯ – «Китаб ул – ма адин» («Китоб дар бораи маъданҳо»), «Китаб – ун – набат» («Китоб дар бораи рустаниҳо») ва «Китаб ул – ҳайван» ворид шудаанд. Дар ин осор масоили вобаста ба ҳавошиносӣ, маъданҳо, олами наботот ва ҳайвонот мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. Дар ин китобҳо мушаххасан масъалаҳо дар бораи тамйизи ҳайвонот, макони сукунати онҳо, ғизо, одат, узвҳои умумӣ, эҳсосот, ҳаракат, ҷинсияти онҳо: дар бораи тавлиду нумуи растаниҳо, ғизо, асосҳои табиати онҳо ва ғайра баррасӣ шудаанд.
Дар сарсухани китоб омадааст, ки Низомӣ Арӯзии Самарқандӣ дар «Чаҳормақола» дар мақолаи ба тиб бахшидаи худ пизишконро барои хондани китобҳои бузургони соҳаи тиб ва тарҷумаи осори пизишкӣ чун Буқрот, Ҳунайн ибни Исҳоқ, Муҳаммад ибни Закарёи Розӣ, Ахавайни Бухороӣ ва Сайид Исмоили Ҷурҷонӣ тавсия дода, дар охир аз «ал – Қонун» ёд карда, мефармояд: «Агар хоҳед аз ин ҳама мустағнӣ (бениёз) бошед, ба «Қонун» кифоят кунед. Сайиди кавнайн ва пешвои сақалайн мефармояд: «Кул(л) ас – сайд фӣ ҷавф ал – фароъ» (Ҳама сайдҳо дар шиками гӯрхар аст). Ин ҳама ки гуфтем, дар «Қонун» ёфта шавад, бо бисёрӣ аз завоид (иловаҳо) ва ҳар киро муҷаллади аввал аз «Қонун» маълум бошад, аз усули илми тиб ва куллиёти ӯ ҳеҷ бар ӯ пӯшида намонад, зеро ки агар Буқот ва Ҷолинус зинда шаванд, раво бувад, ки пеши ин китоб саҷда кунанд ва аҷабе шунидам, ки яке бар Буалӣ эътироз кард ва аз он муътаразот (эътирозҳо) китобе сохт ва «Ислоҳи қонун» ном кард. Гӯйи дар ҳар ду менигарам, ки мусанниф чи маътуҳа (аблаҳ) марде бошад ва мусаннаф (асари таълифкардаи ӯ) чи макруҳа (нохушоянда) китобе, чаро касеро бар бузургӣ эътироз бояд кард, ки таснифе аз они ӯ ба даст гирад, масъалаи нахустин бар ӯ мушкил бошад».
Дар шинохт ва интишори мероси фалсафӣ ва илмии Шарқ дар Аврупои ғарбӣ Испания, ки дар аввалҳои асри VIII аз ҷониби арабҳо забт гардида, ба ҷузъи Хилофат табдил ёфта буд, нақши босазо бозида, ба маркази омезиши Шарқу Ғарб мубаддал гашта буд. Ховаршиноси барҷастаи фаронсавӣ Густав Лебон дар ин бора мегӯяд: «Нишони асосии тамаддуни арабҳо дар Испания, дар ин давра, дар он зоҳир мегардид, ки онҳо бо як шавқу завқ ва рағбати ҳастанопизир барои пешрафти санъат, адабиёт ва илм роҳ кушоданд. Дар ҳама гӯшаю канори мамлакат мактабҳо, китобхонаҳо, озмоишгоҳҳо боз гардида, асарҳои бузургони Юнон ба арабӣ тарҷума шуда, илмҳои риёзиёт, физика, химия, ахтаршиносӣ ва тиб ҳамаҷониба дастгирӣ ва тараққӣ пайдо намуд. Маркази аморат ва пасон хилофат – Кордова – ба маркази илм, санъат, ҳунарҳо ва савдо табдил ёфта, онро танҳо бо пойтахтҳои кишварҳои бузурги ҳозиразамони аврупоӣ муқоиса кардан мумкин аст.
Шинохти Ибни Сино ва дигар донишмандони арабизабон низ, пеш аз ҳама, ба Испания ва марказҳои тарҷумонӣ ва илмии он сахт алоқаманд мебошад. Дар асрҳои ХI – ХII аввало тарҷума ва таҳқиқи осори мутафаккирони Шарқ ба забони лотинӣ аз арабӣ оғоз гардида, маркази асосии омӯзиш, тарҷума, бозгардон ва интишори мероси мутафаккирони Шарқ шаҳри Кордова ва донишгоҳи қадими он ба ҳисоб рафта, нақши онро дар густариши илму фалсафа дар Аврупои ғарбӣ бо Бағдоди асрҳои VIII – Х ва «Байт – ул – ҳикма»-и он муқоиса кардан мумкин аст. Ба ақидаи арабшиноси шинохта акад.И.Ю.Крачковский дар аввалҳои асри ХI дар Кордова то 16 -18 ҳазор дастхат доир ба соҳаҳои мухталифи илм рӯйнавис карда мешуд.
Ҷилди нуҳуми «Осор»-и Абуалӣ ибни Сино ҳоло дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолаа мебошад.
Китобро аз арабӣ С.Сулаймонов, И.Саидов ва К. Аскардаев тарҷума кардаву ба он сарсухани муфассале навиштаанд.
Анӯшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд