Идомаи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар “Китобхонаи миллӣ”

Наврӯзи байналмилалӣНаврӯз яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми форсизабон буда,  зиндашавии табиат ба ин айём рост меояд. Наврӯз маънои “рӯзи нав”, “тоза”, “рӯзи нахустин”-ро дорад, ки соли нав аз он оғоз мегардад. Абурайҳони Берунӣ донишманд ва олими қарни даҳум дар китоби машҳури худ “Осор-ул-боқия ” аз забони Алӣ бинни Яҳё навиштааст, ки “Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст”.

Дар замони соҳибистиқлолӣ ва давлатсозии навини тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳонишавии Наврӯз саҳми бениҳоят бузург мебошад. Талошҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат буд, ки 30-юми сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи фарҳанги ғайримоддии  башарият дохил карда шуд ва 19-юми феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон гардида, дар саросари ҷаҳон бо як шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад.

Инак, боз ба диёри зебоманзари мо Наврӯзи аҷам қадам ниҳод. Аз ин рӯ кормандони “Китобхонаи миллӣ” барои омода ва дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашни Наврӯз санаи 30-юм ва 31-уми март “Рӯзи дарҳои боз”-ро эълон намудааст, ки кормандони бахши таҳрир ва интишороти Муассиса  саҳми худро гузоштаанд. Онҳо табрикномаву ифтихорномаҳо, дизайнерии банерҳо ва буклетҳои рекламавӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ омода намуданд, ки дар он маълумоти мушаххас барои меҳмонон гирдоварӣ гаштааст.

Дар рӯзи якуми “Дарҳои боз” меҳмонон аз ҳама муассисаҳои таълимӣ, донишгоҳҳову донишкадаҳо ва корхонаҳои давлатӣ ташриф оварда, аз толорҳои хизматрасонӣ, намоишҳои китобии Китобхонаи миллӣ ва дигар муассисаҳои нашриявӣ дидан намуданд. Кормандони бахши таҳрир ва интишорот ҳамасола кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар баргузории чорабиниҳои Китобхона саҳмгузор бошанд.

Ҷашни Наврӯзи дилафрӯзро ба кулли мардуми бошарафи миллати тоҷик ва ба ҳамаи форсизабонон муборакбод мегӯем.

Дӯстон, фасли дилафрӯз муборак бошад,
Ҷашни фархундаю фирӯз муборак бошад.

Ҳама ҷо хуррамию тозаҷавонӣ бинам,
Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад!

Сармутахассиси бахши таҳрир
ва интишорот Темурова М.