Академик Евгений Бертелс: Адабиёти нимаи нахустини садаи ёздаҳуми тарсоӣ. Бахши 2

Евгений БертелсАдабиёти порсии дарӣ, ки ҳастии пурдурахши худро дар рўзгори Сомониён оғоз карда буд, дар ин ду сарзамин ба равиши хеш идома дод. Аммо агар огоҳии мо аз адабиёти давраи Fазнавӣ, рўи бад нест, дар баробари адабиёте, ки дар хиттаҳои зери фармони Қарахониён буд, бояд ёдовар шавем, ки бахши ночизе аз он то ба рўзгори мо расида, ки ҳанўз наметавон аз рўи он дидмоне равшан дар борааш пайдо кард. Халифа ал-Қодир, ки сахт аз ин қонун пайравӣ мекард, ки панҷа дар панҷаи зўрмандон наяндозад, дар зулқаъдаи соли 389 ҳиҷрӣ (октябри 999), Маҳмудро фармонравои «бар ҳақ»-и ҳамаи вилоятҳои зери фармони Султон шинохта буд.

Бунёди бузурги неруи ҷангии Маҳмуд, ҳамоно сарбозони размӣ буд, ки созмони бисёр хубе доштанд. Ба гуфтаи Гардезӣ, ғуломони Маҳмуд дар оғоз ба саркашӣ ва нофармонӣ гироиш доштанд. Ва ҳар гоҳе ба Сомониён мегаравиданд, аммо сипас ин падида камтар ва камтар шуд ва Маҳмуд абзоре бисёр хуб дар даст дошт, ки ба ёрии он чунон чобуку чолок бар душманони хеш тохта, ононро дарҳам мешикаст, ки ҳамаи ҳамдавронҳояшро ангушт ба дандон ва шигифтзада мекард.

Султон Маҳмуд, пас аз нахустин пирўзии бузург, бар Чипол, фармонравоии Ҳинд (муҳаррами соли 399-и ҳиҷрӣ, 27-ноябри 1001), ки ҳамаи чакомасароёни ғазнавиён онро чун диловарии бузург тараннум кардаанд. Чакомасароён дар осори худ ёд кардаанд, ки Маҳмуд ҳафдаҳ бори дигар ба Ҳинд юриш бурд. Fазавот, вайрон кардани бутхонаҳо ва густариши ислом, дастовезе барои ҳамаи ин лашкаркашиҳо буд. Маҳмуд аз ҳар роҳе, ки метавонист, мекўшид дар миёни тўдаҳои мардум ин пиндорро падид оварад, ки ў пайкоргари некхоҳ дар роҳи дин аст. Беҳуда набуд, ки пас аз тасарруфи маъбади Тонисар ва бурдани бути Чакросавм, ки мардуми бумӣ онро ситоиш мекарданд, фармон дод ин пайкараи ғулосоро дар канори дарвозаи кохи Fазнин бигзоранд. Андешаи ин кор бисёр сода буд, анбуҳи мардуми кунҷков барои тамошои ин бағоният, ки ба хок кашида шудааст, гирд меоянд ва сипас, ин овоза дар ҳама ҷаҳон сайр мекунад, ки чӣ гуна Султон, беамон бо бутпарастӣ пайкор мекунад.

Қарахонӣ пас аз кушта шудани Исмоил содаандешона бар он шуд, ки аз набудани Султон, ки дар ин ҳангом дар шимоли Ҳинд буд, баҳра гирад. Аммо Маҳмуд чолокии хешро дар задани зарбаи тундаросо, дар соли 1006 – и тарсоӣ бо дурахшандагӣ ба намоиш гузошта буд. Дар оғоз менамуд, ки шодкомӣ бар лашкариёни Қарахонӣ лабханд зада бошад. Бузургони Хуросон, ки хироҷи паёпайи Маҳмуд ононро ба хоки сиёҳ менишонид, ба ў ваъдаи ёрӣ дода буданд. Аммо ҳамин ки хабари тохту този инон ба Маҳмуд расид, бо неруи бузурги худ бо шитоб баргашт ва чунон саҳмгинона ба сипоҳи Қарахонӣ зарба зад, ки онон сар аз по ношинохта пой ба фирор ниҳоданд. Бозмондаҳои урдуи Қарахонӣ, ки мешитобид аз Омударё бигзарад, ба шино оғоз карданд ва бисёре аз сипоҳиён, дар рўди хурўшон ғарқ шуданд. Лекин ин дарси омўзанда ва сахт, ҳанўз барои Қарахонӣ басанда набуд, ў дар соли 1007-и тарсоӣ, дубора ба қаламрави Fазнавӣ тохт ва шаҳри Балхро ба даст овард. Аммо ин бор ҳам сипоҳи Қарахонӣ, пас аз шикасте, ки дар 22 рабеуссонӣ, соли 398 (6 уми январи соли 1008) аз Маҳмуд хўрд, ба ночор бо нангу сарафгандагӣ гурехт. Қарахонӣ, дигар дилу заҳраи он наёфт, ки ба марзҳои қаламрави Маҳмуд битозад ва дар соли 418-и ҳиҷрӣ (1025-26-и тарсоӣ) Маҳмуд, ҳатто дидори оштиҷўёна бо «хони бузург», Юсуфхони Қадархон дошт. Дар ин дидор, Қарахонӣ аз шукўҳ ва дороии кохи Fазнавӣ чунон моту саросема шуда буд, ки аз ёд бурд санги бузурги гаронбаҳоеро, ки барои ҳадя ба Маҳмуд омода карда буд, ба ў бидиҳад.

Лашкаркашиҳои Маҳмуд пеш аз ҳама барои густариши паҳнаи фармонравоиаш буд. Ҳар бор, пас аз бозгашт шаҳристонҳое буданд, ки ба дасташ меафтоданд. Беҳуда набуд, ки Маҳмуд ба бутхонаҳои пуровоза чун Тонясир ва Суманот менигарист. Ин ду буткада зиёратгоҳи бешумори мардум буд, ки дороии бешуморе аз раҳгузари назру қурбониҳо дар он гирд меомад. Маҳмуд бадаш намеомад, ки пайваста, паҳнаи зери фармонашро густариш диҳад, аммо на аз ҳисоби замини бутпарастон, балки дар наздикии сарзаминҳои худаш.

Ў дар соли 206-и ҳиҷрӣ (1015-16-и тарсоӣ), хоҳарашро ба Хоразмшоҳ, Абулаббоси Маъмун ба занӣ дод ва вобаста ба ин, аз вай хост, ки дар масҷидҳо хутба ба номаш кунанд, яъне Хоразмро зери фармони расмии Fазнавиён бидонанд. Хоразмшоҳ, ки аз таҳдидҳои саҳмгини Маҳмуд тарсида буд, мехост, ки хости Султонро анҷом диҳад, аммо дар ҳамин ҳангом сипоҳи Маъмун сар ба шўриш бардошт ва ў кушта шуд. Маҳмуд он чиро, ки мехост ба даст овард, ў тавонист ба дастовези «қонуни», барқарории назм ба Хоразм лашкар бикашад. Сипоҳиёни Хоразм, наздики ҳазор асб торумор шуданд ва панҷуми сафари соли 408-и ҳиҷрӣ (3 уми январи соли 1017) Маҳмуд Хоразмро ба даст овард ва намояндаи хеш Олтунтошро дар он ҷо бар тахт нишонид. Дар моҳи шавволи соли 417-и ҳиҷрӣ (ноябр-декабри соли 1027), Маҳмуд фармони халифаро, ки дар он фармонравоӣ бар Ҳинд, Систон, Хоразм ба ў дода шуда буд гирифт ва яке аз нерумандтарин ва доротарин фармонравоёни рўзгори хеш гашт. Аммо сиёсати Маҳмуд ба нобудии давлате, ки ў падид оварда буд, анҷомид. Сабаби асосии фалокате, ки дар роҳ буд, ҳамоно бехонумонии ҳаросноки заминдорону кишоварзони паҳнаи зери фармони ў буд. Бо он ки аз Ҳинд дороии саршори афсонаомезе меоварданд, мардум танҳо аз дур метавонистанд тамошогарони он бошанд. Ин навиштаи Байҳақӣ бахубӣ менамоёнад, ки чӣ гуна дар рўзгори Маҳмуд, Хуросонро ғорат кардаанд:

«Ва савуми моҳи Рамазон ҳадяҳо, ки соҳибдевони Хуросон сохта буд, пеш оварданд пансад ҳамли ҳадяҳо, ки Ҳасанакродида будам, ки бар он ҷумла оварди Амир Маҳмудро он сол к-аз Ҳаҷ боз омад в-аз Нишобур ба Балх расид. Ва чандон ҷомаву тароифи зарринаву симина ва ғулому канизак ва мушку кофуру иноб ва марвориду махфурӣ ва қоливу кўш ва аснофи неъмат буд, дар ин ҳадяи Сурӣ, ки Амиру ҳамаи ҳозирон ба тааҷҷуб монданд, ки аз ҳамаи шаҳрҳои Хуросон ва Бағдоду Рай ва Ҷиболу Гургон ва Табаристон нодиртарин чизҳо ба даст оварда буд. Хўрданиҳову шаробҳо дархўри ину он чӣ зари нақд буд, дар кисаҳои ҳарири сурх ва сабз ва сим дар кисаҳои зарди дидорӣ. В-аз Бумансури Мастурӣ шунидам ва ў он амин буд, ки мўй дар кори ў натавонисти хазид ва нафси бузург ва ройе равшан дошт. Гуфт: «нек чокарест, ин Сурӣ, агар моро чунин ду се чокари дигар будӣ, бисёр фоида ҳосил шудӣ». Гуфтам, «ҳамчунон аст» ва заҳра надоштам гуфтаме «аз раиёи Хуросон бояд пурсид, ки ба д-ишон чанд ранҷ расонида бошад. Ба шарифу вазеъ, то чунин ҳадя омада шудааст ва фардо рўз пайдо ояд, ки оқибати ин кор чӣ гуна шавад». Ва рост ҳамчунон буд, ки Бумансур гуфт, ки Сурӣ марде золим буд. Чун дасти ўро гушода карданд бар Хуросон аъёну руасоро барканд ва молҳои беандоза ситуд ва номаҳое набиштанд ба Мовароуннаҳр ва расулон фиристоданд ва ба аъёни туркон бинолиданд, то ишон ағро карданд туркманонро ва зуъфо низ ба эзад аз зикри ҳоли хешро бардоштанд ва аммо мунҳиёнро заҳра набуд, ки ҳоли Суриро ба ростии инҳо кардандӣ менигарист, то Хуросон ба ҳақиқат дар сари зулму дароздастии вай бошад».

Кишваре варшикаста роҳзане қазвинӣ ёфта буд ва ғазнавиён ҳушёрона муроқиб буданд, ки мардуми бумӣ, кишоварзон ва шаҳрнишинон абзори разм надошта бошанд ва танҳо сипоҳи Султон ҳамаи амалиёти низомиро анҷом диҳад. Кор ба он ҷо кашид, ки Маҳмуд ҳатто кўшиши мардумро барои дифоъ аз ин ё аз он шаҳр ба ҳангоми ҳамлаи душман, табаҳкорӣ бармешумурд. Ба пиндори ў, мардум мебоист ба сарнавишти худ тан дода, оромона чашм ба роҳ бошанд то Султони «раҳоибахш» биёяд. Байҳақӣ дар бораи ин сиёсати Fазнавиён суханони зебо дорад.

«Бад-он вақт, ки аз Бухоро лашкарҳои Элак (Қарахонӣ. – Е. Б.) бо Субошитегин биёмад ва мардумони Балх бо ишон ҷанг карданд, то вай куштану ғорат кардан кард ва мардумони Нишобур ин накарданд. Чун Амир Маҳмуд раҳматуллоҳ алайҳ аз Мултон ба Fазнин омад ва муддате бибуд ва корҳо бисохт ва рўй ба Хуросон овард. Чун ба Балх расид Бозори ошиқонро, ки ба фармони ў бароварда буданд, сўхта дид, бо Балхиён итоб кард ва гуфт: «Мардумони раиятро ба ҷанг кардан чӣ кор бошад? Лоҷарм шаҳристон вайрон шуд ва мустағло бар ин бузургӣ аз они ман бисўхтанд. Товони ин аз шумо хоста ояд. Мо аз он даргузоштем, нигаред то пас аз ин чунин накунед, ки ҳар подшоҳе, ки қавитар бошад ва аз шумо хироҷ хоҳад ва шуморо нигоҳ дорад, хироҷ бибояд дод ва худро нигоҳ дошт. Ва чаро ба мардумони Нишобур ва шаҳрҳои дигар нигоҳ накардед, ки ба тоати беш рафтанд ва савоб он буд, ки ишон карданд то ғорате наяфтод. Ва чаро ба шаҳрҳои дигар нигоҳ накардед, ки хироҷе аз ишон беш нахостанд, ки онро (яъне зиёне, ки аз ғорату тороҷ расидааст – Е. Б.) маҳсуб карда ояд».

Омадани салҷуқиҳо ба Хуросон нобудии императории Маҳмудро тундтар кард. Бино ба хоҳиши инон Султон ба чаҳор ҳазор ҷонвор аз онон иҷоза дод, ки аз Омударё гузашта, дар даштҳои наздики Сарахс, Фарова ва Бовард зиндагӣ кунанд. Амири Тўс, Арслони Ҷазоб ба Маҳмуд гўшзад кард, ки ин кор бо эҳтиёт ҳамроҳ набудааст, лекин ў намехост сухане бишнавад. Аммо дар нимаи соли 1028-и тарсоӣ аз Нисо ва дигар шаҳрҳои Кавпатдоғ шикоятҳои мардум аз корҳои хилофи салҷуқиҳо оғоз шуд.

Матни комили ин матлаби ҷолиб ва таҳлили олимонаи устод  Евгений Бертелсро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ аз китоби ӯ “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ” бихонед.

Китоби мазкур аз сислсилаи “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун) аз ҷониби Китобхонаи миллӣ соли 2025  зери назари академик Носирҷон Салимӣ интишор ёфтааст. Китобро Сируси Эзадӣ ба форсӣ баргардон кардааст.

Таҳияи Маҳинбонуи Ҷамолиддин
Маркази “Тоҷикшиносӣ”.