Зиҳӣ Истиқлол
“Маҳз ба шарофати Истиқлол дар харитаи сиёсии дунё Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр ба вуҷуд омад ва ба ҳайси узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Истиқлоли давлатӣ дар сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ гардида, ба мардуми Тоҷикистон имконияти нодири таърихии бунёди давлати мутамаддини ҷавобгў ба манфиатҳои кишвар, халқи он ва эҷоди аркони давлатдории муосирро муҳайё намуд”.
Эмомалӣ Раҳмон
Истиқлолият ин шарафу номусу ватандорист. Боиси ифтихор аст, ки имрўз дар саросари Ватани маҳбубамон Истиқлолияти давлатиро бо як шукўҳи баланд пешвоз гирифта истодаем. Хушбахтона, мо ҷавонони зодаи истиқлолем ва дар замони истиқлол рушду нумў дорем. Барои ҳар ҷавон пос доштани Истиқлолияти давлатӣ фарз ва қарз мебошад. Шукронаи Истиқлолияти Тоҷикистон, ки бо хирадмандони ватандўстдораш ҳамаи мушкилотро паси сар намудем.
Ман ҳамчун як ҷавони зодаи Истиқлол ба тамоми ҷавонони ватан ҳушдор менамоям, ки ба ҳар гурўҳҳое, ки пур аз дурӯғу гумроҳист, дода нашаванд. Ҳамеша дар фикри Ватану миллати хеш бошанд, зеро дар ақидаи он гурўҳҳои ифротӣ на дўстдорӣ ба Модар асту на ба хоҳар, на ба падар асту на ба бародар. Ҳодисаву воқеаҳои пурошўби соли навадум барои мо бояд дарси ибрат бошад. Ба ин монанд тоифаҳо ва гурўҳҳои ҷудоихоҳ хостанд миллати тоҷикро аз байн бибаранд. Он ҷанги хонумонсўз ҷони ҳазорҳо одамонро рабуд, ҳазорҳо одамон бе сарпаноҳ монданд, ҳазорҳо-ҳазор хонаҳои худро партофта тарки Ватан карданд. Модароне, ки фарзандонашон дар ин ҷанги хонумонсўз беному нишон гашта, ки аз дасти бародари хеш кушта шуда, дар хун оғўштаро мекофтанд, то аз фарзанде, ки ҳоло аз дунё ҳеҷ чизе надида буд, нишоне пайдо кунанд.
Пас, биёед, эй сипаҳсолорон аз як гиребон сар бароварда, Ватану миллату меҳани хешро аз ҳар гуна чашми бад ҳимоя намоем, нагузорем, ки ҳеҷ пойи нохалафе ба хоки поки ин Ватан бирасад ва Истиқлолияти хешро поянда нигоҳ дорем, то ба насли минбаъда ин гавҳарро ба мерос гузорем. Ман боварӣ ва итминон дорам, ки ҷавонони ватандўсти мо ҳамеша синаи худро сипар намуда, Ватани худро бо ивази ҷонашон ҳимоя хоҳанд кард.
Шиори «Поянда бод Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Тоҷикистон ба пеш ҳамеша ба пеш»-ро сармашқи зиндагии хеш намоем.
Бигузор Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озоди кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад! Поянда бод Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон!
Муниса Қурбоналиева,
Мутахассиси маркази “Тоҷикшиносӣ”.