Маҳфили “Панҷаи ҳунар” ба истиқболи “Рӯзи Модар”
Шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”–и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили ҳамешагии “Панҷаи ҳунар”–ро бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони “Тӯҳфа ба Модар” доир намуд, ки дар он хонандагони фаъоли шуъба иштирок намуданд.
Сардори шуъбаи мазкур Фароғат Толибова бо мисраҳои зебои шеърӣ ва маълумоти мухтасар аз таърихи ҷашни Рӯзи Модар маҳфилро оғоз намуд. Ба ҷуз хонандагони аз ш. Душанбе дар маҳфил Халифаева Сафаргул омӯзгор аз МТМУ №40 ноҳияи Варзоб бо шогирдонаш ҳузур доштанд.
Кормандони шуъба ба иштирокдорони маҳфил дар омода намудани тӯҳфа барои модарон бо истифода аз коғаз ва қалами ранга, мӯқаламу рангҳои акварел ва қайчиву ширеш кӯмак намуданд. Бояд гуфт, ки иштирокчиёни маҳфил дар ин кор алакай чирадасту чаққон гаштаанд. Пас аз эълони мавзӯи маҳфил ҳамагӣ аз паси иҷрои супориш шуда, яке аз қоғази ранга гулдон мебуриду дигаре гул мекашид, сеюмӣ барг мебуриду чорумӣ аз қуттичаҳо гулдон месохт. Ҳар яке бо шавқу завқ кор мекарданд ва дар лаҳзаи тафреҳ дар васфи модар шеърҳо низ қироат намуданд. Дар ин миён аъзои маҳфил навқалами ҷавон Бибиоишаи Асламхон ба иштирокдорон ва модарон ғазали тозаэҷоди худро тақдим намуд.
Дар фароварди маҳфил сардори шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон Толибова Фароғат ба муаллима Халифаева Сафаргул китоб тӯҳфа намуда, барояшон муваффақиятҳои тоза ба тоза хост.
Бояд гуфт, ки ҳадафи маҳфили “Панҷаи ҳунар” бедор намудани завқи зебоипарастии кӯдакон ва роҳнамоии онҳо ба олами зебои ҳунару ҳунармандӣ буда, ҳафтае як мартиба баргузор мегардад.
Муҳидинова Махфират,
бахши иттилоот ва
робита бо ҷомеа.