Расул Ғамзатов дар бораи сабки эҷод. Бахши аввал

Ҳофизонро мешиносанд аз наво,

Заргаронро-аз нигору нақшҳо.

****

Ту чӣ ба манд дод мезанӣ?

-Ман дод назадаам, тарзи гап заданам ҳамин.

Аз гуфтугўйи зану шавҳар.

Шеърҳоят шеърмонанд нестанд,

-Тазрзи шеърнависиям ҳамин.

Аз гуфтугўйи хонанда ва шоир.

Ба он ҷо, ки калонсолон ба годекани авул ҷамъ омада, байни худ суҳбат мекарданд, мо, бачаҳоро, намемонанд. Баъзан болои харсанге нишаста, аз дур гуфтугўйи онҳоро тамошо мекардем.

Боре дидем, ки меҳмоне аз авули Анди дар годекан як соати дароз гап заду тамоми ҷамоат суханашро набурида гўш карданд. Мо байни худ мегуфтем: андигӣ, эҳтимол, хабарҳои аҷибе овардааст, ки ўро як соат боз бадиққат гўш мекунанд.

Хона омада, аз падарам пурсидам:

Меҳмони андигӣ ба шумо чӣ гапҳои нав мегуфт?

А! Гапҳои имрўз гуфтаи ўро садагиҳо бист бор шунидаанд,  аммо вай чунон нақл мекунад, ки гўш накунам гўйи ҳам, гўш карданат меояд. Қанд занад андигӣ, Худо умрашро дароз кунад!

Боз дар боби услуб. Ҳар як сайд ҳилаву найранг ва тариқи хоси аз сайёд наҷотёбиро дорад. Ҳар як сайёд  низ дому фиреб ва тарзу усули хоси дунболагириву дастгирии сайдро дорад.

Айнан мисли ҳамин, ҳар як нависанда услубу сабки худ, тарзу тариқи асарнависии худро дорост.

Вақти  шоири ҷавон буданам ба Институти  адабиёт хонданӣ рафта, дар дар вазъияти наве афтодам, ки ба он омўхта нашуда будам. Маро ҳама сабақ медонанд, худи Москав, семинарҳо, шоирони  маъруф дар семинарҳо, профессорон, шарикдарсҳоям ва дўстони ҳамхонаам. Аз чор тараф ба сарм сабақ меборид, бинобар ин чанд вақт гаранг  шуда, сари калобаамро гум кардам ва бо як услуби нави ғалатие, ки  то он вақт дар адабиёти авар вуҷуд надошт, шеърнависиро шурўъ кардам.

Пинҳон кардан чӣ даркор, ҳамон вақтҳо басе орзу доштам, ки шеърҳоям ба русӣ тарҷума шаванд. Зўр  мезадам, ки шеърҳоям ба хонандаи рус дастрас шаванд, зеро чунин мепиндоштам, ки услуби нави ман ба хонандаи рус фаҳмо ва наздик аст. Ба оҳанги забони модарии авариам, ба оҳанги шеър тамоман эътибор намедодагӣ  шудам. Сохти  шеър ва мазмуни урён ба ҷои аввал мебаромадагӣ шуд. Гумон доштам, ки услуби лозимаи шеърнависиро ёд мегирам, вале дар ҳақикат, чунон ки ҳоло фаҳмидам, ман найранг мекардаам. Хушбахтона, сари вақт фаҳмидам, ки назм ва найрангбозӣ ба ҳам намесозанд. Вале чӣ будани маро аз худам пештар падари хирадпешаам дарк намуд. Ў шеърҳои нави маро хонда, пай бурд, ки ман ба хотири дунба худи гўсфандро қурбон карданӣ, замини урёни санглоҳеро, ки дар он ҳазор об монӣ ҳам, ҳеҷ гоҳ чизе намерўяд, шудгор ва кишт карданӣ, осмон надораму борон пайдо карданӣ. Падарам ҳамаи инро дарҳол фаҳмид, аммо ў одами бамулоҳиза ва пухтакор буд. Боре вақти гапзанон ба ман луқма дод:

Расул, ман аз ту хавотир, хатат дигар шудан дорад.

Дада, ман акнун калон шудаам, ба ҳусни хат дар мактаб аҳамият медиҳанд. Аз одами калонсол на фақат чи тарз навиштан, балки чӣ навиштанро ҳам талаб мекунанд.

Ин гапи ту ба милиса ва котиби шурои қишлоқ, эҳтимол, мувофиқ ояд. Аммо барои шоир тарзи навишт, услуб-нисфи кор аст. Шеър, ҳар кадом фикри бикреро ифода кунад, бояд ҳатман зебо бошад. Пайдо намудани услуби сабки хос, худро дарк кардан ин аст шоирӣ.

Ту мешитобӣ, аммо дониста бош, ки дарёчаи тезобу пуршитоб ҳеҷ вақт давида то баҳр намерасад, онро дарёи дигари басе ҳамвор ва ором ба худ кашида, фурў мебарад.

Парандае, ки лонаашро беором дигар мекунаду ба як ҷо қарор надорад, оқибат бе лона мемонад. Оё аз лонаҳои бегонагонро хуш карда гаштан ба худ лонае сохтан осонтар нест?

Ҳозир, ки синнам аз чил гузаштааст, чил китоби худро варақ зада мебинам, ки ба гандумзорам аз заминҳои бегона гиёҳҳо афтодаанд ва  ман тухми онҳоро накоштам. Бигзор ин гиёҳҳо бегона нестанд, бигзор онҳо-ҷаву ҷавдор бошанд, вале дар гандумзори ман бегонаанд.

Дар рамаи гўсфандони бегонаро мебинам. Ин гўсфандон ҳеҷ вақт ба кўҳсорон ва ҳавои он омўхта шуда наметавонанд.

Ман баъзан дар вуҷуди худ хислатҳои дигаронро мебинам. Вале дар ин китоб мехоҳам ҳарчи ҳастам, ҳамон бошам. Хуб ҳастам ё бад, буду шудамро қабул фармоед.

Марди кўҳистон агар ба туй равад, аз одамони пештар ҷамъомада мепурсад:

Худи шумо кифоя, ё ман ҳам дароям?

Туйхўрон ба меҳмони навомада ҷавоб медиҳанд:

Даро, агар ту дар ҳақиқат ту бошӣ.

Инак, китоби ман ва бо ин исбот намуданиям, ки ман-манам. Мехоҳам нависанда бошам, на ин ки иҷрокунандаи нақши нависанда. Бинед, ҳунарпеша дар саҳна чӣ хел коняк менўшад. Ана, маст шуд, забонаш гирифта, сараш ба рўйи синааш афтод. Аммо даруни он шиша коняк не, чой аст. Одам бо чой маст намешавад. Ба ин гап ҳатто шахсоне, ки дар умрашон мазаи конякро начашидаанд, розӣ хоҳанд шуд.

Агар дар драма нақши шоир бошад, кори аз ҳама душвори драманавис-ба ҷои шоир шеър навиштан аст. Бинобар ин дар спектакл шоир иштирок кунад ҳам, аксаран шеъри худро намехонад. Шоири бе шеър чӣ шоир аст? Ў аз ҳайкале, ки дар намоишгоҳи мағоза меистад, чӣ фарқ дорад? Ман ба шоире, ҳатто ба Умари Хайём, Пушкин, Байрон, набояд шабоҳат дошта бошам.

Баъзан дуздон барзаговро зада мебаранду ё шохашро мешикананд ё душамро мебуранд. Як хел дуздҳо автомобилро мебаранду ба он ранги дигар медиҳанд. Аммо ҳазор фиребу найранг ба кор баранд, дуздӣ дуздӣ асту бас. Агар хонандагон Расул ҳамчун Расул китоб навиштааст мегуфтанд, бароям хурсандии аз ин зиёд набуд. Ман мурғони хушилҳонро аз парандаҳои чириқ-чириқкунанда бештар меписандам. Парандаро бештар ҳангоми парвозаш дўст медорам, на ин ки вақти хоктўдаро тит карданаш. Киштии шиноварро аз киштие, ки дар бандари танг истодааст, бештар меписандам. Заврақҳои сабукборро бинед, чи хел ба ҳар як мавҷ ҷастухез мекунанд. Киштиҳои калони вазнинро бинед, ҳатто вақти тўфон чи  хел устуворона шино мекунанд.

Одамони аблаҳ як қатра шароб нанўшида, мастҳо барин мағалу ҷанҷол мебардоранд. Одамони оқил паймонаро пур карда нўшанд ҳам, орому осоишта ва ҳушёрона суҳбат мекунанд.

Китоби Расул, дар байни мардум чунон бош, ки сазовори Расул гўяндат.

Агар ба хонаи кўҳистонӣ меҳмони ношиносе ояд, то се рўз нагузарад, кӣ куҷоӣ будани ўро намепурсанд.

Шумо низ китоби маро, чист, аз куҷо ва аз они кист нагуфта, қабул фармоед. Бигзор худи китоб чӣ будани худро арз намояд. Ман аз будам на бадтар шудан мехоҳам, на беҳтар.

Дар бистсолагиат қуввати бозу надорӣ, нахоҳӣ дошт ва умед ҳам накун. Дар сисолагиат хирад надорӣ, нахоҳӣ дошт ва умед ҳам накун. Дар чилсолагиат пул надорӣ, нахоҳӣ дошт ва умед ҳам накун. Чунин аст зарбулмасали русӣ. Дар кўҳистони мо ин тавр мегўянд: одам ки дар чилсолагиаш уқоб нашуд, дигар парвоз кардан наметавонад. Бигзор аробаам ба роҳи худ равад.

Вақте борон аз кўҳе, ки бар болои деҳаи мост, ҷуйчаҳои бешуморе ҷорӣ мешаванд, дар поён ҳамаи онҳо як шуда, аз оби борон кўли муваққатиеро ташкил медиҳанд. Вале оби он кўл фақат аз як ҷўй мебарояд. Аз кўҳҳои атроф ба авули мо пайроҳҳаҳои бисёре мефароянд. Ҳамаи онҳо, монанди ҷуйчаҳо, ба авули мо омада мерезанд. Вале агар аз авул ба маркази ноҳия, ба шаҳр, ба ҷаҳони васеъ рафтан лозим шавад, фақат як роҳи васеи муқаррарӣ ҳаст.

Намедонам, худро ба чӣ ташбеҳ диҳам-ба роҳ ё дарё. Аммо яқин дорам, ки фикру мулоҳиза, сухану ҳиссиёти бисёр ҳамдиёронам  чун дарёчаҳо ё пайроҳаҳои морпечи кўҳӣ, дар вуҷуди ман омада ҷо гирифтаанд. Пайроҳаи худам, роҳи худам маро аз авул гирифта, ба олами назм бурдааст. Ман ба гўшаву канорҳои мухталифи рўи замин ва мамлакатҳои гуногунтарин сафару бо одамони гуногун мулоқот кардаам. Дар маҷлисҳои қабули ботантана ва олимақомонаи президентону шоҳон, сарвазирону вазирони одӣ, сафирон иштирок намудаам. Дар ин гуна маҷлисҳо пойафзол ва сари тоси одамон чӣ ҷило медиҳанд, тавқи гарданҳо чи тарз баста шудаанд, ошхўраҳо чӣ сап-сафеди оҳарӣ, таъзиму табассумҳо чӣ боадабона, калимоту ҳаракот чӣ бо мулоҳизаву эҳтиёткорона! Дар чунин маҷлисҳо артистон ба сарвазирон монанду сарвазирон ба артистон.

Ман дар ин гуна маҷлисҳо ҳеҷ вақт он чӣ ҳастам, ҳамон буда наметавонам. Ман ҳаракате мекунам, ки худ онро намехоҳам, суханҳое мегўям, ки худ онҳоро гуфтан намехоҳам. Аз байни шукўҳи чунин маҷлисхо ногоҳ ба чашмам манзили азизам-Сада ва дар атрофи он хешовандонам менамоянд, ё худро бо дўстони хушчақчақам дар ҳуҷраи ягон меҳмонхона мебинам. Он гоҳ ба ҷои таомҳои хоричӣ дилам хингали сирдор мечўяд. Бай-бай, чӣ кайфияте дорад остин барзада, дар лаби оташдон бо дўстон хинкали сирдор хўрда нишастан, чунон хинкал, ки равғанаш оринҷшор бошад!

Баъзе китобҳоро хонда, гумон мекунам, ки каҳрамонҳои онҳо дар маҷлиси қабули сафоратхонаанд. Ҳаракат, рафтор ва гуфтори озодона надоранд. Китобам, чун меҳмони маҷлиси қабул дар сафоратхона набош. Бигзор туро суханҳое бошанд, ки ба хислати ҳақиқии ту хоссанд, на суханҳое, ки аз рўйи одоб гуфтан лозим аст. Ман онҳоеро дидаам, ки дар хонаи худ, дар ҳалқаи оила, зану фарзанд ё дўстони худ, мисли дигаронанд. Вале ба курсии хизмат нишастан ҳамон сардмуомилаву сангдил ва бадқаҳр мешаванд, гўё онҳо тамоман шахси дигар бошанд. Бо нав шудани мартаба ва курсии хизмат феълухў, рафтору кирдор ва симои онҳо тағйир меёбад.

Вафодор бош, китобам, чунон ки ман дигар намешавам, ту ҳам хислататро дигар накун. Дўстон ва дуди оташдонро дўст дор на ин ки маҷлисҳои бодабдабаи қабулро; киштзорро дўст дор, на ин ки консертҳоро, ба садоҳои замин гўш деҳ, на ин ки ба мағали маҷлисҳо. Охир, баъзан дар маҷлис як гапро мегўянду аз маҷлис баромада, гапи дигарро.

(Давом дорад)

МАНБАЪ: Расул Ғамзатов: “Доғистони ман”. Душанбе, 2018. Тарҷумаи Абдулло Зокир. Бо таҳрир ва тасҳеҳи Гулназар. Муҳаррир Меҳрӣ Саидова. Нашри чаҳорум.

Хоҳишмандон имкон доранд ин китоби хубро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Рисолат Шералиева,
мутахассиси пешбари хизматрасонӣ
ба шахсони имконияташон маҳдуд.