Додохони Эгамзод дар остонаи 75-солагӣ
Имрӯз, 1-уми апрел нависанда, ҳаҷвнигор, рӯзноманигор, ношири маъруф Додохони Эгамзод ба синни 75-солагӣ қадам гузошт. Аз ҷумлаи адибони сермаҳсул буда, дар ҷодаи рӯзноманигорӣ муваффақ аст. Таъсисдиҳандаву интишордиҳандаи чандин нашрияҳои хуби хонданӣ дар миқёси вилоят ва ҷумҳурист.
ДОДОХОНИ ЭГАМЗОД 1 – уми апрели соли 1951 дар деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара дида ба олам кушодааст. Баъди хатми мактаби миёнаи деҳа, соли 1969, вориди шуъбаи журналистикаи факултаи филологияи тоҷики
Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, соли 1974 ба поён расондааст. Фаъолияти кориро аз моҳи августи соли 1973 ба ҳайси ходими адабии рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» оғоз намудааст. Аз моҳи феврал то августи 1975 лектори КМ ЛКСМ Тоҷикистон, сипас, то соли 1980, мухбири «Комсомоли Тоҷикистон» дар вилояти Ленинобод (Суғд) будааст.
Аз декабри 1980 то октябри 1989 мухбир ва, баъдан, котиби масъули газетаи «Адабиёт ва санъат», солҳои 1989-1991 сармуҳаррири рӯзномаи «Паёми Душанбе», сипас, то августи соли 1992, муовини аввали сармуҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистон», аз моҳи марти 1999 то августи 2007 сармуҳаррири рӯзномаи «Нилуфар», ҳамзамон, сармуҳаррири «Сухани халқ» – нашрияи Кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ будааст.
Аз августи 2007 сармуҳаррири маҷаллаи «Ноҳид», ҳамзамон, бунёдгузори нашрияҳои «Саломат бошед!», «Лочин», «Лаку Пак», «Ганҷи Ворух» буда, дар пешрафти матбуоти тоҷик саҳми назаррас мегузорад.
Дар ҳаҷвнигорӣ қалам тез кардааст. Муаллифи маҷмӯаи қиссаву ҳикояҳои ҳаҷвии
«Караван улыбок» (1986), «Лабханди Нодир» (1987), «Гаҳворабахш ё худ қиссаи зангирии худам», «Лангари бозсозӣ» (1989), «1001 ханда» (1992), «Парастуи рамида», «Муҳаббати думбурида ё худ тафсири ишқи гулдухтар ё гулписар» ва «Балогардон ё худ пораҳо аз хотираҳои як нависанда дар бораи се президент» (2013) ва ғ. мебошад.
Муаллифи романҳои «Нигина ва Мирмалик» ва «Ахтари сабз» мебошад. Китобҳои чорҷилдаи «шукуҳи Ворух» – осори мунтахаби муаллиф («Адиб», 2021) аст. Повести «Фарзанди офтоб» ба забонҳои англисию русию узбекӣ тарҷума шудааст. Нусхаи форсии он дар ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврўз (Деҳлӣ, 2021) муарифӣ гардид.
Дар Маҷлиси машваратии адибони ҷавони шӯравӣ (Маскав, 1984), Ҳамоиши ҳаштуми байналхалқии ҳаҷвнигорон (Булғория, Габрово, 1988) ва чандин «Юморинаҳои Одесса» ширкат варзидааст.
Дорандаи ордени «Шараф» (дараҷаи 2), медали ҷашнии «100-солагии матбуоти тоҷик», Аълочии матбуоти Тоҷикистон.
Аз соли 1976 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 1988 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.
Барандаи Ҷоизаи байналмилалии «Хитрый Пётр», Ҷоизаи адабии ба номи Раҳим Ҷалил, «Нишонаи сухан», медалҳои ҷашнии ҲҲДТ, «100-солагии матбуоти тоҷик».
Додохон Эгамзод ба руйхати феҳрасти байналхалқии «100 чеҳраи маъруфи Тоҷикстон дар садаи 20-ум» ворид шудааст.
Бо истифода аз китоби “Адибони Тоҷикистон”, Хуљанд: Ношир, 2024 таҳияи Набӣ Набиев, корманди шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ