“Шоҳнома”-и Саолибӣ. Подшоҳии Фирӯз писари Яздигурд пури Баҳром
Чун Яздигурд даргузашт, миёни ду писараш Фирӯз ва Ҳурмуз ҷанг даргирифт ва ҳар як ҷомаи шоҳиро ба сӯйи худ кашид ва онро аз они худ медонист. Мардум низ дар пуштибонӣ аз он ду бо якдигар ба кашмакаш бархостанд ва ногувориҳое рӯй дод, ки ёди он ба дарозо мекашад. Сипас, кор ба набард ва душманӣ кашид. Пас, ба ҷангу ситез пардохтанд ва ифрити ҷанг ба онон дандон намуд, то он ҷо ки шамшерҳо ва найзаҳо аз хунҳо сероб шуда, дарҳам шикаст ва дар синаҳову андомҳо фурӯ нишаст. Ду бародар бо ҳам меҷангиданд ва мегиристанд ва боз ҳам тир мезаданд ва хун мерехтанд ва ашк меафшондаанд….
Пас аз он ки ғубори ҷанг фурӯ нишаст, Ҳурмуз аз миён рафта буд ва сар аз танаш ҷудо гашта ва се тан аз хонаводааш низ бад-ӯ пайваст буданд.
Фирӯз ба онон гирист ва ойини хоксупорӣ ба ҷой овард ва сипас ба гоҳ баромад ва афсар ба сар ниҳод. Лекин осмон аз бориш зафтӣ кард ва замин баракаташро аз ёд бурд. Бодҳое, ки диҳиш ва меҳри Худоро бо худ меовард, аз вазидан фурӯ монд ва обҳо ба замин фурӯ рафт ва чашмаҳо бихушкид ва киштзорҳо хушкид ва дарахтон бор надод ва осмон хушксолӣ овард ва кор бар мардум душвор гардид ва қаҳтӣ ба дарозо кашид ва гуруснагӣ ҳафт сол бипойид, чунон ки аз хушксолии рӯзгори Юсуф (а) даргузашт.
Хӯрок камёб ва гарон шуд ва зиёну нестӣ ҳама ҷоро гирифт ва ранҷи гирифторӣ тавонфарсо гардид, парандагон ва дадон мурданд ва гову гӯсфанд ва чорпоён нобуд шуданд. Балои азим ва растохези бузург рӯй дод.
Фирӯз аз ин пешомад хору шикаста шуд ва хошок дар чашмаш ва устухон дар гулӯяш ва андӯҳи сахт дар синааш дардманд шуд ва ин душвории пайвастаро, ки дар оғози подшоҳияш пеш омад буд ба фоли бад гирифт ва хост беҳушона ба сӯе биравад ва фармонравоиро раҳо кунад. Лекин хештандорӣ кард ва сахтиро пазируфт ва бо некандешӣ ва бузургворӣ мардумро дарёфт ва бо доруи меҳрубонӣ, дарди оноро дармон кард ва божро бахшид ва мардумонро аз анбор кардани озуқа бим дод ва фармуд, ки дари девонҳои божгириро бибанданд ва дари бахшишро ба рӯй бечизон ва дармондагон бигшоянд. Ба ҳамаи остондорон дар Хуросон, Ироқ, Форс, Аҳвоз ва дигар шаҳр навишт, ки онон ҳаммонанди ӯ бо мардуми сарзамини худ рафтор кунанд ва рӯзии мардумро фароҳам оваранд ва бо ҳамаи тавони худ бикӯшанд, то ҷони мардумро нигаҳ бидоранд.
Савгандҳои сахт ёд кард, ки агар ба ӯ огоҳӣ расад, ки касе аз мардуми сарзамини онон аз гуруснагӣ мурда, ҳамаи марудми он сомонро ва шаҳр ва ё русторо сахт кайфар хоҳад кард ва ононро ба сахтарин гуна шиканҷа хоҳад дод.
Чун душвории ҳафтсола ба сар омад, рӯзе барнишаст ва барои саргармӣ ва оромиш ба дашт рафт. Чашмаш ба бузе кӯҳӣ афтод, ки ришашро бод такон медод. Аз шодии зинда будани ин ҷонвари ваҳшӣ наздик буд ҳуш аз сар биравад, пас аз асп ба зер омад ва Худойро сипос гуфт ва ба ниёиш ва зорӣ пардохт ва аз Худованд хост, ки гиреҳ аз чеҳраи осмон бикшояд. Ҳанӯз саргарми зорӣ буд, ки бодҳо вазидан гирифт ва домани абрҳоро ва ба ҳам овард. Осмон оби машкҳояшро сарозер кард ва замин серобу сарсабз гашт, Худо замини мурдаро зинда кард ва мардумонро, ки ба лабаи партоҳ расид буданд, дар паноҳи худ гирифт, хушксолӣ пуш кард ва сарсабзи руй овард. Гандум ва ҷав болид ва нархҳо арзон гашт ва рӯзгор беҳбуд ёфт ва сахтиҳои такондиҳанда сипарӣ шуд, бадомадҳо решакан гашт, дарҳои шодмонӣ ба рӯйи Фирӯз кушуда шуд. Пас ба кори ободонӣ пардохт.
Подшоҳии Яздигурд писари Баҳром
Дар Рай шаҳре сохт ва онро Ромфирӯз номид ва дар миёни Гургон ва дарвозаи Сул шаҳре пай афканд ва онро Шаҳромфирӯз хонд. Кишвар сомон ёфт ва шоҳон ром ва фармонбардори ӯ шуданд. Ҷуз Хушнавоз, шохи ҳайтолиён, дар Таҳористону Балх, ки фармон набурд.
Фирӯз бо сипоҳиёнаш ба сӯйи Хуросон равон шуд ва чун мехост, ки роҳро кӯтоҳ созад ва ногаҳон бар душман тозад, аз биёбон ва аз бероҳа рафт. Роҳнамоён роҳро гум карданд ва бештари сипоҳиён аз ташнагӣ мурданд. Ба ногузир бо дасти тиҳӣ ва сарафкандагӣ ва бо тане чанд, ки раҳой ёфта буданд, ба назди душман омад ва фармони ӯро пазируфт ва паймон кард, ки дубора ба кишвари ҳайтолиён наёяд ва ба он ҷо лашкар накашад ва бар ҳеч паҳное аз он натозад. Дар ин бора номае навишт ва ба зиёни худ гувоҳӣ дод, то ин ки шоҳи ҳайтолиён ӯро раҳо кард.
Фирӯз ҳангоме ба Эрон бозгашт, ки ошӯбе дар дил дошт ва дилаш чун дег меҷӯшид.
Ин асар, ки бо номҳои «Ғурару-с-сияр», «Таърихи Саолибӣ», «Шоҳномаи Саолибӣ», «Ғурару ахбори-л-мулук ва сияриҳим», «Ал-Ғурар фӣ сияри-л-мулук ва ахбориҳим», «Ғурар ахбори мулуки-л-Фурс ва сияриҳим», «Ғурару сияри-л-мулук ва ахбориҳим» низ ёд мешавад, таърихномаи умумиест аз таърихнигор ва адиби форс-тоҷик Абумансур Абдулмалик ибни Муҳаммад Саолибии Нишопурӣ.
Китобро соли 2024 аз силсилаи Тоҷнома. Тоҷикон дар масири тамаддун Китобхонаи миллӣ нашр карда буд.
Таҳияи Сабрина Акрамова,
Мутахассиси мутахассиси
Маркази “Тоҷикшиносӣ”.