Китоби нав: “Донишномаи Фаронса”
Дар донишномаи мазкур дар хусуси таърих, ҷуғрофия, забон, таърихи забон, адабиёт, робитаҳои адабӣ, фалсафа ва умуман ҷанбаҳои гуногуни фарҳанги Ҷумҳурии Фаронса маълумот дода шудааст. Донишнома имкон медиҳад, ки ҳаводорони забону фарҳанги Фаронса аз он маълумоти зарурӣ ба даст оваранд. Донишнома бо услуби илмӣ – таълимӣ таҳия гардида ба омӯзгорону донишҷӯёни риштаи забони фаронсавии мактабҳои олӣ ва миёна, ҳамчунин ба муҳаққиқону унвонҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешкаш мегардад.
Дар китоб мушаххасан дар хусуси таърих, ҷуғрофия, забон, таърихи забон, адабиёт, фалсафа ва умуман ҷанбаҳои гуногуни фарҳанги Ҷумҳурии Фаронса маълумот дода шудааст. Ба хотири назаррас гардидани маълумоти дохили китоб вобаста ба мавзуи баҳс расмҳо ва харитаҳо низ манзур гардонида шудаанд. Ҳангоми таҳияи донишнома бисёре аз истилоҳоти ғайритоҷикӣ ва мушкилфаҳм барои хонанда дар поварақҳо шарҳу тавзеҳ дода шудаанд. Донишнома дар заминаи маводи китобҳои илмию таълимии соҳавӣ бо забонҳои фаронсавию англисӣ, русию тоҷикию форсӣ таҳия гардидааст.
Донишномаи мазкур имкон медиҳад, ки ҳаводорони забону фарҳанги Фаронса аз он маълумоти зарурӣ ба даст оварданд. Донишнома бо услуби илмӣ – таълимӣ таҳия гардида, ба омӯзгорону донишҷӯёни риштаи забони фаронсавии мактабҳои олӣ ва миёна, ҳамчунин ба муҳаққиқону унвонҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешкаш мегардад.
Хонандагон китоби «Донишномаи Фаронса»-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.
Анӯшаи Ҷамолиддин
мутахасси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд