Вил Дюрант: “Лаззоти фалсафа”

Вил ДюрантИн асари машҳурро як пажӯҳише дар саргузашт ва сарнавишти башар меноманд, ки Вилям Ҷеймс Дюрант навиштааст.  Китобро донишманди эронӣ Аббоси Зарёб  тарҷума кардааст ва ба он сарсухани хубе ҳам навиштааст.

“Лаззоти фалсафа” соли 2024 аз ҷониби Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик” дар баргардони Усмоналӣ Камолов аз хатти форсӣ ба сирилик чоп шудааст. Тавре дар муаррифии кутоҳи он мехонем, китоб усули зиндагии башариро дар даврони муосир дар бар мегирад, зеро дар пойбандии илму технологияҳои пешрафта асолати инсонии худро ба боди фаромӯшӣ супурдааст ва маънии зиндагии худро, ки одамият аст, гум кардааст..

ОХИРИН ЁДДОШТИ ШОДАРАВОН ДОКТОР ЗАРЁБ – МУТАРҶИМИ КИТОБ.

Акнун, ки чопи ҷидиди китоби “Лаззоти фалсафа” – и Вил Дюрант бар асари таваҷҷуҳ ва инояти сарпарастони муҳтарами ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ мунташир мегардад, лозим медонам аз дӯстони донишманде, ки дар ин кор пешқадам шуданд ва маро бар он водоштанд, ки дар он таҷдиди назаре аз лиҳози иборат ва истилоҳот ба амал оварам, ташаккур кунам.

Нахуст дӯстони азизи ман оқоён Иброҳими Мукалло ва Ҳурмуз Ҳумоюнпур беҳтарин мушвиқони ман дар ин кор буданд. Баъд оқои Муҳаммадии Ирдиҳолӣ – мудири омили муҳтарам собиқ созмони ин пешниҳоди чопро бо кушодарӯӣ ва сиъаи садр (дарёдилӣ) пазируфтанд ва онро ба инҷо дароварданд.

Оқои Ҳурмуз Ваҳид, ки дар фанни чоп дар мамлакати мо мақоми волое доранд, корҳои чопро зери назари худ гирифтанд. Оқои Ромин Каримиён – ҷавони донишманд бозавқ кори муқобала ва нусхапардозии китобро бо диққати фаровоне ба поён бурдаанд. Дӯстони дигари ман, ки дар ин муассиса кор мекунанд, ҳар кадом ба наҳве дар ин кор маро ёрӣ доданд. Ман аз ҳамаи ин дӯстони азиз самимона ташаккур мекунам ва барои ҳама орзӯи муваффақият дорам. Агар ин кори фарҳангӣ, ки зоҳиран мавриди инояти бисёре аз китобхонони мамлакати мо қарор гирифта аст, аҷре маънавӣ дошта бошад, қисмати умдаи он марҳуни дӯстони мазкур аст.

Аббоси Зарёб

ЁДДОШТЕ ДАР БОРАИ НАВИСАНДАИ КИТОБ

Вил Дюрант ба соли 1885 дар шаҳри НортАдамз воқеъ дар иёлати Масачуссетс мутаваллид шуд. Падар ва модари ӯ канадаии фаронсавизабон буданд. Таҳсилоти ӯ дар мадориси вобаста ба калисои католикии он шаҳр, иёлати Ню –Ҷерсӣ, коллеҷи (иезуит) Ҷерзи – сити ва дар донишгоҳи Колумбия сурат гирифт. Як тобистон ба унвони хабарнигори мубтадӣ барои “Ню-Йоркжурнал” кор кард, вале худро шоистаи ин кор муҳайиҷ наёфт ва ба шуғли ором – тадриси забонҳои лотинӣ ва фаронсавӣ ва инглисӣ ва тадриси ҳандаса дар колеҷи Сетон Ҳол – ( Seton Hall Collegt) дар шаҳри Сауз Оранҷ (South Orange – Орнҷи Ҷанубӣ) воқеъ дар Ню – Ҷерси машғул шуд (аз соли 1907 то соли 1911).

Дар соли 1909 ба мадарасаи динии он ҷо ворид шуд, вале дар соли 1911 ба илале, ки дар китоби “Интиқол” шарҳ додааст, аз он ҷо берун рафт. Аз ин мадрасаи динӣ ба як ҷаҳиш ба ҳалқаи радикалтарин тарафдорони ислоҳот дар Ню– Йорк пайваст ва дар мактаби муосири Ферар мудир ва муаллими “талабаи аввал” гардид (аз соли 1911 то соли 1913) ва ин озмоише буд дар омӯзиш ва парвариш мубтанӣ бар озодӣ.

Дар соли 1912 ба Харҷ Олдан Фриман, ки бо ӯ дӯст шуда ва тавсеаи уфуқи назари ӯро ба уҳда гирифта буд, Аврупоро аз Килоранӣ (Ирландия) то Ялта паймуд. Дар соли 1913 дар Донишгоҳи Колумбия ба таҳсилоти олӣ пардохт ва зери назари Морген ва Колкинз дар зистшиносӣ ва зери назари Вуд Бриҷ ва Дюи дар фалсафа омӯзиш дид.

Дар соли 1917 ба ахзи дараҷаи докторӣ аз Донишгоҳи мазкур ноил шуд ва як сол ба тадриси фалсафа дар он донишгоҳ машғул гардид. Дар соли 1914 дар Калисои Парс-битри воқеъ дар хиёбони чаҳордаҳум, хиёбони дуввуми Ню–Йорк, хитобаҳое дар фалсафа ва адабиёт ва таърихи илму ҳунар эҷод кард ва ин хитобаҳо ӯро барои китоби “Таърихи фалсафа “ омода сохт. Хитобаҳо, ки дар зери унвони мазкур чоп шуд, солҳо аз ҷумлаи китобҳои пурфурӯш гардид ва муаллифу ношири онро дучори ҳайрат кард.

Дар соли 1921 мактаби Либертемплро созмон дод ва онро маркази пешрафтаи омӯзиши ҷавонон кард. Бо муваффақияти китоби “Таъ-рихи фалсафа”, кори тадрисро тарк кард ва дар соли 1927 мутақоид шуд, то тамоми  умри худро вақфи навиштани “Таърихи тамаддун” кунад.

Дар соли 1927 дубора дар Аврупо гардиш кард ва дар соли 1930 барои мутолиа дар бораи Миср ва Ховари Наздик ва Ҳинду Чин ва Ҷопон ба саёҳат дар даври ҷаҳон пардохт ва боз дар соли 1932 ба даври кура гардиш кард ва аз Ҷопон ва Корея ва Манҷурия ва Сибир ва Русия дидан кард. Пас аз 7 соли саъю таҳқиқ дар соли 1935 китоби “Мероси шарқии мо”–ро, ки нахустин ҷилди “Таърихи тамаддун” аст, мунташир кард. Дюрант, ки дар солҳои 1912 ва 1927 ва 1930 Юнон ва Италияро дида буд, боз дар соли 1936 ба он кишварҳо сафар кард ва ба маълумоте, ки дар сояи тарбияти сахти иезуитҳо дар забонҳо ва адабиёти қадим ба даст оварда буд,  маълумоти дасти аввал изофа кард. Дар соли 1939 “Юнони Бостон” ва дар соли 1944 “Қайсар ва Масеҳ”–ро мунташир кард. Дар соли 1948 6 моҳ дар Аврупо ва Ховари Наздик ва Ховари Миёна гузаронид ва дар Амкана ва Бақоъ “Масеҳият ва  исломи қуруни вусто аз Эдинбург то Шероз” мутолеа кард ва дар соли 1950 китоби “Асри имон”–ро, ки таърихи тамаддуни қуруни вусто–масеҳият ва ислом ва яҳуд–аз асри Қустантин то Данте аст, мунташир сохт.

Дар соли 1951 ҳафт моҳ дар Фаронса ва Италия гузаронид ва тақрибан дар боби тамоми саҳнаҳо ва ҳунарҳои машҳур дар китоби “Ренесанс”, ки панҷумин ҷилди “Таърихи тамаддун” аст ва бояд дар поизи 1953 чоп шавад, таҳқиқ кард. Ӯ акнун (1953) машғули таълифи шашумин ҷилди китоби хеш аст ва умедвор аст, ки онро дар соли 1958 зери унвони “Ислоҳи дин” чоп кунад. Агар умр ва саломати ӯ иҷоза диҳад, мехоҳад кори худро дар соли 1963 бо итмоми китоби “Оғози асари хирад”, ки то таърихи қарни нуздаҳум аст, поён диҳад.

Китоби феълӣ, ки ибтидо дар соли 1929 зери унвони “Кохҳои фалсафа” чоп шудааст, назариёти хосси худи Вил Дюрант дар бораи масоили асосии зиндагӣ ва сарнавишти инсон аст. Унвони ҷадиди “Лаззоти фалсафа”–ро ноширон пешниҳод кардаанд. Онон бо хондани дубораи ин китоб аз лаззати мусалламе, ки муаллиф дар фалсафа дарёфта аст, ба шигифтӣ афтоданд ва мутмаин шуданд, ки хонандагон низ ба зудӣ дар ин лаззат саҳим хоҳанд шуд.

ИН АСАРҲО МАРБУТ БА ӮЯНД: “Фалсафа ва масоили иҷтимоӣ” (1917), “Таърихи фалсафа” (1917), “Таърихи фалсафа” (1926), “Тарҷума” (1927), ”Манзилҳои фалсафа” (1929), “Парванда барои Ҳинд” (1930), “Саргузаштҳо дар Генуя” (1931), “Лаззоти фалсафа” (1953), “Дарсҳои таърих” (1968), “Тафсири зиндагӣ” (1970), ”Таърихи тамаддун” (1935-1975), “Зиндагиномаи дугона” (1977), “Бузургтарин ақлҳо ва ғояҳои ҳама даврузамон” (2002) ва ғайраҳо.

МАНБАЪ: Вил Дюрант: “Лаззоти фалсафа”. Душанбе 2024.
Хоҳишмандон метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Зебонисо Ризоева,
мутахассиси шуъбаи хизматрасонӣ
ба истифодабарандагон.