Тафреҳ. Як ғазали ноби наврӯзи аз Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ

Хоҷа Ҳофизи ШерозӣЗи  кўи ёр меояд насими боди наврўзӣ,

Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрўзӣ.

Чу гул гар хурдае дорӣ, худоро, сарфи ишрат кун,

Ки Қорунро ғалатҳо дод савдои зарандўзӣ.

Зи ҷоми гул дигар булбул чунон масти майи даъл аст,

Ки зад бар чархи фурўза сафири бахт фирўзӣ.

Ба саҳро рав, ки аз доман ғубори ғам бияфшонӣ,

Ба гулзор о, ки аз булбул ғазал гуфтан биёмўзӣ.

Чу имкои хулуд, эй дил, дар ин фирўза айвон нест,

Маҷоли айшту фурсат дон ба фирўзиву беҳрўзӣ.

Тариқи комбахшӣ чист тарки коми худ кардан,

Кулоҳи сарварӣ он аст, к-аз ин тарк бардўзӣ.

Сухан дар парда мегўям, чу гул аз ғунча берун ой,

Ки беш аз панҷ рўзе нест ҳукми мири наврўзӣ.

Надонам навҳаи қумрӣ ба тарфи ҷўйборон чист,

Магар ў низ ҳамчун ман ғаме доад шабонрўзӣ?

Майе дорам чу ҷон софиву суфӣ мекунад айбаш,

Худоё, ҳеч оқилро мабодо мабодо бахти бад рўзӣ!

Ҷудо шуд ёри ширинат, кунун танҳо нишин, эй шамъ,

Ки ҳукми осмон ин аст, агар созӣ в-агар сўзӣ.

Ба уҷби илм натвон шуд зи асбоби тараб маҳрум,

Биё, соқӣ, ки ҷоҳилро ғанитар мерасад рўзӣ.

Май андар маҷлиси Осаф ба Наврўзи Ҷалолӣ нўш,

Ки бахшад ҷуръае ҷомат ҷаҳонро сози наврўзӣ.

Ҷанобаш порсоёнрост меҳроби дилу дида,

Ҷабинаш субҳхезонрост рўзи фатҳу фирўзӣ.

На Ҳофиз мекунад танҳо дуои хоҷа Туроншоҳ,

Зи мадҳи Осафӣ хоҳад ҳама идиву наврўзӣ.