Файзулло Ансорӣ: Ёрон, чу накўед, накӯкор шавед…

Файзулло АнсорӣХоҳам ба сари ҳикмати аъло будан,

Дар хизмати халқи худ тавоно будан.

Бадбахтию нокомии инсон дар чист?

Дар ҷамъияте будану танҳо будан!

********

Ин дил зи чӣ озори маро мехоҳад?

Ғам хўрдани бисёри маро мехоҳад.

Ин олами ишқ бехабар аз ҳолам,

Иқболи ситамгори маро мехоҳад.

*********

Шаб мешаваду то ба саҳар бедорам,

Аз баҳри чӣ ҷабр мекунад дилдорам?

Ҷон рўи кафам, роҳи варо мепоям,

То дар қадами муборакаш биспорам!

**********

Аз шарму ҳаё рўи ту гулранг бишуд,

Аз меҳру вафо дил ба ту дар чанг бишуд.

Дар чанги ту буд дил, ки рафтӣ зи барам,

Бедил шудаму ҳолати ман танг бишуд.

***********

Бишнав ту саҳар зи бод пайғоми дилам,

Аз дурии ту нест саранҷоми дилам.

Мемираму лек мешавам зинда, агар

Боре биситонам аз лабат коми дилам.

************

Боре назаре ҷониби дилсўхтаат,

Бар шахси забони ишқ омўхтаат.

Лутфе бинамо, оташи ҳиҷрон мафурўз

Бо мардуми шамъи меҳр афрўхтаат!

**********

Ҳар нолаи дил нолаи беовоз аст,

Нашнида биё, ки ҳоли мо носоз аст.

Зуд ой, ки тоқате намондаст маро,

Ҳам пардаи чашм бар ту пойандоз аст.

**********

Тори дили мо даме, ки тор аст, навоз,

Ҳар нағмаи он зи ҳаҷри ёр аст, навоз!

Вақте ки ба айшу ишрате биншинем,

Боде, ки дар он бўи баҳор аст, навоз!

***********

То кай зи фироқ нолҳо бардорам,

То кай ғами дуриат ба ҷон бигзорам?

Оташ бишаву бисўз ҷону дили ман,

Хокистари худ ба бод то биспорам.

************

Ҳар як суханат маро, ки дар гўш шавад,

Дар гўш шавад, магар фаромўш шавад?

Чун бўи хуши мўи ту ояд ба димоғ,

Ҷону дили ман сархушу беҳуш шавад.

***********

Ёрон, чу накўед, накӯкор шавед,

Дидед, ки ғам дид касе, ёр шавед.

Лофе назанед ҳаргиз аз мардии хеш,

Бар шахси ҷафодида парастор шавед!

Аз китоби  Файзулло Ансорӣ  “Офтоби баҳор”, таҳияи Саломат Якубова, сармутахассиси шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд.

Хоҳишмандон ин китобро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.