Бо бачаҳо. Мустафо Шарқӣ: «Чўпон»

ЧўпонМашина пагоҳии барвақт аз деҳа баромада, ба чарогоҳ нисфирўзӣ омадарасид. Бузу гўсфандон дар доманаи кўҳе, дар канори беша мечариданд. Ман қариб як моҳи тамом падарамро надида будам ва ҳоло ҳар куҷо ки раванд, аз пасашон кашола шуда мерафтам.

Падарам ба ман гулҳои даштӣ чида дода, баъд қўшнае тақдим намуданд, ки он аз най сохта шуда буд. Ман як нўги онро ба даҳан бурда пуф кардам, аз вай садое баромад, ки ба мусиқӣ монанд набуд. Он гоҳ падарам қўшнайро гирифта худашон ба навохтан сар карданд. Оҳанги дилбаро ва мафтункунандае ба гирду атроф паҳн шуда рафт, ҳатто бузу гўсфандон сар бардошта ба падарам нигаристанд, онҳо гўё бо ин гуфтанӣ буданд: «Мо кайҳо навохтани туро нигарон будем – давом деҳ, нигаҳбони мо, меҳрубони мо». Полвон бошад (ин саги маллаи калоне буд) дар пеши пои падарам ҳалқа зада хобид ва чашмонаш нимпўш шуданд, гўё аз шунидани ин оҳанги форам ғанабаш омада буд.

Ана дар ҳамин лаҳза баногоҳ бўзу гўсфандон бесаранҷом шуданд, сагон ба ак – ак даромаданд. Полвон ҷаҳида хест ва сўи беша давид. Ман ба он тараф назар кардам. Як хирси сиёҳ гўсфандеро аз гарданаш газида, онро ба тарафи беша кашола карда мебурд. Дар канори беша бошад хирсчае ба замин нишаста, кирдукори хирси калонро тамошо мекард. Ин бачаи ҳамин хирси бадкирдор буд.

Полвон дар як миҷҷа задан ба хирс расида гирифт ва ба талош даромад. Хирс гўсфанди нимҷонро ба замин монда, ба ду пои ақибаш рост истод ва дандонҳояшро гиз намуд. Ҳамин ки Полвон ба вай наздик омада ҳамла карданӣ шуд, хирс бо ғазаб қулоҷ кашида, ба рўи саг зад, чунон саг зад, ки Повони бечора муаллақ хўрда, якпаҳлў ба рўи замин дароз кашид ва винг – вингкунон ба нолиш даромад. Хирс шояд сахт ба хашм омада буд, ки бо ин қаноат накарда, сагро аз паси гарданаш гирифта озод бардошт ва бо тамоми қувват ба замин зад. Ҷоғи Полвон шикаст ва аз даҳонаш хун омад. Вай дигар аз ҷояш хеста наметавонист. Шарикони полвон бошанд, тарсида ба хирс наздик намеомаданд ва аз дур ак – ак мекарданд. Хирс ба онҳо аҳмият надода, гўсфандонро кашола карда ҳамроҳи бачааш ба беша даромада рафт.

Падарам ба ҷоғи Полвон марҳам монданд, вале фоида накард: бегоҳии рўзи дигар ў ҷон дод.

Мо Полвонро дар ҳамин ҷое, ки аз зарби дасти хирс ба замин афтида буд, гўрондем.

–– Саги зўр, ҷасур буд, – гуфтанд падарам, – афсўс, ки милтиқам тир надошт, вагарна хирсро дурустакак ҷазо медодам.

Падарам рамаро ба шариконашон супурда, худашон ҳамрҳи ман ба деҳа омаданд. Дар ин ҷо, дар устохонаи колхоз бо ёрии оҳангарон анбўри ҳалқамонанде сохта, онро ба ду нўги ҷўби дароз мустаҳкам карданд.

–– Анбўри хуб – а? – гуфтанд падарам онро ба ман нишон дода. – Ман худи хирсро парронда, бачаашро ана бо ҳамин анбўр зинда дошта мегирам.

–– Чӣ хел? – пурсидам аз падарам.

–– Баъд мебинӣ, – гуфтанд ва ҳамроҳи ман боз ба рама баргаштанд

Аз байн ду рўз гузашт, лекин аз хирс дараке набуд. Падарам, дар як даст пўстину милтиқ, дар дасти дигар анбўри дастаҳояш дарози чўбин, даруни рама бесаброна гаштугузор мекарданд.

Рўзи сейўм расид. Қарибии нисфирўзӣ буд. Шарики падарам маро нихта карда гуфт:

–– Ана, хирс омад, – ва маро кашолакунон ба паси харсанге бурд. – Натарс, нигоҳ кун!

Ман аз паси харсанг сар бардоштам: «Аҷабо, магар ин хирс аст?» – мехостам гўям, аммо дурусттар назар карда худамро аз ханда ба зўр нигоҳ доштам. Хирс ба чўпонҳо тақлид намуда, аз навдаи дарахтон салла карда ба сараш печонда буд. Дар дасти росташ таёқ, дасти чапашро пасу пеш ҷунбонда калавида – калавида меомад. Ҳамроҳаш хирсча ҳам буд.

Ба тарафи падарам чашм давондам. Он касро аз гўсфандон фарқ кардан душвор буд, зеро алакай ба сарашон пўстинро чаппа кашида, дузону ба замин нишаста буданд.

Хирс торфт ба рама наздик меомад, падарам ҳам сарашонро хам карда, оҳиста – оҳиста пеш мерафтанд. Ҳамин ки хирс таёқашро партофта ба гўсфанде дарафтод, падарам аз милтиқ ду бор тир холӣ карданд. Хирс чаппа шуда ба замин афтод, лекин хирсча чӣ воқеа рўй доданашро нафаҳмида, дам ба падарам ва дам ба модараш, ки дар рўи замин якпаҳлў хобида ҷон медод, ҳаросон менигарист. Падарам дастаҳои анбўрро аз ҳам дур карданд. Анбўр кушода шуд, баъд онро тез ба фуки хирсча дароварда, дастаҳояшро бо ба якдигар ҷафс намуданд. Анбўр маҳкам шуда, фўки хирсчаро сахт фишурд. Падарам анбўрро тоб доданд ва хирсча гўппи карда ба замин афтод. Ду нафар чўпони дигар, ки онҳо ҳам дар наздикии падарам, дар даруни рама пинҳон буданд, давида ба назди падарам омаданд ва фуку пойҳои хирсчаро, ки баробари гўсфанд буд, бо ресмон маҳкам бастанд.

Ман давида назди падарам омадам, ки хандида ба хирсча мегуфтанд:

–– Канӣ, хирсчўпон, аҳволат чӣ хел?

Хирсча ки чашмони лахчамонандаш милт – милт медурахшиданд, ғурунг – ғурунгкунон сар меҷунбонд, гўё бо ин гуфтанӣ буд: « Ҳай, ҳай Ҳамин ҳам кор шуд – у!»

Падарам он хирсчаро ба деҳа оварда, ба Расулмерган ном пирамарди шикорчӣ супурданд. Пирамард хирсчаро ба одам ром кунонда, баъд онро ба боғчаи бачагон тақдим кард. Ҳоло хирсчўпон бо бачагони боғча дўсти қарин буда, дар он ҷо ҳар хел корро ба ҷо меоварад: бо зинапоя ба машина баромада, халтаҳои орду биринҷро пуштора карда мефурорад, бочкаро худаш аз об пур карда, даҳонашро маҳкам мекунад ва то худи ошхона ғелонда мебарад…

Вақте ки бачаҳо ба вай муроҷиат карда, «боз чўпон шуда ба рама медароӣ?» – гўён пурсанд, сар ҷунбонда дасташро мебардорад, яъне: «Не – не. Шумо ҳам аз ин ваҷҳ ба ман гап назанед», – мегўяд.

МАНБАЪ: Мустафо Шарқӣ: “Кабӯтарони сулҳ”. Ҳикояҳо барои бачаҳо. Нашриёти “Ирфон”. Душанбе, соли 1964

Таҳияи Зуҳро Матимова, сардори шуъбаи депозитарӣ