Аз Мавлоно Наҷотии Гелонӣ бихонем
Аз шуарои замони шоҳ Аббоси мозии Сафавӣ буда ва соҳиби маснавии «Нозу ниёз» аст. Агарчи роқими ҳуруф, чунончи дар дебочаи ин авроқ ишора ба он намуда, ки тарки нақли абёти маснавиёти машҳураи шуаро кардааст, лекин чун ин маснавӣ аз маснавиёти машҳура набуд ва аз Мавлоно Наҷотӣ шеъри дигар ба даст наёмад, лобуд қитъае аз қитаоти он маснавӣ, ки ба унвони масал вуқўъ ёфта буд, ба зарурат таҳрир намуд ва он ин аст:
Гашт зи таъсири ҳаво талхком,
Шўри араб, Лайлии ширинкалом.
З-оташи таб ёфт узораш газанд,
Холи рухаш рехт ба оташ сипанд.
Гашт шафақгуна узораш зи таб,
Пурдури табхола шудаш дурҷи лаб.
Луҷҷаи эъҷози вай омад ба ҷўш,
Маъдани ёқут шудаш дурфурўш.
Бар варақи нуқра тило кард ҳал,
Гашт ба зар сафҳаи симаш бадал.
Дошт иёри зари ў бими шак,
Сайрафии хол задаш бар маҳак.
Даст чу оварда ба набзи сақим,
Кард ишорат суйи қасдаш ҳаким.
Дида чу фассод, тарозуш кард,
Риштаи ҷон бастаи бозуш кард.
Ништаре овард пас устоди кор,
Бар сари хунрез чу мижгони ёр.
Чун сари ништар раги ў баргушуд,
Шўъла намоён шуду бархост дуд.
Лек аз он ҷо, ки зи айни видод
Ҳаст миёни дилу ҷон иттиҳод.
Буд дар он воқеаи пуртааб
Бар тарафи бодия Маҷнун ба таб.
Дар таби ғам сабру тасаллиш на,
Огаҳие аз таби Лайлиш на.
То ки зи ишбоҳи дуӣ гашт фард,
Ништари ишқаш сари раг боз кард.
Шуд чу нависандаи лавҳ он қалам,
Сурати Лайлӣ ҳама ҷо шуд рақам.
Аз китоби Волаи Доғистонӣ “Риёз-уш-шуаро”. Қисми 4. Душанбе, “Паёми ошно”, соли 2019
Таҳияи Уғул Бобораҳимова,
мутахассиси шуъбаи кўдакон ва наврасон.