Абдулҳамид Самад: “Сайри Варзобу аёдати устод Боқӣ”

ЛоиқЗиндаёд Лоиқ бо инсонҳои хушгил ва ёрони ҳамдил дар домани кўҳсор ё сояи мушкбедҳои лаби рўди Варзоб маҳфили унс оростанро дўст медоштанд. Авҷи гармо, ба қавли худашон бо «ҷўраҳои ҷамолакӣ» аз ҳавои дамгири Душанбе гурехта Варзоб рафтанд. Ҳар дам ғанимат. Ва дар ҷои хушманзара, орому осуда болои кати сояи зарбедҳои лаби рўд «хайма» зананд.

Роҳати ҷон, манбаи илҳом. Насими сардакаки мавҷҳои пуршури Варзоб тани нимбараҳнаи онҳоро менавозад. Холати гуворо, муҳити дилкашу озод. Пои луч болои реги гарми соҳил қадам задан ҳаловате мебахшид беинтиҳо. Гардиши ҷому нўшбодҳо сар метафсонду хотираҳо меангехт ва забони ҳар якеро булбули гўё мекард. Аз шавқи шеъру байтхонӣ, латифагўйии пай дар пай, ҳазлу ёд овардани лаҳзаҳои ширин таноби рўз кўтоҳ мешуду болои хон аз табақи оши палову сихкабоб рангин. Баногоҳ касе олиҳимматии дўсташро аз ҳад зиёд ситоид. Устод Лоиқ, ки болои харсанги лаби рўд нишаста, пойҳои урёнашро гоҳ-гоҳ ба оби сардакак меғутонданд, хам шуда як кафшашро бардошта ба дўстон намоиш дода ҳазломез мегуфтанд:

Инхел кафшро дидед? Камёб аст! Кобед ҳам намеёбед. Як дўстам аз худи Ватани аслияш – Чехословакия ба ман фиристод. Ана кафши асили чехӣ. Тобистони сўзон роҳати пост

Наход? – дўстон ба  кафшҳои хуштарҳи Лоиқ бо ҳавас чашм давонданд: –  Аҷиб…Моли асил

– Ана ин хел дўст кирои таъриф мекунад, – шоду мамнун суханашро идома дод Лоиқ. Вай ки аслан ба сару либос чандон эътибор намедод ва худситоӣ ҳам барояш бегона буд, он лаҳза ҳимати дўсташ, нармиву сабукӣ ва роҳатбахшии кафшҳои чехиро хеле васф кард. Ҳамроҳон шоирро боз гирди дастархон хонданд ва барои ёрони содиқ, ҷонӣ ва бо ҳимату беғараз пайк бардошта, ба олами суҳбат фурў рафтанд.

Қиёми рўз баногоҳ диданд, ки як кафши зебои Лоиқ болои мавҷҳои рўди хурўшон мисли заврақ алвонҷхурон шино дорад. Ҳаёҳу барпо шуд. Шоир бархеста лаб-лаби рўди мавҷмаст бо нияти ба чанг овардани кафш чанде тохт, лекин бефоида… Силсилаи, амвоҷ кафшро байни рўд кашонд. Об мисли ях сард буду Лоиқ аз ҳунари шиноварӣ пиёда. Вай аз туъмаи рўд шудани як пойи кафшаш бедимоғу хашмгин омада боз болои харсанг нишаст ва ба дўстон, ки аз ин руйдод гоҳ механдиданду гоҳ афсўс мехурданд, гила оғозид:

– Чашми бади шумо расид.

Медонед, кафш аз беэҳтиётӣ обӣ шуд. Ҳо, дарсҳои физикаро ба ёд биёред: нисфи рўз об аз гармӣ медамад: дар шеърҳоятон «мадду ҷазр» мегўед-ку…Дарёи дўстдоратон хотир надида кафшро ба коми худ кашид…

Лоиқшоҳ, ин ҳам як ғазали зебои дарё шуд. Ба ростӣ ҳеҷ кас мисли Шумо дараву рўди Варзобро зиёду зебову ошиқона тараннум накардааст. « Ману дарё, ману дарё…Ду девона тани танҳо…» Барои имтиҳони меҳри бепоёнат дарё аз гармии рўз бехуд шуд, нозу шўхӣ кард…

Устод як попўш дар даст, табассум дар лаб бо сари хам, андешаманд ҳазлҳои дўстонро шунида баногоҳ он кафшашро байни дарё партофта, бедимоғ худ ба худ ғур-ғур кард:

Рав, ту ҳам шино бикун, ҷуфтатро биёв. Танҳо зиқ мешавӣ …Ришханди бахта бинед: ба дигарҳо аз худситоӣ фоида расад, ман аз таърифи кафшам побараҳна мондам

Ин рафтори шоиронаи Лоиқ оташи ҳазлу шўхиҳои дўстонро аз нав афрухт.

– Ҳай-ҳай, хуб накардед, ҳайф шуд…Як кафшро ба сарам мезадам ?

 – Барои музей мемондед. Як нигораи аҷиб мешуд…

Оре, беҳтарин нигораи рамзнок! Шумо гўё бо як кафш олами шеърро саросар сайр кардаед…

 –  Шарҳаш чӣ? Ба мухлисон олам-олам завқ мебахшид.

Ҳар чизе муфт омад, ройгон рафт,- ба суханҳои нешдору тамасхўромези дўстон вай нуқта гузошт:- Халос шудам. Бебозгашт рафт.

Аҳли нишаст саргарми муҳокимаи «нозу шўхии» ноҷои Ваврзобрўд ва кафшҳои нозанини муфт аз даст рафтаи Лоиқ, баногоҳ боз диданд, ки саге дар даҳон як кафши оббурда овезон, лаб-лаби соҳил давдавон меояд. Эҳа, ин магар саҳнаи афсонавӣ нест? Рўзу лаҳзаи аҷиб. Ин ҳолатро кӣ интизор буд? Онҳо сархушона бо фарёду даводав ва таҳдиду сангпартоӣ кафш аз даҳони саги мискин афтоданд ва онро оварда ба соҳибаш супориданд.

Моли ҳалол гум намешавад, – мегуфт яке: – Худат доим  мегўӣ – ку: бачаи барўзиям.  

Як кафш бори вазнин буд? Чаро партофтияш? – ўро сазо медод дигаре .

Ҳа-а, устод, ин саг коре кард, ки ҷои сад кори дигарро гирифт.

Рост, – гуфтаи мусоҳибро тасдиқ кард Лоик ва афзуд:- Аз куҷо медонистам,ки саги ноошно аз ёри хасакӣ вафодортар аст.

Дўстон ба сухани таҳдори шоир қоҳ-қоҳ хандиданд. Ва Лоиқ акнун аз он ки кафши дуюмро бо дасти худ ба коми дарё партофта буд, пушаймону асабӣ бо ришханд худро сазо дод:

– «Каҳри дарвеш ба зарари дарвеш» гуфтаанд. Чаро саросема шудам? О ман бачаи берўзӣ набуам-ку…Дар ноомади кор одам бо дасти худ ба худаш зарар мерасондааст. Акнун инашро чӣ кор биукунам?

Чун хотира нигоҳ доред. Ёдгорӣ аз даҳони саг бо мадади дўстон, – ҳазломез неш зад яке. – Оянда пайшиносони ҷавон кафши дуюматонро аз поёноб ёфта биёранд, паҳлуяш мегузоред

Дўстон аз «туҳфа»- и сагу «корнамоӣ»-и  худашон хушдилу Лоиқ бедимоғ. Вай меандешид, ки дар ин аҳвол бе попўшӣ чӣ хел хона меравад? Одамон ўро пойи урён бинанд, чӣ фикр мекунанд? Боз гапу ғайбатҳои нав. Баногоҳ ў кафши саг овардаро тунд байни дарё афканда, баланд гуфт:

Сари танҳо ба кӣ лозим? Аз хандаву истеҳзои инҳо чӣ фоида? Ту ҳам раву ҷуфтатро биёв…

Ҳамин тавр дўстон саргарми баҳсу ҳазлкашӣ, аз ғуруби хуршед дар сари қуллаҳо бехабар монданд. Шом фаро расиду дар хомўшии байни кўҳҳо «ғазал» и азалии Варзобрўд авҷи тоза ёфт. Ҳангоми бозгашт касе гуфт, ки дируз устод Боқӣ Раҳимзода баъди ҷарроҳии чашм аз Маскав баргаштаанд. Сари қадам даромада аҳволашона пурсем, шод мешаванд.

Пешниҳоди хуб. Ҳатман меравем. Дуои устодро гирифтан ғанимат аст.

Кайҳо пазмони  дидору суҳбаташон шудаам. Лекин ман пои урён чӣ хел хонаи устод равам?- ошуфтаҳол пурсид Лоиқ ва ба ҳоли худ хандид: – Ба болои  ҳама гапҳои росту дурўғ ҳаминаш намерасид

–  Парво накунед. Шаб аст. Устод Боқӣ, ки чашмонашонро ҷарроҳӣ карда бошанд, пойлучии шуморо чӣ хел мебинанд?

Дўстон! Кӣ ба пои лучи Лоиқшоҳ менигарад? Ҳама мафтуни сару ҳунаранд

Беле, шеърҳои нағз аз ҳамин сар баромаданд…Аз дил низ…

Лекин айбҷў ба по менигараду дўст ба сар, – бо қоҳ-қоҳ гуфтанд Лоиқ.

Садқаи дилу саратон шавем.  Дили бузург дорӣ, мағзу ҳунари беҳамто… О ин ҷо бо пойи урён истодан чӣ фоида? Биё, ба мошин мешинему меравем ба зиёрати устод Боқӣ. Аз он чо боз ба мошин мешинему меравем хона ба хона…

– Рост Худо раззоқ аст.

Устот Лоиқ аз хоҳиши дўстон сар напечид, дигар бе онҳо гуҷо ҳам равад?  -ва меҳмонони азизу нохонда шомгоҳ ба ҳавлии чароғони устод Боқӣ ворид шуданд. Пазироии булаҷаби  ғайричашмдошт пеш омад. Хурду бузург аз ташрифи меҳмонони нохонда мамнун. Устод Боқӣ  либоси рах-рахи шинам ба тан, тоқии чоргули чустӣ ба сар, айнаки сазфом ба чашм, чеҳраи офтобиаш нурбор, лабонаш пуртабассум, аз хона баромада, дар саҳни ҳавлии озоддаву пургул ҳар якеро падарвор ба оғўш кашид ва худашон пеш даромада онҳоро ба кати гўшаи боғ ҳидоят кард. Ҳолпурсӣ акнун авҷ мегирифт, ки болои хони ҳамеша кушодаро нозу неъмат, нўшокиву газзакҳои беҳтарин оро дод. Суҳбати саршор аз лутфу зарофати устод Боқӣ чун ҳамеша аз дидаву шунида шира басту шогирдонро мафтун кард.Танҳо Лоиқ чун дар болои хор ноҳинҷору хомўш менишаст ва мекушид, пойҳои урёну хоколудашро тарзе пинҳон бикунад, ки ба чашми устод Боқӣ ва аҳли хонадонашон наафтанд. Ва дам ба дам ў ба ишораи чашм аз дўстон хоҳиш мекард, ки зуд бархезанд.

Аз устод Боқӣ рухсат хонданд.

Як дами дигар, тақсирҳо. Куҷо мешитобед? Ташнаи дидору суҳбататон шудаам. – бархеста гуфтанд устод ва афзуданд: Ман давида-давида ба ҳамин рўз расидам…Аввал иҷозат диҳед, ки як сари қадам ба ҷое, ки шоҳон пиёда мераванд, рафта биоям…

Борон шарар мешавад-чӣ?

Напурсед… Худатон аҳли фаҳмед, медонед- ку. Лоиқшоҳ ба шумо чӣ шуд? Чаро хомўшед? Ба худатон монанд нестед, тақсир. Ё боз ягон «корнамоӣ» кардед?

Фурсате пас устод Боқӣ бо ҳамсарашон Соробону баргаштанд ва ба меҳмонон хушомадед гуфтанд. Бархестанд. Ҳолати нобоби Лоиқро худаш медонисту бас. Вай худро ба сояи дўстон кашида, ноаён аз ҳавлӣ баромадан мехост,

Ҳамсари устод Боқӣ бо чеҳраи кушоду лабони пуртабассум қоғазпечеро кушод ва як ҷуфт кафши навро бо ҷўробҳо пеши Лоиқ ниҳоду нарм гуфт:

Тўҳфа, барои шумо Лоиқшоҳ

Ваҳ, пойҳои лучи маро чӣ хел дидед?

-Лоиқшоҳ, пўшед, насиб кунад, – бо шакарханд гуфтанд устод Боқӣ ва афзуданд: – Ман ҳусни ҷинсҳои латифу пой лучи шогирдонамро дарҳол мебинам…

Мавҷи хандаи осмонкафон ҳавлиро пур кард.

МАНБАЪ: Абдулҳамид САМАД: “Шаҳсутун”. Душанбе, “Адиб”, 2020.

Таҳияи Ҷамила Гирдакова,
сармутахассиси маркази
забони тоҷикӣ ва омўзиши
забонҳои хориҷӣ.