Абдулҳамид Самад: «Пайки баҳор»

Абдулҳамид СамадҶанг ҳанўз ҳам идома дорад. Садои тиру туп гоҳе аз наздик, баъзан аз дуриҳои дур ба гўш мерасад. Сарбозон, ки ҷо-ҷо байни ҷангал саргарми сўҳбату шўхӣ, номанависӣ, шустани либос, наъл задани суми асп, дарбеҳи попушӣ ё поку равған кардани силоҳ мебошанд, аз ин безобита намешаванд. Гўшу ҳуши онҳо ба чунин садоҳо одат карда. Аммо аспҳои хаставу ғанабрафта, ки саргарми чаридан ё дар офтобрў гардан ба гардан ниҳода, бо лабу дандон пушту паҳлўи ҳамдигар мехориданд, якбора сар бардошта, гўшҳо аз ташвиш найзавор рост, даме бо гўшаи чашм ба аскарон менигаранд.

Аз таркишу тирпарронӣ ҳайвонҳо безору дилгазон шудаанд. Ва дар чунин маврид мепоянд, ки аскарон сўяшон мешитобанд ё не. Эҳа, тули ин ду-се соли ҷанг онҳо мисли инсонҳо лаҳзаҳои бешумори даҳшат пушти сар карда, пурдида шудаанд. Не, ҳам сарбозон, ҳам аспҳо шабу рўзи чор фасли сол оромӣ надоранд. Охир, ҷанговаранд; шарафу номус, хонумони мардумро аз душмани хунхор ҳимоя, балки сарзаминро аз фашизм тоза мекунанд. Ва медонанд, ки дар ҷанг ғафлату бепарвоӣ хатари ҷону шикаст дорад. Ҳо, Худо накунаду нақшаи ифлоси душман амалӣ шавад ва онҳо бо талафоти гарон мавқеи худро аз даст диҳанд, дигар аз пушаймонӣ ва ангушти надомат газидан чӣ суд? Таънасору шарманда ва умре хиҷилу дар азоб мегарданд. Бинобар ин аспҳо бештар зери зин меистанд ва мудом баробари садо додани бонги хатар сарбозон сари дав бо як ҷаҳиш худро болои ҷонварҳо меафкананду онҳоро пошнаву тозиёназанон ба дили ҷангал метозонанд. Ҷонварҳои рамӯзфаҳм гўё медонанд, ки сарбозони ҳушёру зирак танҳо бо фармони афсари газгўшту болобаланд, ҷасуру хушсару либос бештар шомгоҳ, вақте пардаи торикӣ онҳоро аз чашми душман ниҳон медорад ё субҳидам, соати ғафлати фашистон ва агар пайти муносиб ёбад, нисфи рўз ҳам барқвор ба истеҳкоми рақибон ҳамла оварда, ба қавле хокашонро мебезанд. Лек душмани маккор моҳҳои охир аз ҳамлаи пайдар пай ва марговари аскарони савора хашмгин шудааст. Ва ҳамин, ки онҳоро мушоҳида бикунанд ё дар атроф буданашонро пай баранд, дар пўстинашон кайк ҷо мешаваду девонавор тирпаронӣ меоғозанд. Чунон тирпароние, ки гуфтан надорад. Дар ин мавридҳо ҷангалистони ҷомасабз, танаи ғавсу шохаҳои бақуввати дарахтон сипари ҷони аскарону аспҳост. Ҷонварони зирак баъди анҷоми амалиёт, ҳамин ки лонаи душман оташ мегирад ё аз таркиши гулўла онҳо ҷонталвоса ба чор тараф метозанд, аз як маҳмез нияти савораҳоро пай бурда, худро ба дили ҷангал мезананд…

Фармондеҳи душманон он соат аз алам бешак бо алфози қабеҳ посбони худро сазо медиҳад. Фашистон аз тарс дарахтзоронро бераҳмона тирборон мекунанд ё ба ҷангалистон оташ сар медиҳанд. Аз силсилаи тиру тўб дар танаи дарахтон захм, аз сўхтор дар ҷо-ҷои ҷангалзор доғу лакаҳои сиёҳ боқӣ мемонад. Магар ҷангалистони нопайдоканорро, ки асрҳои аср сарсабз аст ва дар дили замин решаи мустаҳкам дорад, бо тиру оташ метавон несту нобуд кард? Аскарон ва фармондеҳи ҷасуру оташмиҷозашон ба кирдори содалавҳонаи душмани хомтамаъ писханд мезананд.

Палидҳо… Аз бими ҷону алам аз дарахтон ниқор меситонанд.

Аммо як ҳафта боз муаммои сарбастае аскарони савора ва фармондеҳашонро ба ташвишу изтироб гузоштааст. Гап сари ин ки Ёрак ном сарбоз бо аспаш баногоҳ ғайб зад. Ҳамсангарон ибтидо ба ин аҳамият надоданд. «Гум намешавад. Меояд, – бо дили пур гуфтанд онҳо: – Ба дасти душман афтодани Ёрак осон нест. Бо забони немисӣ оби равон барин озод ҳарф мезанад. Ширинзабону сухандон аст… Худаш ҳам мисли немисҳо зардина, харобу қоматбаланд, сафедпўсту чашмкабуд. Ғами беҳуда нахўред. Ин Ёрак бемақсад гум намешавад: ҳоли мебинед, ки ду-се «забон»-ро пешандоз карда меорад».

«Парво накунед» гуфтани сарбозон сабаб дорад. Ҳангоми амалиётҳо, ки бештар дар ақибгоҳ ё дар лонаи душман мегузаранд, баъзан аз рўи супориш як-ду аскар барои фиреби назари фашистон қасдан камингоҳи онҳоро тирборон мекунад ва ё худро намоёнда, сипас аз пайроҳаи морпеч ба дили ҷангалзор мегурезад. Табиист, ки дар ин маврид фармондеҳи душман ба таҳлука афтода, дарҳол асабиёна ба таъқибу дастгир ва ё нест кардани савораҳои худсар амр медиҳад. Дастаи савора ҳаминро интизор аст; аз ин лаҳзаи мувофиқ истифода бурда, бо як ҳуҷум истеҳкоми душманро муҳосираю несту нобуд мекунад, афсарону аскаронашонро асир, аслиҳаву лавозимоти зиёди онҳоро ғанимат мегирад. Лек мешавад, ки савораҳои «гуреза» байни ҷангалистони анбўҳ баъзан як – ду шабонарўзро дар ҷустуҷўи бошишгоҳи хеш гузаронида, оқибат меоянд. Шояд Ёрак ҳам… Не, вай ягон супориш нагирифта буд. Вақтҳои охир ў байталашро ба ҷойҳои офтобрўяи байни ҷангал бурда мечаронд. Воқеан, ин асп ташвиши Ёрак – ро дучанд кард. Охир дуҷон будааст. Ва ин, пеш аз ҳама, фармондеҳро ба андеша овард. Ў ба Ёрак амромез гуфт:

Аспи ту минбаъд аз корҳои вазнин озод аст. Эҳтиёт мекунӣ аспро. Фаҳмидӣ? Бояд байтал сиҳату саломат бизояд… Тойча!

Аслан касе намедонист, ки байтал аз кадом диёр ба қисми онҳо омад. Вале ҷонвари бақуввату хушзот бар хилофи айғирҳои гарданшаҳу ёғӣ нарму фармонбардор буд. Ва дар ҳолатҳои пурхатар ё таҳдиди душман бо имо ва маҳмезе бодвор тохта, дар як мижа задан аз аспҳои бузург мегузашт.

Аз ибтидо ин байтал ба чашми Ёрак хуш афтод. Вай ба нигоҳубини ҷонвар машғул шуд ва эълон кард: «беҳтарин асп аст!». Сарбозҳо ба ў писханд заданд; сода набошӣ, байталро аспи беҳтарин мегўӣ. Вале фармондеҳ ҷавонмарди газгўшти болобаланд, чашмони сабзтоби шаффофаш мудом шарарпош, ки ҳамдиёри Ёрак буд, ба гардани байтал тап-тап зада, бо шакарханд гуфт: «Ин Ёрак аспшиноси гузарост, рост мегўяд».

Чун аспҳои қавипайкар дар кашонидани аробаҳои пурсилоҳ байни ботлоқзор оҷиз монда, ба лою об мехобиданд, ҳамин байтал ба имдод мерасид ва онҳоро аз вазъи нобоб мераҳонд. Фармондеҳ он лаҳза байни аспҳои дар сияҳлой ҷулидаву саркашол қадамзанон мегуфт: «Дидед, аспи Ёрак ба мазоҳу тамасхуратон чӣ хел ҷавоб дод. Ҳо, ба чашми кам набинед ҷонваракро. Ана ҳамин хел! Сад аспара ба як аспа кор меафтад, мегўянд».

Аммо ҳафтае боз аз Ёраку аспаш ному нишоне нест. Ҳамяроқон ба ташвиш афтода, чор тарафи бошишгоҳро хеле ҷустанд. «Ноумед нашавед, ба дил гумонҳои бадро роҳ надиҳед, – ба онҳо таскиномез мегуфт фармондеҳ ва андешамандона меафзуд: – Ёраку асп сўзан нестанд, ки ба коми замин фурў раванд. Аз онҳо бояд нишоне ёбем, – ва якбора оташ мегирифт: – Чаро бе рухсат рафтааст? Магар ин беинтизомӣ нест? Албатта барои худсарӣ ҷазо мебинад, о чунон ҷазое, ки …. Ҳм, боз як ташвиши беҳударо ба сари мо овард…»

Вале як бегоҳ, лаҳзае, ки ташти заринтоби хуршед дар домони уфуқи зарандуд, ки ба нўги дарахтони дуродури ҷангал мечаспид ва нурҳои охиринаш сари шохсорон ранги тилогун мемолиданд, аввал шиҳа, сипас овози суми асп ҳуши сарбозону ҷанговаронро ба худ кашид. Посбонон аз рўи эҳтиёт, силоҳҳо ба даст, камин гирифтанд, ҷонварон низ сар бардошта, чашму гўш ба садо доданд. Ҷунбуҷуле оғоз ёфт дар қисм. Охир, сарбозе як ҳафта боз бо аспаш нопадид аст. Кӣ медонад, мабодо Ёрак ба дасти душман асир афтода, ба азобу шиканҷа тоб наоварда, сирри ҳарбиро фош карда бошад, душмани ташнаи интиқом ба сари онҳо чӣ балову фоҷиае меорад. Ана ҳамин хел сарбозон аз рўи ҳикмати «то бад наандешӣ, нек пеш намеояд», ба ҳуҷум омада гаштанд.

Лаҳза ба лаҳза садоҳои по ва ба ҳам бархўрдани шохи дарахтон, фирих-фириху сурфидану шиҳаи изтироболуди асп наздиктар мешуду таппиши дили аскарон бештар. «Хайр, душман агар аз ҷонаш сер шуда бошад, ҳамин хел бебокона меояд, – мегуфтанд дар дил онҳо: – Чунон олиҷаноб пешвозаш гирем, ки рақскунон ҷон диҳад…»

Аввал суроби Ёрак, шинели лулавор печондаву сари китфаш ҳамоил, дар қабза чизеро баланд бардоштаю алвонҷдиҳон, сипас байтал намудор гаштанд. Асп баъди чанд қадам якбора истода, гарданашро камонвор каҷ карда, ба ақиб менигаристу шиҳа мекашид. Сипас шабаҳи навзоде, ки бо гомҳои ноустувор калавида-калавида аз паси ҷонвар меомад, ба чашм расид.

Зоидааст! – нидо карданд сарбозон, ки ҷои хаёлҳои ботилу азиятовар дар дилашон якбора ҳиссиёти шодиву нишот ҳурўшид: – Тойчаро бубинед… Ёрак дар қабза гул дораде!

Ин фоли нек, мўъҷиза аст, – табассум ба лаб осудаҳолона гуфт фармондеҳи газгўшти баландболо: – Ёрак ба мо пайки баҳорро овард… Аҷиб, аҷиб… Худо хоҳад, ин баҳор душманро чунон саркўб мекунем, ки мисли хар дума хода карда чорнаъл гурезад.

– Ҳамон рўзро бубинем, бас аст.

– Мебинем, албатта мебинем! – қадамзанон гуфт фармондеҳ: – Ба шаҳру диёр, назди модар, зану фарзанд, хешу табори худ бо ғалаба бармегардем… Чашми падару модар, хоҳару бародар, духтарҳои нозанин ба роҳи мо чор аст.

Сарбозон орзуҳои ширину бузург ба дил нигоҳи пурмеҳр аз Ёраку асп ва тойчаи нозанин намеканданд. Аспҳо бо ҳар дастур сар бардошта, гўшу хуш шуда бо шиҳаи маҳин байталу тойчаро истиқбол мегирифтанд…

МАНБАЪ: Абдулҳамид САМАД: “Шаҳсутун”. Душанбе, “Адиб”, 2020.

Таҳияи Фарзона РАҲМОНОВА, мутахассиси маркази забони тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ.