Нақши дипломатия дар ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон
Дар ҷаҳони муосир масъалаи ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон яке аз масъалаҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Кӯдакон ояндаи ҳар як миллат ва давлат мебошанд. Аз ин рӯ, таъмини зиндагии шоиста, таҳсил, тарбия ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо вазифаи муҳими ҷомеа ва давлат аст. Дар ин самт дипломатия ҳамчун воситаи муҳимми ҳамкории байналмилалӣ нақши калон мебозад. Маҳз тавассути дипломатия давлатҳо метавонанд барои ҳалли мушкилоти вобаста ба кӯдакон ҳамкорӣ намуда, санадҳои байналмилалӣ қабул намоянд.
Дипломатия маҷмӯи муносибатҳо ва фаъолияти расмии байни давлатҳо мебошад, ки барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, рушди ҳамкорӣ ва ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ истифода мешавад. Дипломатия ба давлатҳо имкон медиҳад, ки масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва гуманитариро бо роҳи гуфтушунид ва ҳамкорӣ ҳал намоянд.
Имрӯз дипломатия на танҳо ба масъалаҳои сиёсӣ, балки ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, махсусан ҳуқуқи кӯдакон низ диққати ҷиддӣ медиҳад.
Нақши дипломатия дар ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон
Қабули санадҳои байналмилалӣ мебошад.
Бо шарофати ҳамкории дипломатӣ давлатҳо тавонистанд санадҳои муҳими байналмилалиро қабул намоянд, ки ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон равона шудаанд
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон аҳамияти зиёд медиҳад. Давлат ба конвенсияҳои байналмилалӣ ҳамроҳ шуда, қонунҳо ва барномаҳои махсусро қабул намудааст. Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди маориф, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии кӯдакон тадбирҳои муҳим амалӣ менамояд. Ҳамчунин, ҳамкории Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии кӯдакон ва таъмини ҳуқуқҳои онҳо нақши муҳим дорад.
Нақши Китобхонаи миллӣ дар рушди кӯдакон хеле зиёд аст.
Дар баробари фаъолияти ташкилотҳои байналмилалӣ, Китобхонаи миллӣ низ дар тарбия ва маърифатнокии кӯдакон ва наврасон саҳми арзанда мегузорад. Дар китобхона шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон фаъолият мекунад, ки барои баланд бардоштани маънавиёт, дониш ва ҷаҳонбинии насли наврас мусоидат менамояд.
Дар фонди шуъба 6828 нусха китоб мавҷуд буда, аз ин шумора 4923 нусха ба забони тоҷикӣ, 1755 нусха ба забони русӣ ва 146 адад ба забони англисӣ мебошанд.
Дар соли 2025 6699 хонанда ба толори хониши ин шуъба ворид шуда, 26039 китоб дархост кардаанд. Ин омор далели таваҷҷуҳи зиёди хонандагон наврас ба китобу китобхонӣ ва нақши муҳими китобхона дар рушди фарҳангӣ ва маънавии кӯдакон мебошад.
Ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон масъулияти тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, танҳо тавассути ҳамкорӣ ва сулҳ метавон ояндаи дурахшони насли наврасро таъмин намуд. Дар ин раванд муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла Китобхонаи миллии Тоҷикистон низ саҳми назаррас доранд.
Акрамова Шаҳнавоз,
мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ