Гулнора Пӯлодова-парвардаи хонаводаи аҳли санъат, ки олими соҳаи тиб шуд

Гульнора ПулатоваАз таваллуди яке аз шинохтатарин чеҳраҳои тибби тоҷик Гулнора Пӯлодова 90 сол сипарӣ мешавад. Ӯ 8-уми марти соли 1936 дар шаҳри Душанбе (пештара Сталинобод) дар оилаи ҳунармандони номдори кишварамон таваллуд шудааст. Падари Гулнора Комил Ёрматов, артисти халқии ИҶШС, коргардони филм, модараш София Туйбоева, Артисти халқии Тоҷикистон, актрисаи театр ва кино мебошад. Соли 1954 мактаби миёнаи №20-и шаҳри Душанбе ва соли 1960 Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Солҳои 1960-1962 дар вазифаи ординатори клиникӣ дар кафедраи бемориҳои гушу гулӯву бинии Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Солҳои 1962-1966 аспиранти Донишкадаи нейроҷарроҳии ба номи Бурденко Академияи илмҳои тибби Иттиҳоди Шӯравӣ буда, соли 1966 рисолаи номзадӣ ҳимоя намудааст. Солҳои тӯлонӣ дар клиникаи бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинии Беморхонаи ҷумҳуриявии №3 ба  ҳайси табиби  бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинӣ ва асистенти кафедра ва баъдан дотсенти кафедраи физиологияи ДДТТ фаъолият намудааст.

Ҳамзамон, солҳои фаъолияташ котиби ташкилоти комсомол буда, аз соли 1980 котиби кумитаи ҳизби коммунисти Донишкада интихоб шудааст. Баъдан Аъзои Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили Шурои олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон будааст.

Пулодова Гулнора Комиловна моҳи январи соли 1985 ба вазифаи Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуда, то моҳи августи соли 1990 дар ин вазифа фаъолият намудааст.

Бо саъю кӯшишу талоши Гулнора Пӯлодова дар Тоҷикистон якчанд муассисаҳои тиббӣ, ба монанди Таваллудхонаи шаҳрии № 3, Маҷмааи беморхона ва солимгардонӣ барои собиқадорони Ҷанги бузурги Ватанӣ,  Диспансери наркологӣ ва муҳимтарин иншооти Маркази Ташхиси ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе, Беморхона дар ВМКБ, Файзобод, Ёвон, Дармонгоҳ дар ноҳияи Куйбишев (ҳозира ноҳияи А.Ҷомӣ) ва Омӯзишгоҳи тиббӣ дар Саргазон ба истифода дода шуданд.

Тақдири ин зан бо таърихи ҷумҳуриамон сахт алоқаманд аст. Кӯдакию ҷавониаш дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва солҳои баъди ҷангӣ гузаштааст. Гулнора Комиловна ба ёд меовард, ки ҳангоми маҷрӯҳони ҷангро ба госпитали Сталинобод оварданд, чӣ тавр ҳамроҳи дигар кӯдакон, дугонаҳояш, ғизоҳои бибиҳояшон ё модаронашон омоданамударо ба онҳо мебурданд. Гулнора, хонандаи фаъоли мактаб буда, раиси ташкилоти пионерӣ, пасон котиби ташкилоти комсомоли мактаб буд. Солҳои донишҷӯӣ низ комсорги факулта буд, хуллас ӯ танҳо бо анҷоми ҳамзамони корҳои ҷамъиятӣ фаъолият ва зиндагӣ мекард.

Соли 1966 баъди аспирантураи Донишкадаи нейроҷарроҳии ба номи Бурденко Академияи илмҳои тибби Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳамон ҷо рисолаи илмии худро ҳимоя намуда, чун олими соҳиби унвони илмӣ ба Душанбе баргашт. Аммо дар Донишкадаи тиббӣ кор пайдо накард, аз ин рӯ, вай муддате дар Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ҳамчун невролог-отоларинголог кор кард ва ҳамзамон бо санавиатсия барои машварат ба минтақаҳои дурдаст сафар мекард. Дар яке аз мусоҳиба  Гулнора Пулодова ёдовар шудааст: “То ҳол дар ёд дорам, ки бо чархбол бемори вазнинро аз Кӯрғонтеппа мебурдам, аммо худам аз токсикози даҳшатнок азоб мекашидам, дар он вақт кӯдак интизор будам“.

Вақте ки духтари калониаш таваллуд шуд, ӯ аз сабаби ба саломатиаш номувофиқ омадани навбатдории шабона ва кори вазнини рӯзона ба кафедраи физиологияи муқаррарӣ ба Донишкадаи тиббӣ гузашт, ки дар  аввал ассистент, сипас дотсенти Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон буд. Дар кафедра вай электроэнсефалографияро аз худ карда, дар минтақаи Фортамбеки Помир таҳқиқот гузаронид: физиологияи узвҳои ҳозимаро дар ҳайвонот дар баландии то 6 ҳазор метр омӯхтааст.

Таърихи таъсиси маркази Ташхисиро на ҳама медонанд. Соли 1989 дар яке аз маҷлисҳо вазири тандурустии ИҶШС чунин иброз дошт, ки касе дар муддати кӯтоҳ бинои маркази ташхисиро омода кунад, пас ӯ барои таҷҳизонии он 7 миллион доллари ИМА ҷудо мекунад. Гулнора Пулодова фавран ба ин пешниҳод ҷалб шуд. Вай муддати тулонӣ бинои мувофиқро барои ин мушоҳида мекард, ин лоиҳаи  дурудароз бозмондаи  донишкадаи лоиҳавии “Гипроселстрой” буд. Баъди кушишҳои зиёд бино ба даст омад, дар назди он ситод таъсис дода шуд, корҳо шабу рӯз идома меёфтанд. Умед набуд, кори пешгирифтаи вазири тандурустӣ Гулнора Пулодова иҷро мешавад, зеро соли молиявӣ ба охир мерасид ва ҷумҳурӣ метавонист пули ваъдашударо аз даст диҳад. Аммо вай тавонист сохтмонро сари вақт ба анҷом расонад ва Маскав барои хариди таҷҳизоти гаронбаҳо  ба Тоҷикистон 7 миллион доллар ҷудо кард.

Таҷҳизоти ширкатҳои ҷаҳонӣ ба монанди Siemens, Heilige бояд аз Ҷумҳурии Олмон харидорӣ карда мешуданд. Тоҷикистон бо ин кишвар муносибатҳои дипломатӣ надошт, инчунин алоқаи ҳавоӣ надоштем, аз ин рӯ ноилоҷ вазири тандурустӣ бо гурӯҳе аз олимон тавассути қатор то ба Олмони Сотсиалистӣ расиданд. Дастгоҳ харидорӣ шуд. Аммо мушкили дигар пеш омад. Онро намешуд бо қатор ба Душанбе оранд. Лозим меомад барои ин аз ҳавопаймо истифода шавад. Гулнора Пӯлодова ба ёд меорад, ки бо кумаки вазири тандурустии Иттиҳоди Шурави Евгений Чазов тавассути кишвари сеюм-Ҳиндустон ин таҷҳизот ба кишвар интиқол дода шуд. Ӯ мегӯяд, он замон майдони ҳавоии Душанбе ба қабули ҳавопаймоми “Боинг” омода набуд. Аммо ин мушкилро ҳам роҳбари идораи Авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон Владимир Рязанов ҳалл кард.

Дар бораи хидматҳои Гулнора Пӯлодова чун духтур, олими варзидаи тиб, вазири тандурустӣ, мураббии олимони ҷавон, модари меҳрубон метавон даҳҳо саҳифа навишт. Аммо ин ҷо бо ҳамин иктифо мекунем.

Ёдашон ба хайр бошад!

Таҳияи Гулчеҳра Ахмедова,
корманди шуъбаи
илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ