Омодагии муассисаҳои омӯзишӣ ба Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат”

Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллатМутобиқи супориши Роҳбарияти Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ –и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи кории Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Медиатека  бо мақсади шинос шудан бо вазъи омодагии довталабон ба Озмуни ҷумҳуриявии  “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат”  ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии Ҷумҳуриявӣ, Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон рафтанд.

Зимни суҳбат бо мутахассиси раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон маълум шуд, ки дар ин муассиса Озмуни “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” дар сатҳи баланд баргузор гардида, аз 40 нафар иштирокчиёни озмун 3 нафар ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Кормандони Медиатека Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо дар бораи супоридани ҳуҷҷатҳо, намуна ва муҳлати ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои лозимӣ маслиҳат доданд.

Ҳамчунон кормандони Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо муовини ректор оид ба илм ва инноватсия  Сайидзароб Нодирзода ҳамсуҳбат шуданд. Маълум шуд ки дар Донишкада донишҷуён бо як шавқи беандоза ба Асарҳои Пешвои миллат 17 нафар дар Озмун иштирок  карда, 3 нафарашон барои даври ниҳоӣ роҳ ёфтаанд. Донишҷуён ҳамарӯза барои хондан ва аз худ кардани асарҳои Пешвои миллат ба Китобхонаи миллӣ ворид шуда, китобҳоро мутолиа менамоянд. Инчунин дар Донишкадаашон низ барои онҳо шароит муҳаё шудааст.

Зимни суҳбат сардори раёсати илм, корҳои методӣ ва робитаҳои байналмилалии МДТ Коллеҷи тибии Ҷумҳуриявӣ Хуршеда Раҳимова гуфт, ки назар ба дигар Муассисаҳо ин Муассиса хеле фаъолтару ҷиддитар буда, 120 нафар дар даври аввали озмун иштирок намуданд.

Маҳмадсаид Ғафуров, сардори Раёсати тарбияи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷи Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода  иброз дошт, ки имсол назар ба солҳои пештара донишҷуён фаъолтар буда, ҳамаи китобҳо вобаста ба талаботи Озмун дастрас мебошанд. Даври аввали озмун дар Донишгоҳ хеле шафоф гузаронида шудасту беҳтаринҳояшон ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Омӯзгорони таърихшинос бо иштирокчиён ҳамарӯза кор мекунанд.

Маврид ба ёдоварист, ки Озмун барои рўй овардан ба ҳувияти миллӣ, зиракии сиёсӣ, худшиносию меҳанпарастӣ ва дар маҷмуъ эҳтирому шукргузорӣ аз истиқлоли сиёсӣ ва ба ин васила ҷалби ҷавонон ба омўзиши осори пурғановати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми назарраси ин шахсияти шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ дар бунёди давлати навини тоҷикон, пайгирии сиёсати хирадмандона ва ташаббусҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшудаи ў, ваҳдатофаринӣ, инсондўстӣ ва дигар паҳлуҳои фаъолияти роҳбарии Пешвои миллат дар самти якпорчагии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар нақши созгор хоҳад дошт.

Марзия Зардодхонова,
Зебонисо Давлатова,
кормандони Медиатека
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон