АНОНС: Ҳамоиши фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

ҳифзи кӯдаконКитобхонаи миллӣ бахшида ба “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” ҳамоиши фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор менамояд.

Ҳамоиш бо ташаббуси шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд дар ҳамбастагӣ бо хайрхоҳони ватанӣ омода гашта, дар он иштироки роҳбарияти Китобхона, шахсони хайрхоҳ ва кормандони Китобхонаи миллӣ дар назар аст.

Ҳамчунин барномаи хуби фароғатӣ аз тарафи ҳунармандон пешбинӣ шудааст.

Рӯзи баргузорӣ: 29-уми майи соли 2026

Замони баргузорӣ: соати 14:00

Макони баргузорӣ: Китобхонаи миллӣ (ошёнаи сеюм)

Вуруд озод.