“Рӯзи дарҳои боз” дар Китобхонаи миллӣ

Ҳамасола дар Тољикистон ҳафтаи аввали соли хониш 4 – уми сентябрро чун “Рӯзи китоб” бо шукуҳу шаҳомати хос ҷашн мегиранд. Дар пайванд бо ин љашни фарњангї Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳои таҳрезишуда дар соли 2021  рӯзи 3-юми сентябрро ба унвони Рӯзи дарҳои боз баргузор намуд.

Ҳадаф аз гузаронидани Рўзи дарҳои боз њамоно  ҷалби ҷомеа, алалхусус хонандагон ва донишљӯёни муассисаҳои таълимӣ ва олӣ ба мутолеаи китоб, даъват ба Китобхона ва ошно кардани касоне, ки бори аввал ба ин боргоҳи маърифат қадам ранҷа мефармоянд ба шароити Китобхонаи миллӣ ва имкониятҳои беҳудуди он аст.

Ин маросим аз соати  9-00 оғоз гардида то соати  15-00  идома ёфт ва дар он бештар аз 1500 нафар аз ҷумлаи донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн, Донишкадаи давлатии  санъат, меҳмонони дохиливу хориҷии пойтахти кишвар, донишмандон, рӯзноманигорон ҳузур пайдо карданд.

Роҳбарияти Китобхонаи миллӣ меҳмононро хайрамақдам гуфтанд ва дар расми ифтитоҳи “Рӯзи дарҳои боз” дар бораи таърихи ин рӯз, иқдомҳои шоистаи Китобхонаи миллӣ ва шароитҳои он суханронӣ карданд.

  Кормандони масъули Китобхонаи миллии Тоҷикистон меҳмононро ба толорҳои хониш раҳнамоӣ карданд, ба онҳо роҳҳои ҷустуҷӯи адабиёт ва дархости китобро нишон доданд, бо намудҳои хизматрасониҳои ройгону шартномавии Китобхона шинос намуданд.

.Ҳамчунин ба ҳамаи онҳое, ки ба таърихи китоб ва китобхона дар Тоҷикистон таваљљуњ доштаннд, саҳифаҳои ин таърихро варақгардон намуданд ва онҳоро бо китобдорӣ дар кишвар ва сайри таърихии он ошно сохтанд.

 Дар чорабинии мазкур аз ҷониби Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ, ки масъули баргузории он буд, зиёда аз 1200 буклету китобча ва маводҳои таблиғотӣ дар бораи фаъолият ва вежагињои соҳаи хизматрасонии Китобхонаи миллӣ омода намуда, ба меҳмонон тақдим намуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар саросари Тоҷикистон 4 сентябр Рӯзи китоб бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Ҳанӯз 14 сол қабл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни гузоштани санги асос ба  бунёди Китобхонаи миллии Тоҷикистон ин ҷашнро эълон намуда, иброз доштанд, ки «бо дарназардошти аҳамияти бузурги китобу китобдорӣ ва донишу маърифат пешниҳод менамоям, ки дар қатори идҳои дигар рӯзи оғози сохтмони Китобхонаи миллӣ ҳамчун Рӯзи китоб муқаррар карда шавад».

Аз он ба баъд ҳамасола дар ҷумҳурӣ Рӯзи китоб бо шукуҳи фаровон љашн гирифта  мешавад.

Исроил Иброҳимов, Сармутахассиси  шӯъбаи

маркетинг ва менеҷменти фаолияти китобдорӣ.