Абдурауф Муродӣ дар меҳмонии Китобхонаи миллӣ

Маҳфили адабии «Дар суҳбати адиб» бо иштироки рӯзноманигор, шоир ва нависандаи маъруф, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдурауф Муродӣ рӯзи 8-уми апрел дар фазои гарму самимӣ баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо ҳадафи шиносоии бештари хонандагону наврасон бо эҷодиёти адибони муосир ва бедор намудани завқи китобхонӣ роҳандозӣ шуда, аҳли толорро ба як муҳити илҳомбахш фаро гирифт.
Ровии маҳфил донишҷӯи курси якуми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Нозанини Шуҳрат буда, бо маҳорати суханварӣ ва маълумоти ҷолиб маҳфилро ҳусни оғоз бахшид. Ӯ дар бораи ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Абдурауф Муродӣ мухтасар, вале пурмуҳтаво ибрози назар намуда, таъкид кард, ки адиб аз зумраи шахсиятҳои фаъолу сермаҳсул дар адабиёти муосири тоҷик мебошад.

Зикр гардид, ки Абдурауф Муродӣ 1 апрели соли 1961 дар деҳаи Хоҷапанҷи ноҳияи Панҷакент ба дунё омада, таҳсили худро дар зодгоҳаш оғоз намуда, баъдан Омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент ва факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанберо бо дипломи аъло хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун омӯзгор оғоз намуда, дар баробари ин дар соҳаи рӯзноманигорӣ низ фаъолияти густурда доштааст. Ӯ дар таъсис ва рушди маҷаллаҳои «Дайри муғон» ва «Сомониён» саҳми назаррас гузошта, айни замон ҳамчун ҷонишини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Омӯзгор» фаъолият дорад. Соли 1996 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.
Дар идомаи маҳфил миёни адиб ва хонандагон суҳбати озод баргузор гардид. Хонандагони фаъоли шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон саволҳои гуногун, аз ҷумла дар бораи оғози фаъолияти эҷодӣ, сарчашмаи илҳом, нақшаҳои оянда ва хусусиятҳои осори тозаи нависандаро матраҳ намуданд. Абдурауф Муродӣ бо самимият ба саволҳо посух дода, аз таҷрибаи шахсии худ қиссаҳои ҷолиб нақл кард.

Қисмати муҳими маҳфил ба муаррифии осори адиб бахшида шуд. Аз ҷумла, нависанда доир ба китоби худ «Ҳамосаи китоб» суханронӣ намуда, аҳамияти китоб ва нақши он дар ташаккули маънавияти инсонро шарҳ дод. Ӯ таъкид кард, ки мутолиа омили асосии рушди тафаккур ва ҷаҳонбинии инсон буда, ҷомеаи пешрафта бе фарҳанги китобхонӣ тасаввурнопазир аст.
Ҳамзамон, иштирокдорон бо дигар осори адиб низ ошно шуданд. Абдурауф Муродӣ муаллифи китобҳои зиёде мебошад, ки дар жанрҳои гуногун иншо шудаанд. Аз ҷумла, «Дили гарм», «Мӯйлаб», «Аз нешханд то нӯшханд», «Чошнӣ», «Ману занам» ва силсилаи машҳури «Анори дона–дона» аз асарҳои маъруфи ӯ ба шумор мераванд. Эҷодиёти ӯ махсусан бо услуби ҳаҷвӣ, танқиди иҷтимоӣ ва забони содаю таъсирбахш фарқ мекунад.
Ҷолиби диққат аст, ки адиб дар баробари эҷоди асарҳои бадеӣ, ба корҳои илмӣ ва тарҷума низ машғул буда, як қатор ашъори шоирони ӯзбекзабони Тоҷикистонро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Инчунин, осори ӯ ба забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ низ баргардон ва нашр шудаанд, ки аз фарогирии доираи хонандагони ӯ шаҳодат медиҳад.
Дар анҷоми маҳфил хонандагон таассуроти худро баён намуда, чунин вохӯриҳоро барои рушди завқи мутолиа ва шиносоӣ бо адибони муосир бисёр муҳим арзёбӣ карданд. Бешубҳа, баргузории чунин чорабиниҳо дар баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ ва тарбияи маънавии насли наврас нақши муассир мегузорад.
Хоҳишмандон метавонанд, маҳфили навбатии «Дар суҳбати адиб»-ро рӯзҳои наздик тариқи Телевизиони кӯдакону наврасон «Баҳористон» тамошо кунанд.
Шукронаи ШЕРЗОДА,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.