Диловаре, ки 70-сола шуд
ДИЛОВАРИ МИРЗО (Талабзода Диловари Марзо) 8 марти соли 1956 дар деҳаи Нимичи ноҳияи Рашт ба ҷаҳон омадааст. Соли 1977 факултаи педагогика, соли 1983 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Қандил Ҷӯраевро хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиро ба ҳайси омӯзгор оғоз намуда, солҳои 1989-1992 хабарнигори рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» («Ҷумҳурият») будааст. Соли 1992 дар Кумитаи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ ба фаъолият пардохта, солҳои 1995-1999 дар рӯзномаи ноҳиявии «Оинаи Рашт», солҳои 1999-2007 дар шуъбаи маорифи ноҳия кор кардааст. Аз январи 2008 то феврали 2012 мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, аз феврали 2012 мудири бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур будааст. Аз соли 2012 котиби масъули бахши Рашти Иттифоқи нависандагони ҷумҳурист.
Ҳикояи аввалинаш «Гуноҳи падар» соли 1986 дар «Газетаи муаллимон» чоп шудааст. Офаридаҳои дигараш дар авроқи маҷмӯаҳои «Вопасин набард», «Зарринёле баъди падар», «Борон изҳоро мешӯяд…», «Мусаввараи нотамом», «Борон доғҳоро мешӯяд…», «Афсонаҳои қисмат», «Борон пайҳоро мешӯяд…», «Хунёгар», «Замоне Ҳойити ман шаҳр будӣ…», «Зилзила шуд дар Ҳойит», «Қисмат», «Нусратулло Махсум» ва ғайра ба табъ расидаанд.
Бо ордени «Шараф», унвони фахрии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», Нишони «Сухан» сарфароз гардидааст.
Аз соли 1995 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 2002 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
АЗ ДИЛОВАРИ МИРЗО ВА ДАР БОРАИ Ӯ ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ ИН МАТОЛИБ ҚОБИЛИ ДАРЁФТ ВА МУТОЛАА МЕБОШАД:
Зарринёл: маҷмуаи ҳикояҳо. – Душанбе: Суннатуло, 2003. – 160 с.
Борон пайҳоро мешўяд: роман. – Душанбе: Истиқлол-2019, 2020. – 400 с.
Кайфар: роман. – Душанбе: Истиқлол-2019, 2021. – 256 с.
Умед ба ҷавонон: Ҳисобот ва интихобот дар комсомол // Тоҷикистони Советӣ. – 1989. – 31 октябр.
То фирефтаи дигарон нагардем: Ашъори шоири бузург Камоли Хуҷандӣ // Садои мардум. – 2025. – 15 декабр.
ДАР БОРААШ:
Диловари Мирзо // Адибони Тоҷикистон. – Душанбе: Адиб, 2014. – С. 128.
Мирзо, Ҷ. Подоши ҷонфидої: Тақриз ба китобҳои нависанда ва рўзноманигор Диловари Мирзо // Фараж. – 2023. – 18 май.
Темурзода, Ҷ. Суруши ёдҳо: Андешаҳо дар ҳошия романи таърихии рўзноманигор публитсист ва адиб Диловари Мирзо – Кайфарї // Минбари халқ. – 2023. – 24 май.
Таҳияи Нафиза Шаҳбозова,
корманди шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ